Чанде пеш дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади якҷояи кормандони Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллозода оид ба нақши назарраси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои алоҳидаи он дар пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ суханронӣ намуд. Инчунин вобаста ба Паёми Президент, раиси Шӯрои адлия Азиззода Зафар Нусрат, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Мансуров, раиси суди шаҳри Душанбе Ҳасан Шарофов ва дигарон суханронӣ намуданд.
Омӯзиши масъалаҳои дар Паём дарҷёфта шаҳодат медиҳанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар муҳлати кӯтоҳ самти пешбарии давлатдорӣ ва ояндаи онро бо муайян кардани тарзи муносибатҳои ҷамъиятӣ роҳандозӣ намояд ва дар ин замина 20 сол муқаддам дар раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Сарқонуни Тоҷикистони соҳибихтиёр қабул гардид, ки амалӣ гаштани муқаррароти он дастовардҳои назаррас ба бор овард.
Вобаста ба ин, дар Паём нақши Конститутсияи даврони навини давлатдории тоҷикон, дар ташаккул ва рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар мамлакат таъкид гардида, арҷгузорӣ намудан ба ин санади тақдирсоз, ки эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро муайян намудааст, қайд карда шуд.
Воқеан, Қонуни асосии мамлакат, ҳамчун замина ва манбаи таъсис ёфтани мақомоти давлатӣ ва муайянкунандаи фаъолияти онҳо, кафолати арзиши олӣ эътироф гаштани ҳаёт, қадр, номус, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, танзимкунандаи муносибатҳои дохилӣ ва хориҷӣ, тӯли 20 соли амалӣ шуданаш, рисолати худро ҳамчун бахтномаи миллат собит намуда, аҳолии кишварро ба ояндаи дурахшон роҳнамоӣ мекунад.
Маҳз дар натиҷаи амалӣ гаштани муқаррароти конститутсионии фаъолияти озодонаи муносибатҳои иқтисодӣ Барнома ва Стратегияҳои давлатӣ бобати беҳтар гардонидани сатҳи зиндагонии аҳолии мамлакат ва ба ҳамин монанд дигар тадбирҳо, имконият фароҳам гардид, ки танҳо дар ҳафт соли гузашта Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ якуним баробар ва даромади пулии аҳолӣ 1,7 баробар зиёд шуда, ҳаҷми хароҷот барои соҳаҳои илм ва маориф, тандурустиву дигар соҳаҳои иҷтимоӣ 23 миллиард сомониро ташкил дода, 35 фоиз зиёд шудааст. Дар баробари ин дар назар аст, ки дар ҳафт соли оянда барои ин соҳаҳо 70 миллиард сомонӣ сарф мешавад.
Зиндагонии аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда, пасандози бонкии онҳо дар чор соли охир 3,2 баробар афзун гашта, соли гузашта ба 4 миллиард сомонӣ баробар, сатҳи камбизоатӣ бошад, аз 38,3 фоиз то 35,6 фоиз кам шуд ва тибқи пешбиниҳо, ин нишондиҳанда то соли 2015 ба 30 фоиз расонида хоҳад шуд.
Давоми соли ҷорӣ ба истифода додани 150 корхонаи нави саноатӣ ба нақша гирифта шуда, 250 ҳазор ҷойи нави кор ташкил ва аҳолии мамлакат дар дохили кишвар ба кор таъмин мегардад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ноил шудан ба чунин дастовардҳои назаррас ба фаъолияти мақомоти судии кишвар низ алоқамандии бевосита дорад, зеро маҳз бархӯрдор будан аз кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ, ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки ба зиндагӣ ва фаъолияти дилхоҳи озодонаи барои ҷомеа манфиатовар машғул шуда, барои омода намудани шароити арзандаи зиндагӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат саҳмгузор бошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти аҳамияти бузурги нақши мақомоти судӣ дар самти мустаҳакам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, ба фаъолияти мақомоти судӣ диққати махсус медиҳанд. Шаҳодати ин далелҳо он аст, ки тайи солҳои охир аз ҷониби Сарвари давлат силсилаи санадҳое қабул карда шуданд, ки онҳо, пеш аз ҳама, ба мустаҳакам намудани фаъолияти мақомоти судӣ ва таъмини мустақилияти судяҳо нигаронида шудаанд. Далели равшани ин гуфтаҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 таҳти № 271 «Дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи исолоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ, ҷиҳати дар низоми судии кишвар ташкил намудани ниҳоди нав- «коромӯз-судя», ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд, ки тибқи онҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи коромӯз- судя» аз 22 июли соли 2008 таҳти № 495 ва Низомнома «Дар бораи коромӯз- судя» қабул карда шуданд, ки онҳо тамоми паҳлуҳои ин ниҳоди нави ҳуқуқиро танзим менамоянд.
Бо назардошти ин воқеият бори дуввум Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 таҳти № 976 «Дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» ба табъ расид.
Бо назардошти нақши муҳими фаъолияти ҳокимияти судӣ дар риоя ва таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар Паёми навбатӣ Роҳбари давлат чунин таъкид доштанд: «Ҳокимияти судӣ минбаъд низ такмил меёбад ва ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ идома дода шуда, барои эҷоди заминаи ҳуқуқии ин ҳадафҳо қонунҳои зарурӣ таҳия ва қабул карда мешаванд». Аз ин рӯ, бо мақсади рушди низоми судии кишвар, баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо, нақш ва мавқеи суд дар таъмини воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ҳоло барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои се соли оянда таҳия шуда истодааст.
Аз ин рӯ, Сарвари давлат зарур шумориданд, ки барномаи зикршуда то охири соли ҷорӣ ба Президенти кишвар пешниҳод карда шавад.
Мавриди зикр аст, ки кормандони мақомоти судии мамлакат, аз ҷумла мо ҷавонон, ки таваҷҷуҳи Сарвари давлат бештар аст, ҷавобан ба он кӯшиш менамоем, ки вазифаҳои хизматии худро бо масъулияти баланди касбӣ ба ҷо орем, то дар ҷомеа адолати судӣ таъмин бошад.
Тавре Сарвари давлат таъкид намуданд, Конститутсияи мо дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътирофшударо таҷассум намуда, баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон дошт.
Маҳз бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ мо имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошта, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳифз менамоем.
Манучеҳр МИРЗОЗОДА, коромӯз-судя