Қадрдонии ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ дар Тоҷикобод

№80 (4820) 22.06.2024

Дар қасри фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод ба ғолибони даври минтақавӣ ва ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагон диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

- Боиси ифтихор аст, ки дар озмунҳои фаннӣ се хонандаи мо дар даври минтақавӣ ғолиб омаданд, — гуфт дар суҳбат директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳия Суҳроби Ваҳҳобниё. — Ин натиҷаи ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба маориф мебошад. Маҳз иқдомоти Пешвои муаззами миллат муҳаббати хонандагонро ба илмомӯзӣ бедор кардааст.

Тавре иттилоъ дода шуд соли сеюм аст, ки Қосимҷони Яъқубҷон, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳия, аз фанни география дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ ва соҳиби медал мегардад.

Соли ҷорӣ, ҳамчунин, Рамзия Сайдбурҳонова, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, Умаралӣ Устоев, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, Исмоил Гадоиев, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, Ҳикматуллоҳи Зайниддин, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6, Сунатулло Таваккалов, Сомонӣ Раҳим ва Шодмеҳри Раҳимҷон, хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13, дар даври минтақавӣ ғолиб ва дар даври ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, нуфузи муассисаҳои таълимии худро боло бурданд.

- Итминони комил дорем, ки дар ояндаи наздик теъдоди шогирдони муассисаҳои таълимии ноҳия дар раванди ҳаракати олимпӣ зиёд мегардад, — гуфт дар хотимаи суҳбат Суҳроби Ваҳҳобниё.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»