Ҳикояти ҷолиб

Ҳадяи парасту ба Ҳазрати Сулаймон

№29 (3175) 21.03.2014

Роҷеъ ба ҷашни Наврӯз дар сарчашмаҳои таърихӣ, осори то ба имрӯз расидаи донишмандони бузурги гузаштаамон маълумотҳо зиёданд.

Дар ҳама давру замон фасли баҳор боиси эҳёи табиат, рангину зебоии он ва хушҳолии одамон ва кушоиши корҳост.

Боз ин чӣ ҷавонист заминрову замонро,

Наврӯз бадал кард ба дил пиру ҷавонро.

Оид ба пайдоиши Наврӯз, аз ҷумла дар китоби «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ҳикояти ҷолибе ҳаст, ки мазмуни он пешкаши хонандагон мегардад:

-Вақте ки Сулаймон бинни Довуд (Ҳазрати Сулаймонпайғамбар) ангуштаринашро гум мекунад,  салтанат аз дасти ӯ меравад. Пас аз чил рӯз ангуштарини худро ёфта, подшоҳию фармонравоиро бармегардонад ва ба ин муносибат мурғон  ба атрофи ӯ ҷамъ меоянд. Ин рӯзро рӯзи нав, яъне Наврӯз ҳисоб мекунанд. Сулаймонпайғамбар ба ин муносибат амр мекунад, ки ӯро бардоранд ва бод  ӯро ба тахту тоҷаш ба ҳаво мебардорад. Лаҳзае пас парастуе  пеши рӯи ӯ  пайдо гашта,  мегӯяд:

-Эй подшоҳ, дар лонаи ман якчанд тухм ҳаст. Роҳатро дигар карда, онсӯтар рав, то ошёни маро вайрон накунӣ.

Сулаймонпайғамбар  роҳи худро дигар мекунад ва вақте ки аз тахт мефарояд, он парасту дар минқори худ қадре об оварда, ба рӯйи Сулаймонпайғамбар  мепошад ва як рони малахро низ ҳадя мекунад.

Мувофиқи ривоятҳо, одати субҳи Наврӯз ба якдигар об пошидан ва рӯзи Наврӯз ба якдигар ҳадя бахшидан аз ҳамон давр мондааст.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»