Чанде пеш дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони як қатор озмунҳои вилоятӣ ҷоизаҳо супорид.
- Ҳукумати мамлакат дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии дастовардҳои миллат ва кишвар пайваста чораҷӯӣ мекунад, — изҳор дошт Р. Аҳмадзода. — Соли 2019 тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва бо мақсади ҳавасмандгардонии донишҷӯёну ҷавонон, муайян намудани беҳтаринҳо дар самти илмомӯзӣ, китобхонӣ, ҳунармандӣ, зебоипарастӣ, худшиносию ватандӯстӣ, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ як силсила қарорҳои раиси вилоят ба имзо расида, мавриди иҷро қарор гирифтанд.
Дар доираи қарорҳои марбутаи раиси вилоят озмунҳои вилоятии «Донишҷӯи сол-2019», «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят», «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019», «Китобхонаи намунавии вилоят дар соли 2019», «Мақолаи беҳтарин» таҳти унвони «Тоҷикистон-минтақаи ҷолиби сайёҳӣ», «Истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин ба сайёҳон», «Суратгири беҳтарин» таҳти унвони «Акси зебои кишварам», «Таҳияи бизнес-нақшаҳои соҳибкорӣ» ва «Фестивали оши палав» дар шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар сатҳи баланди омодагӣ сурат гирифтанд. Дар озмунҳои зикршуда беш аз 1000 сокини вилоят ширкат варзиданд.
Мутобиқи қарори ҳакамон ба беш аз 50 нафар ғолиби озмунҳои вилоятӣ дар вазъияти тантанавӣ дар ҳаҷми умумии 137 800 сомонӣ мукофотпулиҳо тақдим карда шуданд.
М.МАҚСУДОВ, «Садои мардум»