Миллати тоҷик, ки таърихи чандинҳазорсола дорад, тамаддунофар буда, аз ҷумлаи фарзандони фарзонааш уламову фузало, файласуфу шуаро ва пешвоёни зиёдеро дар арсаи таърих ҳамчун симои таърихӣ ба воя расонидааст, ки аксари онон фахри миллатанд. Мутаассифона, ин миллати куҳанбунёд фарзандҳое низ дорад, ки нанги фарзонагону иллати миллат мебошанд.
Пешниҳоди пора аз ҷониби ҳимоятгар
Чанд рӯз пеш Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳрат Қудратовро, ки бо ду вакили дигар ҳуқуқи соҳибкори зиндонӣ — Зайд Саидовро ҳимоят мекард, бо ҷурми пешниҳоди ришва боздошт намуданд. Гарчанде Қудратов дар воситаҳои ахбори омма, бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бисёр фаъол бошад ҳам, вале бештари хонандагон дар бораи ӯ маълумоти кофӣ надоранд. Яке аз пешаҳои дӯстдоштаи худи ӯ дар расонаҳои хабарӣ чеҳранамоӣ кардан буд. Гувоҳи ин гуфтаҳо аксҳои гуногунранги ӯ мебошанд, ки дар шаклҳои мухталиф ба намояндагони воситаҳои ахбори омма пешниҳод шудаанд. Аксаран Қудратовро ҳамчун аъзои коллегияи адвокатҳои «Сипар» мешиносанд.
Хабари пешниҳоди пора ба вакил аз ҷониби Қудратовро нафароне, ки ӯро хуб мешиносанд, чандон ҳайрон накард, зеро ба гуфтаи шиносҳояш дар ӯ сифатҳои манфиатҷӯйӣ ва ҳирсу тамаъ ҳамеша дида мешуданд. Аз лиҳози касбият ва донишу малакаи ҳуқуқӣ низ ҳамкасбонаш муътақиданд, ки Қудратов дониши амиқи ҳуқуқшиносӣ надошта, пайваста аз машварату ҳидоятҳои устоду роҳбари ҳизбиаш Раҳматилло Зойиров истифода мекард. Барои равшанӣ андохтан ба ин гуфтаҳо назаре ба ҳаёту фаъолияти Ш. Қудратов меандозем.
Адвокати манфиатҷӯ, вале ноком
Ҳамагон Шуҳрат Қудратовро ҳамчун ҳимоятгар ва ё адвокат мешиносанд, зеро ӯ дар пешбурди парвандаҳои пурсарусадои зиёде, аз қабили парвандаҳои бастани бозори «Зарнисор», Ёқуб Салимов, Ҷӯрабек Охунов – раиси ширкати «Мовароуннаҳр», Қосимов Диловаршо — айбдор ба куштори Холмуъмин Сафаров, парвандаи соҳибкор Зайд Саидов ва ғайраҳо ба сифати ҳимоятгар фаъолият кардааст. Ҳимоятгарии ӯ дар парвандаҳои мазкур на ба хотири истеъдоди фавқулодда ва ё доштани дарки баланди ҳуқуқии ӯ рост омадааст, балки ба манфиатҷӯйиву иғвогарӣ ва худхоҳиву шуҳратталабии Қудратов марбут аст. Гарчанде ки фаъолияти адвокатӣ дар доираи қонуниятҳои давлат ба роҳ монда мешавад, Қудратов касби худро аз азал ҳамчун фаъолияти соҳибкорӣ пеш бурдааст. Бинобар ин, ҳам ӯ доимо мекӯшад, то зерҳимоятҳояш соҳибкору сарватманд бошанду аз онҳо суде ба даст оварад. Ба касе пӯшида нест, ки дар рафти пешбурди парвандаи Зайд Саидов, бинобар сабаби рафтори худхоҳона ва хусуматзову таҳрикомези Қудратов, зерҳимоятгари ӯ хостори барканории ҳимоятгари хеш гашта буд. Ҳатто ин ҳолатро низ Қудратов бинобар ниҳоди ҳангомасози хеш ҳамчун «фишори мақомот» арзёбӣ карда буд, ки дар посух шарҳи Зайд Саидов чунин буд: «Мехоҳам қазияи ман ором ҳал шавад ва дар ин кор маро касе маҷбур карда наметавонад».
Бо вуҷуди ин ҳам, номбурда то ба имрӯз бо истифода аз ҳисоби кормандони воситаҳои ахбори оммаи мустақил кӯшиши онро дорад, ки ба парвандаи мазкур тобиши сиёсӣ дода, худро ба сифати намояндаи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ҳамчун ниҳоди фаъоли сиёсии пуштибони арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, муаррифӣ намояд.
Қобили зикр аст, ки Қудратов дар фаъолияти хеш боре ҳам комёб нагаштааст, аксари зерҳимоятҳояш бо муҳлати зиёд равонаи зиндон шудаанд.
Қудратов — хостори нооромии ҷомеа
Тафриқаандозӣ, ҷангандозию нифоқи мардум барои Ш. Қудратов муқтазои табиаташ гаштааст. Ӯ аз оғози ба кору фаъолияти ҳизбӣ пардохтанаш ҳамеша ҷӯёи фитнаву иғво буд ва мемонад. Ҳанӯз соли 2006, вақте ки ӯ тоза ба узвияти ҲСДТ пайваста буд, бо иддае аз ҳаммаслаконаш дар назди Вазорати адлия кӯшиши барпо намудани тазоҳуротро карда буд. Вале ин амали ғайриқонунии адвокати кинаҷӯ сари вақт пешгирӣ шуда буд.
Ҳамчунин Қудратов, ки соли гузашта ҳимояти ҳуқуқии Ашӯров Д.Т. – яке аз роҳбарони гурӯҳи муташаккили ҷиноятии Хоруғ, аз ҷумла Мамадбоқиров М.К.-ро бар уҳда дошт, бо истифода аз хешовандони наздики номбурда, кӯшиш кард, ки намояндагони гурӯҳи муташаккили ҷиноиро ба эътирозоти зиддидавлатӣ бархезонад. Дар рафти мурофиаҳои судии Ашӯров Д.Т., ба ҳимояи гурӯҳи мазкур гузашта, бо исрор кӯшиш мекард, ки амалиёти низомии қувваҳои ҳукуматиро бар зидди қувваҳои муташаккили ҷиноятии Хоруғ маҳкум кунад. Онҳоро дар сар задани бетартибиҳои оммавӣ дар шаҳри Хоруғ гунаҳкор нишон диҳад. Магар ҳимоят кардан аз ҷинояткорон, хостори бетартибиҳои ҷамъиятӣ ва ҷонибдорӣ аз амалҳое, ки ғайриқонунӣ анҷом дода мешаванд, ба шаъну шарафи як нафар намояндаи риштаи ҳуқуқ, ҷонибдори адлу инсоф рост меояд? Дар ниҳоди чунин шахс чӣ тавр адолатро пайдо кардан мумкин аст, агар худи ӯ ба ҷинояткорӣ моил бошад?
Зойиров — падари маънавии Қудратов
Шояд хонанда аз ҳамон ҷумлае, ки баёнгари узвияти Қудратов дар ҲСДТ буд, аллакай дарк намуд, ки ин адвокати роҳгумзада таҳти таъсири кӣ ва чӣ омилҳое қарор гирифтааст? Бале, ҳамаи тахминҳои шумо дуруст аст. Қудратов аз оғози фаъолияти адвокатии худ зери оҳанги найи падари маънавиаш – роҳбари ҲСДТ Раҳматилло Зойиров чархида, дар фарозу нишебиҳои нуқсонҳои ҷомеа, ки ҳаммаслаконаш эҷод намудаанд, пешпохӯрон то ба ин ҳолат расидааст. Қудратов бо тавсия ва таҳти роҳбарии Зойиров, бо мақсади баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи ҳизбашон дар ҷомеа, сиёсати зиддиҳукуматиро пеш гирифта, мунтазам дар торнамоҳои интернетӣ мақолаҳои танқидӣ навишта, аз ҳисоби ҳамтабақонашон онҳоро мавриди шарҳу тафсир қарор медиҳанд.
Ҳамчунин Қудратов аз мавқеи ҲСДТ «Кумитаи ёрӣ ба маҳбусон»-ро таъсис дода, бо истифода аз намояндагони воситаҳои ахбори омма доимо дар талош аст, ки арзу шикоятҳои маҳбусонро пайгирӣ намуда, натиҷаи онҳоро ба оммаи васеи хонандагон дастрас гардонад. Бо ин роҳ ӯ ва Р.Зойиров мехоҳанд ҳизбашонро дар ҷомеа ҳамчун «ҳомии демократия ва ҳуқуқи инсон» нишон диҳанд.
Шуҳрат Қудратов ва падари маънавии ӯ, азбаски бегонапарасту манфиатҷӯ ҳастанд, ҳеҷ гоҳ ғамхори миллати тоҷик набуданд, балки баръакс, як нуқсони ҷомеаро даҳчанд карда, бо муҳобот ва муболиғаву иғроқ ба маърази намоиш мегузоранд. Бегонапарастии онҳо дар он зоҳир мегардад, ки аз мавқеи ҳизби сиёсии мухолиф истифода бурда, ҳамеша муқобили манфиатҳои ҷумҳурӣ ва давлатдории миллӣ дар назди намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бадгӯйиҳо мекунанд.
«Бале»-гӯякҳои Қудратов
Замоне, ки Қудратов боздошт гардид, аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва берун аз он «бале»-гӯякҳои ӯ, нафароне, ки ӯро дар касбу кори фитнагарию иғвоангезиаш таҳрик намуда, роҳ нишон медоданд, садо баланд карданд. Албатта, яке аз аввалинҳо шуда, Р. Зойиров садо баланд кард. Ягона иттиҳоме, ки ӯ медонад, ҳама фаъолияти мақомотҳои кишварро «ғайриқонунӣ» эълон кардан мебошад, ки ҳоҷат ба шарҳи онҳо нест…
Бояд ёдовар шуд, ки Қудратов яке аз нафарони боэътимоди Додоҷони Атовулло – роҳбари ташкилоти ғайриқонунии «Ватандор» ҳисобида шуда, бо ӯ пайваста дар тамоси телефонӣ қарор дошт. Ҳатто баъди Зойиров, ӯро ба сифати устод ва роҳнамо мешуморид. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ тамоми кирдорҳои зиддидавлатии Атовуллоевро дуруст шуморида, онҳоро дастгирӣ мекард. Дар арафаи маъракаи интихоботи Президентии соли 2013 Ш. Қудратов таҳти роҳнамоии Д. Атовуллоев сокинони кишварро барои ташкил намудани намоиши эътирозӣ дар пойтахти кишвар даъват кард, вале ҷонибдору ҳаводоре пайдо накарду хомӯш шуд.
Ҳамин аст, ки имрӯз Д. Атовуллоев ба ҳимояи «шогирд»-и худ пардохта, аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хостааст, ки ба дастгирии ӯ садо баланд кунанд. Ҳамчунон аз созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе тақозо кардааст, ки барои озодии Шуҳрат Қудратов ба давлати Тоҷикистон фишор оваранд. Аҳолии тамоми оламро ба ҳамоиши эътирозӣ дар назди сафоратхонаҳои Тоҷикистон барои ҳимояи Ш. Қудратов даъват намудааст. Вале куҷо мардуми дунё парвои даъватҳои савдоии шахси маризе чун Д. Атовуллоевро доранд?
Хонандаи закӣ аллакай фаҳмид, ки Қудратов ва ҳаммаслаконаш аз табақае ҳастанд, ки доимо манфиати шахсии хешро болотар аз ҳама дониста, шӯр андохтан ва ноором сохтани ҷомеаро аз ободию хизмат ба Ватан авлотар мешуморанд. Ин ҳама шӯру балвое, ки дар ҷомеа барпо мекунанд, аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон ҷуброн мегардад. Сирри дунболи тазоҳуроту эътироз давиданашон ва оромиву суботи ҷомеаро таҳаммул карда натавонистанашон ҳамин ҷо ниҳон аст.
Бамаврид аст сифатҳои чунин ашхосеро, ки дар ҳақиқат иллати миллатанд, бо сухани бузурге хотима бахшем:«Дар ҷомеа баъзе афрод чунон таҷрибаи лаззати шикоят бурданро чашидаанд, ки аз тарси аз даст додани он доимо дунболи бадбахтӣ медаванд».
Муҳибулло НЕЪМОНОВ