Дар ҷомеа ҳар қадар таассубу хурофоти динӣ-мазҳабӣ реша давонад, ҳамон андоза каҷравию инҳирофоти равонӣ, ахлоқӣ, маданӣ ва сиёсӣ-мафкуравӣ дар рӯҳи иҷтимоӣ тасаллут пайдо намуда, динамикаи таҳаввулу инкишофи зеҳнию ақлониро бозмедорад. Дар сохтани фазои хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ, ки батадриҷ дар ҷомеаи мо нуфуз пайдо карда, мутаассифона то ҳанӯз реша давонида истодааст, нақши собиқ ҲНИТ ва фазлфурӯшиҳои роҳбарияти сиёсии он назаррас аст.
Роҳбарони собиқ ҲНИТ тайи даҳ соли охир ҳамеша бар пояи тарҳи озору гилоя ва шикваю шикоя домони интиқоди муғризона барзада, боиси буғранҷ ва мураккаб шудани вазъияти кишвар гардиданд. Расонаҳои мустақили дохилию хориҷӣ то ба имрӯз аз роҳбарияти ҲНИТ ва рӯҳониёни ба он марбут тамҷид карда, ба ин восита худогоҳ ва нохудогоҳ теша бар решаи низоми сиёсии дунявӣ, ки озодандешӣ ва инсонмеҳвариро дар баробари тамомиятхоҳии динӣ-мазҳабӣ тақдир менамояд, мезананд. Бехабар аз он ки роҳбарияти ҲНИТ дар даҳсолаи наздик сабабгори ҷаҳолатгаро, хурофотӣ ва мутаассиб шудани қисмати зиёди мардум гардидааст ва қасдан шароити мусоиди таълимӣ-ибодиро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум додааст, нодида гирифт ва ҳатто имрӯз ҳам фирориёни наҳзатӣ дар хоки бегона туҳматзаниҳою ғаразкориҳоро алайҳи ҳукумат идома медиҳанд.
Дар миқёси фазои пасошӯравӣ ҲНИТ ягона ҳизби сиёсие буд, ки озодона фаъолият мекард ва аз ин имтиёз суиистифода намуда, ахиран (ибтидои сентябри соли 2015) даст ба табадуллоти сиёсию низомӣ дар қолаби амалкарди Ҳоҷӣ Абдуҳалим Назарзода зад, ки паёмади он ба ҳама маълум аст.
Пас аз амалиёти Назарзода якчанд саркардагони наҳзатӣ, ки дар он амали ҷиноятӣ бевосита ё бавосита даст доштанд, аз сӯи мақомоти зиддахли давлатӣ боздошт шуданд. Дар имтидоди ҷараёни бозпурсӣ ва мурофиаи судии аъзои Раёсати олии собиқ ҲНИТ чанд нашрияи мустақил ва баъзе расонаҳои хориҷӣ аз ин иқдоми саривақтии Ҳукумати ҷумҳурӣ интиқод намуда, рӯирост аз наҳзатиёни боздоштшуда ҳимоят карданд. Пуштибонии моддию маънавии собиқ ҲНИТ ва саркардагони он аз ҷониби баъзе кишварҳо, созмонҳо, ниҳодҳои сиёсии берунӣ далели худро дошта, далели аслӣ бар он маҳкам аст, ки ниҳоду созмонҳо ва баъзан кишварҳои алоҳида тавассути ҳамкориҳо ниёзҳои худро дар минтақа қонеъ намудан мехостанд ва имрӯз ҳам аз лоиҳаи ба ном «Наҳзат» васеъ истифода мебаранд. Ин аст, ки то имрӯз аз ҲНИТ ба унвони ҳизби муътадил, қонунӣ, ҷабрдида ва пешрафта ёд мекунанд. Дар асл, онҳо хуб медонанд, ки роҳбарияти олии ҳизб дар ботин чӣ нақшаву тарҳҳоеро рӯи даст дошта, он барномарезиҳо ҳанӯз дар зеҳни роҳбари фирории наҳзат М. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш қарор доранд ва барои роҳандозии он дар хориҷ аз кишвар сармояи «саҳомон»-ро ҷуста истодаанд. Маҳз аз тариқи сармояи «саҳомон»-и бозиҳои пасипардагии роҳбари ҲНИТ расона ва торномаи ҳизб дар хориҷ фаъол буда, барномаҳои иғвогарона ва муғризона интишор медиҳад ва ҳар гуна иттиҳоми нораворо ба давлати мо мезанад. Хабару гузоришҳои расонаи наҳзатӣ ва хабаргузориҳои пуштибони он аз сиёсати давлат ва ҳукумат дар қиболи ҲНИТ ва муҷримони он шадидан интиқод карда, зиндонӣ кардани ононро ғайриқонунӣ арзёбӣ менамоянд. Дар ҳоле ки ҳуҷҷат, аснод, шавоҳид ва далоили шайъие, ки рӯйи дасти мақомоти тафтишотӣ қарор доранд ва равшантар аз ҳама, кирдори хашин ва тавтеаталабонаи онҳо чун рӯзи сафед маълум аст.
Мутаассифона, имрӯз ҳам дар ҷисму рӯҳи аксари муҷримини наҳзатӣ, ки назди додгоҳ ва адолати судӣ ҷавоб мегӯянд, метавон дарди султагирӣ ва тамомиятхоҳиро ба хубӣ мушоҳида кард. Мунтаҳо, ғаризаҳои қудратталабию салтанатхоҳии роҳбарияти олии ҳизб буд, ки ҲНИТ-ро ба созмони террористӣ ва экстремистӣ бадал карда, миёни мардум беобрӯ сохт. Бархӯрдҳои сиёсии солҳои навадуми асри бист бас набуд, ки ҲНИТ ба «иқдом»-и навбатӣ — омода кардани кудатои сиёсӣ-низомӣ даст зада, ҳизбро дар фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании ҷумҳурӣ батамом шарманда ва радди маърака кард.
Пас аз пахши ҳалномаи судӣ нисбат ба муҷримини ҳаводиси ибтидои моҳи сентябри соли 2015 — аъзои Раёсати олии собиқ ҲНИТ пайравон, ихлосмандон ва пуштибонони дохилию хориҷии наҳзат садо баланд намуда, ҳукми додгоҳро ғайриодилона унвон мекунанд. Маълум аст, ки роҳбари фирории наҳзат ва «обсофкунҳояш» чун анъана аз беадолатии додгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар шикоят мебаранд, гилагузорӣ мекунанд ва бо ин роҳ худро «мусичаи бегуноҳ» ва Ҳукумати ҷумҳуриро муқассири бадбахтиҳои ҳизб талаққӣ мекунанд.
Ҳайратовар аст, ки сухангӯи намояндагии Иттиҳоди Аврупо ҳукми додгоҳро нисбат ба роҳбарони собиқ ҲНИТ ноодилона меҳисобад ва таъкид месозад, ки бояд мақомот оид ба ҷинояти онҳо далелҳои муътамад пешниҳод мекард. Магар анҷом додани кудато, хиёнат ва куштани одамон барои ба ҷавобгарӣ кашида шудан ва аз озодӣ маҳрум сохтанашон далели кофӣ нестанд?
Воқеан, ҳукми додгоҳ дар баробари кирдорҳои ҷинояткоронаи наҳзатиён одилона аст. Адолат эътидол аст ва агар эътидол риоят нашавад, хирад пирӯз ва адолат пойдор нахоҳад гардид.
Нодир Зиё