Қадрдонии фаъолон – намунаи ибрат барои дигарон

№№ 137-138 (3438-3439) 17.10.2015

Шаҳраки Ғарм он рӯз либоси идона ба бар карда буд. Аз субҳ садои форами мусиқӣ ба гӯш мерасид ва ровиён аз таърихи рушду нумӯи забони давлатӣ сухан мегуфтанд ва бо шеъру суруд васфи онро менамуданд.

Дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшоҳ Холиқ аз мақом ва манзалати забони давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан кард. Хушбахтона, баъди соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ барои рушду нумӯи он шароит фароҳам оварда шуд ва ин забон, ки мероси гаронбаҳои ниёгони мо мебошад, мақоми забони давлатиро гирифт. Бесабаб нест, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониашон таъкид намуданд, ки «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст».

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60 Майрамбӣ Кингакова, устоди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, номзади фанҳои филологӣ Маҳмудӣ Шодӣ, собиқадорони соҳаи маориф Боқӣ Наимов ва Абдусаттор Сафаров оид ба мавқеи забон дар ҷомеа, таърихи забони тоҷикӣ ва ғайра андешаронӣ карданд.

Дар баробари ин, Рӯзи омӯзгорон низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Раиси ноҳия ба омӯзгорони варзида ва нафароне, ки бо хизмати арзандаашон сазовори эътироф ва эҳтиром гардидаанд, туҳфаҳои хотиравӣ супорид. Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи илму маориф 20 нафареро, ки дар рушди забони давлатӣ саҳм гузоштаанд, бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ кард.

Дар хатми чорабинӣ дастаи ҳунарии театри халқии ноҳия барномаи рангини консертиро пешкаш карданд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»