Ҳадафи ҶДРФТ тарғиби сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат аст

№ 25.02.2025

Ҷаласаи ҳисоботии Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) баргузор гардид.

Раиси ҷамъият Сайдулло Хайруллоев  зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз намуд, ки ҶДРФТ ҳамчун ташвиқкунандаи сиёсати хориҷию дохилии давлат дар масъалаи муносиботи байналмилалӣ, дӯстии халқҳо ва равобити фарҳангии байни онҳо кори худро дар самти иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, пешрафти фаъолияти ҷамъиятҳои дӯстӣ, қавитар гардонидани иртибот бо иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллӣ, густариши ҳамкорӣ бо сафоратҳо, ташкилотҳои байналмилалии муқими кишвар, шарикон, инчунин, сафоратҳои Тоҷикистон дар мамлакатҳои дигар анҷом медиҳад.

- Мақсади асосии ҷамъият тарғиб ва ташвиқи дӯстӣ, фарҳанг, маданият ва расму оини миллии мардумони кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва аз кишвари мо дар хориҷ мебошад. Яке аз ҳадафҳои асосии ҶДРФТ тарғиби сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолият дар доираи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва дипломатияи мардумӣ мебошад, — таъкид намуд Сайдулло Хайруллоев.

Муовини Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим  Абдуллозода иброз намуд, ки Раёсати ҶДРФТ соли сипаригардида кори худро дар самти иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, фаъолияти ҷамъиятҳои дӯстии дар доираи он фаъолияткунанда, қавитар кардани иртибот бо иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллии кишвар, густариши ҳамкорӣ бо корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳо анҷом дод.

Аз  ҷумла, Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев бо сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар ҶумҳурииТоҷикистонТошиҳиро Аики, сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл, Раиси Шурои Ассамблеяи халқҳои Россия, муовини якуми Дабири кул, роҳбари Котиботи генералии Ассамблеяи халқҳои АвруОсиё ва Африқо Светлана Смирнова, Раиси Анҷумани дӯстии Эрон ваТоҷикистон Алиашраф Шабистарӣ ва дигарон мулоқот анҷом доданд.

Зикр гардид, ки соли сипаригардида дар бинои ҶДРФТ  таҳти унвони «Нақши ҷамъиятҳои дӯстӣ дар рушди дипломатияи мардумӣ» мизи мудаввар доир гардид, ки дар он меҳмонон аз давлатҳои Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Ҳиндустон, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо иштирок доштанд.

Маҷаллаи «Дӯстӣ»и ҷамъият, ки бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешавад, дар таҳкими дӯстии халқҳо, робитаҳои хуби эҷодӣ саҳм гузошта, барои рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»