Мулоқоти гарму ҷӯшони вакилони иҷлосияи тақдирсоз Ғаффорхон Муҳиддинов ва Темурҷон Дадобоев баъди 25 сол
Соли 1990 дар кишвар интихоботи вакилон ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аз ҳавзаи интихоботии Саноат, № 84- и шаҳри Хуҷанд коргарони корхонаи «Торгмаш», ки асосан сокинони маҳаллаи Раззоқ буданд, номзадии директори генералии коргоҳ Ғаффорхон Муҳиддиновро пешбарӣ карданд. Он рӯзҳоро номбурда ба ёд оварда, чунин гуфт:
- Мардум бори нахуст вакили худро дар асоси принсипҳои демократӣ интихоб карданд. Аз ҳавзае, ки ман пешниҳод шудам, номзадии котиби якуми КМ ЛКСМ Тоҷикистон Одилҷон Ёқубов ва раиси Комиҷроияи шаҳр Бахтиёр Ашӯров низ ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин, чанд нафари дигар аз тариқи худпешбарӣ номзад буданд.
Он сол бори нахуст барномаи пешазинтихоботии ҳар номзадро интихобкунандагон алоҳида баррасӣ мекарданд, то ин ки аниқ намоянд: аз кадом номзад ба мардум бештар манфиат мерасад.
Ғаффорхон Муҳиддинов ҳоло ҳам аввалин мулоқот бо интихобкунандагонро аз хотир набаровардааст. Онҳо таҳти «шиор»-и демократия аз номзадҳо ба субут расонидани он корҳоеро талаб мекарданд, ки иҷрояшон ғайриимкон буд. Дар он миён таклифу пешниҳодҳои судманди ба манфиати ҷомеа нигаронидашуда низ кам набуд.
- Интихобкунандагон чунон қотеъона баромад карданд, ки мани то он дам борҳо дар интихобот чун вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ширкаткунанда бори аввал дучор омадам, — мегӯяд Ғ. Муҳиддинов. – Онҳо ҳатто гуфтанд: агар наказҳоямон ба субут расонида нашавад, ягон нафар дар интихобот иштирок намекунем!». Ин аввалин «меваҳо»-и демократияи горбачёвӣ буд. Маҷбур шудем дар асоси талабу дархости интихобкунандагон ба барномаҳои пешазинтихоботӣ тағйиру иловаҳо ворид намоем.
Яке аз талабҳои интихобкунандагон кашидани хатти гази табиӣ ба маҳаллаҳои аҳолинишини ба номи Қорӣ Раҳмат Қурбонов, «Раззоқ», «Сари санг», «Масҷиди Сурх», «Савр» ва «Пахтакор» буд, ки хароҷоти калони молиявиро талаб мекард. Аз миёни номзадҳо аз уҳдаи иҷрои ин дархости асосӣ танҳо директори генералии корхонаи «Торгмаш»-и шаҳри Хуҷанд Ғаффорхон Муҳиддинов баромада тавонисту халос. Аниқтараш, он корро аз ҳисоби фоидаи корхона бо ризояти Вазорати мошинсозии ИҷШС ба ҷо овард. Дар рӯзи интихобот аксари сокинони қитъаи интихобот ба тарафдории Ғаффорхон Муҳиддинов раъй доданд ва ӯ вакил интихоб шуд.
Номзад Одилҷон Ёқубов номзадиашро бозхонд ва аз ҳавзаи интихоботии Кӯктош, № 65-и ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) вакил интихоб шуд.
- Агар гӯям, ки барои мо — вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум фаъолият басо мушкил афтод, муҳобот нахоҳад шуд, -варақгардон мекунад дафтари хотираҳояшро ӯ. — Зеро он шабу рӯзҳо вазъи сиёсии кишвар басо муташанниҷ гардида, ҳадафи ҳаво додани санги маломати гурӯҳҳои манфиатдор мо — вакилони мардумӣ қарор гирифтем. Кор ба ҷое расид, ки қисмро гаравгон ҳам гирифтанд. Иддае аз Ватан фирор намуданд. Гурӯҳҳои силоҳбадаст борҳо ба толори ҷаласаҳои Шӯрои Олӣ ворид гардида, таҳдид ба ҷонамон карданд. Қувваҳои мухолифин одитарин қоидаҳои тартибу интизомро риоя намекарданд, ташнаи хун буданд. Вазъ ба ҳадде расид, ки дигар гузаронидани ҷаласаҳои Иҷлосияи Шӯрои Олии кишвар дар пойтахти Ватан ғайриимкон гардид.
Мо масъулиятро дар назди таърих ба хубӣ эҳсос мекардем, зеро аз қарорҳои дар иҷлосия қабулшаванда тақдири минбаъдаи халқу Ватан ва давлати тоҷикон вобастагии калон дошт.
Ҳоло ба хотир меорам, ки чӣ тавр як ҷавонмарди 40-сола дар ҷаласаҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Комиссияи доимии Шӯрои Олӣ фаъолона иштирок намуда, ошкоро фикру мулоҳиза баён месохт, вакилонро ба сабру таҳаммул, шинохти масъулият ҳини қабули қарорҳо, фароҳам овардани тинҷиву амонӣ дар кишвар даъват мекард. Вай ба сокинони кишвар, хусусан ба ҷонибҳои даргир, бо сӯзу гудоз муроҷиат карда гуфт: «Бас аст ҷанг, бас аст хунрезӣ. Зеро дар ягон давру замон тавассути ҷангу ҷидол масъалаҳо ҳалли худро наёфтаанд».
Гузашти айём исбот сохт, ки дар интихоби Роҳбари давлат хато накарда будаем. Бо кӯшишу эҳтимоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарзамин сулҳу ваҳдат омад. Бинобар ин, худро хушбахт меҳисобам, ки дар интихоби Сарвари оқилу доно ва хирадманди кишвар саҳм гузоштаам.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум».
Сурат аз бойгонии
Ғ. Муҳиддинов