Афғонистон: Захмҳо кай шифо меёбанд?

№45 (3682) 27.04.2017

Мирзо Шукурзода

(Идома аз шумораи гузашта)

Day_after_Saur_revolution – Чӣ китобест, устод? – пурсидам аз онҳо.

– Девони Бедил, – бо димоғи сӯхта ҷавоб дод ӯ ва ба маломати ман пардохт. Гуфт, ки ин аксулинқилобиюни нобакор дунболи шумо барин нафарони қувои дӯст мегарданд. Сари шумо, вуҷуди зиндаатон барои онҳо арзиши садҳо ҳазор рупияро дорад. Ё зинда ё мурда мебаранд ба Покистону мефурӯшанд.

– Аҷаб риски ноҷое кардӣ, тарҷумон-себ! Аммо ту, азизи дилам, Акбар, – ба сари наберааш дасти навозиш гузошт Мардумӣ, – ба хотири ҳушёриат ҳам аз ман, ҳам аз кокоят ҷоизаи хубе мегирӣ. Офарин, ҷони бобо!

Ҳамин тавр ҳам шуд: як қабза афғонӣ ба дасти Акбарак қапондам  ва барои иштибоҳи рухдода аз устод узрхоҳӣ карда, бо як гилос (стакан) чою чанд дона кишмиши зарди заъфаронӣ иктифо намуда, аз муаллим зуд иҷозаи рафъи заҳмат намудам ва гуфтам, ки омодаи сафар шавад. Он ҷо дар сари роҳи калон Егорович мунтазири мост.

Мардумӣ сафараш ба Кобулро ба пагоҳ вогузор кард: имрӯз бо хонумаш ҳар ду масруфи дорусозианд. Корест бисёр нозук, набояд нимакора бимонад.

Дар миёни «дух»-ҳои мо (агентҳо) иззатмандтарини онҳо Мардумист. Ҳеҷ кадоме аз мо таъбири ба назари банда нафратбарангези «дух»-ро дар баробари номи эшон истифода намекардем. Ӯ муаллими пешкисвати адабиёти форсии дарӣ буда, дар мағзи мутафаккираш дониши густарда ва ҳазорҳо байти ҳакимона шуълавар аст. Азбаски маошаш барои таъмини хонавода кофӣ нест, аз алафу гиёҳҳои кӯҳӣ дорувор месозад, ба дорухонаҳо, қисман ба дардмандон мефурӯшад. Аммо ба ивази ахборе, ки ба дафтари мо мерасонад, як қирон дархост намекунад. Пул диҳем, меранҷад.

– Тарҷумон-себ, мо агар музд дархост кунем, аз ҷониби мо як навъ муомила ва бевиҷдонӣ аст, – мегӯяд устод ва шарҳ медиҳад, – ман коммунистам, инқилобиям, шогирди мактаби Ленини кабир ва рафиқ Бобрак Кормал ҳастам… Ақлу ҳуши банда заррае ба ватанам нафъ оварад, хушбахтам. Дер ё зуд инқилоби мо пирӯз мешавад, – меёзонад гапро устод, – зеро мо ҷуз саодати мардум ормони дигар надорем… Мардумиҳо дар Афғонистон агарчӣ каманд, аммо комунисттар аз аксар ҳамтоёни Шӯравияшонанд, вале бо рӯҳия ва ангезаи атеистӣ. Ҳар гоҳ аз мактабу муаллим ва оину ихлоси ҳизбу даҳояшон суҳбат пеш меомад, шасти сухани онҳоро боздош­тан имкон надошт. Гоҳ мегиристанду гоҳ мисли дарё уштулум мекарданд ва ҳозир буданд дар роҳи пирӯзии ормонҳояшон худро ба обу оташ бизананд.

Замоне ки аз сӯи душманони Инқилоби Савр овозаи шикаст ё хурӯҷи Артиши Сурх аз Афғонистон пахш мешуд (қарори ин хиёнатро Горбачёв соли 1988 ба имзо расонд), устод Мардумӣ хобу хӯрро раҳо кард. Ин тасмими Горбачёвро ӯ ва садҳо ҳизбиёни парчамию халқӣ як навъ бевиҷдонӣ, ҳатто хиёнат ба ормонҳои муқаддаси доҳиёни пролетариати ҷаҳон – Маркс, Энгелс ва Ленин хонданд.

– Тарҷумон-себ, – гирякунон, буғз дар гулӯ эътироз мекард Мардумӣ, – ба мушовир бигӯ, ки рафиқ Брежневу дорудастааш сари Таракиву Аминро силакунон аз инқилоби мо пуштибонӣ карданд. Баъдан зери пои мову пешвоёнамон Кормал-себ ва Наҷибулло нардбон гузошта, болои бом бурданд. Акнун нардбонро хапу ҷуп аз зери поямон мебардореду фирор мекунед?! Мо муаллақ бимонем байни бому осмон? Шиори мову шумо «ҳама барои як кас, як кас барои ҳама» набуд?… Магар оини коммунистии бародарӣ ва ҳамраъйӣ ин аст?

Бо гузашти андак вақт, бо чашми сар дидем, ки на танҳо пӯстин, балки ҷаҳон даргирифт. СССР  мисли модаркаждуме, ки дар аснои зоидан бар асари заҳру зуққуми дасту даҳони навзодонаш дукафон мешавад, дар они воҳид маҳв шуд. Маҳви ин модар барои инсонҳои рӯи замин хеле фоҷиа ба бор овард; бо хости дили террористҳо бурҷҳои душоха дар Вашингтон таркид, терроризми толибию диишӣ ва Алқоида дар ҷаҳон беш аз пеш равнақ ёфт, мафияи қочоқи ҳашишу бангу афюн ва хариду фурӯши инсонро империализми бйналмилалӣ бо шеваҳои нав ба нави аҳриманӣ ба гардиш овард. Хавфи оғози ҷанги ядроӣ хавоси ҳамаро парешон кард. Ба таъбири як ҳикмати форсӣ: «табоқе бишканад, мосте бирезад, ҷаҳон гардад ба дасти косалесон!»

*******

… Як рӯз пас аз бозгашти мо аз рустои Мирбачакат устод Мардумӣ тибқи ваъда, қабл аз зуҳр ба «Кобул-2» омад. Муаллими мусинни озодахӯ  либоси зиёипӯш дар бар ва як даста рӯзномаҳои нав дар бағал дошт. Чою қанд ҳозир шуд. Дар оғоз бахшҳое аз ҳамон нукоти дардмандонаи дар боло омадаро ироа намуд. Сипас, як буғча ахбори наву тоза ва арзишманд аз авзои шимоли Кобул ва омадани гурӯҳҳои нави душманон аз Пешовар ва дигар ноҳияҳои ҷануб ва мустақар гардиданашон дар кунҷу канори Парвону Вирдаку Чоряккор ва Ҷабалуссироҷу Панҷшер дар ихтиёри мо гузошт. Хабарҳои аз матбуот хондаву аз родиёҳои хориҷӣ шунидааш роҷеъ ба ҷараёни ҷанги Шӯравию Афғонистон мустанад ва судманд буд. Ӯ на ашрор, балки пуштибонони онҳо: империализми байналмилалӣ бо сарварии Амрико, сармоядорони ҷинояткори Саудиву Покистону Мисру Қатарро хатарноку махуф барои пирӯзии Инқилоби Савр хонд. Аммо дӯғу даранги, ба қавли худаш, «рустамона»-и Никита Сергеевич Хрушёвро ба Президенти вақти Амрико ҷаноби Ҷон Кеннеди ва бар асари як имои бурут дар Куба, дар таги бинии Амрико (дар соли 1961) парафшон гардидани парчами пирӯзии кумунист Фидел Кастроро мисол оварда, қаҳқаҳаи мастонае зад ва дуруд бар равони ба қавли имрӯзиён, Хрушёви лаҷомгусаста зад. Муаллим на дар дафтари «Кобул-2», гӯё аз минбари Созмони Милал нутқ меронд.

– Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ҳоло ҳам тавоност ва бихоҳад падари ҷаҳони сармояро дармеорад! Онҳо пулу силоҳ доранд, мо ормони олии эъмори ҷомеаи озод аз истисмору сармоядор. Онҳо танҳоянду тарсу, мо бо тӯдаҳоем. Парчами чармини Коваи оҳангар, осори классикони марксизм-ленинизм, рӯҳи Сталини тавоно ва муштҳои гиреҳхӯрдаи ранҷбарони дунё бо мост. Чунон ба фарқи сарашон кӯбем, ки!..

Мардумӣ пас аз ироаи нутқи шӯрангези душманкуш, хабари нисбатан тозае расонд:  ашрор сахт олуғда аст. Вай бо мудернтарин аслиҳа: рокетҳои замин ба замин, замин ба ҳаво, мусалсалҳои сақили ДШК ва ЗГУ (дар забони русӣ: зенитний горний установка), ҳованандоз (гранатамёт) ва амсоли он акнун, ҳини ба лаб расидани ҷонаш сахттар мусаллаҳ мешавад, ба онҳо аз Амрико ба таври фаровон дастгоҳи рокетандози ниҳоят хатарнок – стингер расидааст, ки ҳавопаймо ва чархболҳоро дар баландтарин нуқоти осмон шикор мекунад… Аммо ботил аст ҳама ҷаҳду талоши ашрору хоҷаҳояш…

Мо аз вуруди стингери ваҳмангези амрикоӣ ба сангарҳои муҷоҳидон иттилоъ доштем. Инак, ҷиҳати таъиди ин шоиа ахбори муаллим Мардумӣ кумак расонд. Аз манобеи худӣ ба таври сиррӣ иттилоъ расид, ки танҳо дар соли 1985 (соли оғози хизмати муаллифи ин сатрҳо дар Афғонистон дар ҳайати афсарони Шӯравӣ)  беш аз дуним ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Мебинам, ки муаллими обдида дар оташи инқилоби болшевикиро мудҳиштарин хабар ё вуқуи ҳаводисе фаҷеъ ба кӯи навмедӣ намебарад. Ӯ ба тавонмандиҳои урдуи мағлубнопазири Шӯравӣ мисли дигар коммунистҳои ватанаш эътимоди қавӣ дорад. Мардумӣ охирин пиёлаи чойи сабзи хонаи моро нӯши ҷон карда, бо қомати баланду қадамҳои устувор, чолоку чаққон аз ҷо хест ва «падруд, азизони дил» гуфту рафт. Ӯ акнун вазифаи муҳиме бо хости хеш бар уҳда дорад: дар амалиёти навбатӣ, ки мебояд тибқи барномаи муштараки дафтари «Кобул-2» ва нируҳои мусаллаҳи Шӯравию Афғонистон, як моҳ баъд дар воҳаи Тезинхаши вилояти Кобул доир гардад, муаллим иттилои комилан мус­танад ва судманд фароҳам оварда, дар ихтиёри мо гузоштанӣ аст. Ҳатто ҳамчун роҳбалад хоҳиши ширкат дар амалиётро дорад. Мо муаллимро то дами дарвоза гусел карда, ба хона баргаштем. Раиси шӯхтабъамон, майёр Шербаков рӯзи сафар ба Мирбачакатро ба ёд оварда гуфт:

– Дорогой Мирзо, из-за Мардумӣ чуть тебя не потеряли-а?

– Да, раис, это верно, – посух додам ман.

Рӯзи истироҳати мо – ҷумъаи муродбахш баъзан бо таҳияи хӯришу хӯрокҳои лазиз ва ҳатман бо ироаи ҳазлу шӯхӣ сипарӣ мешуд ва бародари шӯху ҳаззоли мо, капитан Абдуқайюмови мардумидӯст носи гирои кобулӣ зери забон андохта, аз шӯхиҳои навбатияш боз як хӯша дар хони ихлос гузошт:

– Ради такого верного друга Советского Союза, как господина Мардумӣ, не только капитана Шукурова, но даже стоит жертвовать полковника Еремеева Сергея Михайловича!

– Это уже получился тост, – даст ба шишаи арақи сар ба муҳри рӯи миз бурд Шербаков. Пайки Шербакову шӯхии Суҳроб хандаи лабҳоро ба ҷӯш овард. Еремееви эҳтиёткор, сабуру ботамкин ва бегона ба ҳама гуна амалиёту давуғеҷаш чашмони калон-калони мешӣ ба рӯи якояки мо, «каскадёрҳо» дӯхт. Сипас, ҷимму дам қадаҳро ба сар кашид. Газаки мучолае дар даҳони фарохи хеш андохт ва бо нармӣ лабханд зад:

– Еще одну рюмочку налей, товарищ майёр, а я буду смеятся последним.

Аз пайки навбатӣ дубораву себора ғулғулаи ханда баланд шуд. Дар «Кобул-2» аз айёми раисии Денисов то ҳол одат ҳамин аст: дар оғозу анҷоми ҳар нишаст ҳатман нуктаеву зарофате барои хандаи ғамбарор ёфт мешавад, агар ёфт нашавад, мебоф­тем. Имрӯз ҳама шавқу сурур, ҳатто ҳазлу хушҳолии хонадони «Кобул-2»-и моро ҳузури камтар аз яксоатаи муаллим Мардумӣ падид овард. Метавон хислати дигари ӯро хотиррасон кард: ғунча-ғунча абёти нобу сара ва пандомӯз аз бӯстони адабиёти форсиро (чун аксари мо — тоҷикони фузулу шеързада!) дар махзани дил ҳифз карда, дар мавриди муносиб замзама мекунад ва ман баъзе аз он дурдонаҳоро дарҳол ба дафтарчаи хотиротам мекӯчонам.

Имрӯз ҳам устод Мардумӣ ҳини худоҳофизӣ бо мо қитъаи зеринро аз боби шуҷоату мардӣ аз шоири диловари садаи ёздаҳ Масъуди Саъди Салмон қироат кард:

То тавонӣ, макаш зи мардӣ даст,

Ки ба сустӣ касе зи марг наҷаст.

Ҳар кӣ ӯро баланд мардӣ кард,

То ба рӯзи аҷал нагардад паст.

Ҳар кӣ бо ҷон наистод ба разм,

Дон, ки дар пешгаҳ ба ҳақ наншаст.