Қабули сайёри раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён

№ 08.02.2023

Чанде пеш иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид нахустин қабули сайёри шаҳрвандонро дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён баргузор кард. Зимни қабули сайёр 16 сокини ноҳия ба раиси вилоят муроҷиат карданд.

Сокинони ноҳия Абдулло Каримов ва Бозорбой Маҳмуродов ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди бунгоҳи тиббӣ, Собирҷон Ғозиев барои таъмири кӯпрук, Ҷӯрақул Алиев барои дастрас намудани трансформатор ва кашидани хати баландшиддати барқ, Маҳмадраҳим Саидов барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ, Шаҳло Мирзоева барои кашидани хати корез, омӯзгорон Сафарбии Убайдулло ва Гулбадаст Қувватова барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, Мунаввара Тӯрақулова барои дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ, Рӯзигул Одинаева барои бунёди синфхонаҳои иловагӣ, Саид Салоҳов барои дастрас кардани техника барои насби трансформатор, Нарзигул Асламова — модари чор фарзанди маъюб барои кумаки моддӣ ба раиси вилоят муроҷиат карданд.

Инчунин, соҳибкор Розигул Самадова ба раиси вилоят гуфт, ки мехоҳад 20 ҳазор сомонии барои сафари ҳаҷ ҷамъкардаашро ба кори хайр сарф кунад.

Раиси вилоят саҳмгузории сокинони ноҳияро дар ободонию бунёдкорӣ дастгирӣ карда, ба масъулони сохторҳои дахлдори вилоятию ноҳиявӣ ҷиҳати ҳаллу фасли арзу муроҷиати сокинон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Раиси вилоят зикр кард, ки баррасии бетаъхири арзу муроҷиати шаҳрвандон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва дастгирии иҷтимоии сокинон аз ҷумлаи масъулияти мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

 «Садои мардум»