Ба пешвози 20 - солагии СҲШ

«Афсона дар тасвири кӯдакон».

№56 (4318) 27.04.2021

Чаро давлатҳои аъзои СҲШ онро пазируфтанд?

2022logoФардои сайёра ба он вобаста аст, ки кӯдакон бо кадом рӯҳия, завқ, ахлоқ ва ҷаҳонбинӣ ба воя мерасанд. Мутаассифона, ҳоло тафаккури кӯдакону наврасон, асосан зери таъсири барномаҳои телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ ташаккул меёбад.

Мутахассисони Осорхонаи давлатии санъати тасвирии ба номи А. С. Пушкини Федератсияи Россия бар ин ақидаанд, ки кӯдаконро ба корҳои илмиву эҷодӣ ҷалб кардан зарур аст. Бо ин мақсад онҳо лоиҳаи барномаи маърифатӣ барои рассомони хурдсол — «Афсона дар тасвири кӯдакон»-ро ба Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) пешниҳод намуданд. Ҳадаф аз он, дар баробари офаридани мусаввараҳо, ҳамчунин, ошноӣ пайдо намудани кӯдакон бо афсонаҳо ва умуман, фолклори миллатҳои дигари кишварҳои узви созмон аст. Чун СҲШ ҷонибдори ҳадафҳои неку хайрхоҳона — мусоидат ба эътимоди тарафайн, ҳамсоягии нек ва ҳамбастагӣ байни миллатҳост, барнома пазируфта шуд. Котиботи СҲШ ба 6 давлати аъзои созмон — Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Хитой пешниҳод намуд, ки намоиши расмҳои кӯдаконро дар кишварҳо ташкил намоянд. Шиори барномаи «Афсона дар тасвири кӯдакон» — ро метавон чунин баён кард: «Омӯзиши афсонаҳо ошноии моро бештар месозад!».

- Дар афсонаҳо табиати мардум, урфу одат ва расму оин, хиради таърихӣ ва ҳодисаву воқеоти аз саргузарондаи мардум таҷассум меёбад, ки бо тахайюл омехта аст. Дар ҳама ҳолат афсона ба дунё ва тафаккури кӯдак наздик буда, аввалин таассуротро дар бораи атроф ба вуҷуд меорад. Дар ҳар афсона мисли зиндагӣ некӣ бо бадӣ дар набард асту одатан некӣ ғолиб меояд. Чунин сурат гирифтани ҳодисаҳо дар кӯдакону наврасон ростқавлӣ, адлу инсоф доштан, садоқат ва далериро тарбия хоҳад кард, — гуфтааст яке аз ташаббускорони барнома, ходимии калони илмии Осорхонаи давлатии санъати тасвирии ба номи А. С. Пушкин, номзади илмҳои санъатшиносӣ Ирина Захарова.

Ташкили намоиши мусаввараҳо ва асарҳои дигари санъати тасвирӣ дар мавзӯи афсонаҳои халқу миллатҳои дигар кори осон нест. Зеро қабл аз эҷоди асар дар ин мавзӯъ зарур аст, ки кӯдакон на танҳо афсона хонанд ё гӯш кунанд, балки дар бораи тарзи либоспӯшӣ, хонасозӣ, нақшунигори миллӣ, ороишот, расму оин, санъату фарҳанг ва манзараҳои табиати кишварҳо маълумоти муфассал дошта бошанд. Масалан, кӯдакону наврасони хитойӣ пас аз шунидани афсонаи тоҷикӣ бояд тасаввур карда тавонанд, ки чеҳраи тоҷикона чӣ гуна асту тоҷикон чӣ гуна либос мепӯшанд?

Нахустин намоиши мусаввараҳо 28 майи соли 2005 дар толори Осорхонаи санъати тасвирии Ҷумҳурии Халқии Хитой доир гардид. Ташаббускорони асосии намоишгоҳ Котиботи СҲШ, Осорхонаи санъати тасвирии ба номи А. С. Пушкини Россия, Иттифоқи рассомон ва Осорхонаи санъати тасвирии Хитой буданд. Дар он беш аз 2 ҳазор асар — мусаввара, коллаж, чиниворӣ ва лӯхтакҳои пурнақшунигори чӯбӣ ба маъраз гузошта шуданд.

Минбаъд чунин намоишгоҳҳо дар шаҳрҳои Остона (Қазоқистон), Тошканд (Ӯзбекистон), Москва, Қазон, Набережние Челни, Елабуга (Россия), Чанҷи, Шанхай, Гуанҷоу ва Ханҷоу (Хитой) низ ташкил гардиданд.

Чанде қабл бахшида ба 20 — солагии Созмони ҳамкории Шанхай ва давраи раёсати Тоҷикистон дар СҲШ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон таъсис дода шуд. Самтҳои асосии фаъолияти он тақвияти ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни давлатҳои аъзо, мусоидат ба эътимоди тарафайн ва ҳамсоягии нек, ҳамбастагӣ байни миллатҳо ва мазҳабҳо, рушди муколамаи тамаддунҳо, омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ, коркарди ташаббусҳо, ташкилу баргузории чорабиниҳои сатҳи миллию байналмилалӣ, фароҳам овардани шароит барои таҳкими фазои дӯстона байни ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайра аст.

- Яке аз самтҳои асосии ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ равобити фарҳангӣ буда, дар ин раванд «Афсона дар тасвири кӯдакон» мақоми хос дорад. Бо дастури Котиботи СҲШ лоиҳаи мазкур дастгирӣ ёфта, аз шаш давлати пешниҳодгардида дар панҷто — Қазоқистон, Қирғизис­тон, Россия, Ӯзбекистон ва Хитой чунин намоишҳо доир шуданд. Акнун навбати мост, — мегӯяд ҳамоҳангсози Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Шукрона Раҷабова.

Дар чорабинӣ намоиши расмҳое, ки дар он афсонаҳои мардуми давлатҳои аъзои СҲШ меҳваранд, дар назар аст. Зимни баргузории он дар ҳамкорӣ бо Котиботи СҲШ, марказҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ, сафоратҳои давлатҳои аъзо дар Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи давлатии санъати тас­вирии ба номи А. С. Пушкин ва дигар сохторҳои дахлдор ба нақша гирифта шудааст.

- Умед дорем, ки муаллимони фанни санъати тасвирии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ моро дар ин кор дастгирӣ менамоянд. Ҷоиз ба зикр аст, ки расмҳои беҳтарин аз ҷониби марказ қадрдонӣ хоҳанд шуд. Аминем, ки сеҳри мӯқалам миллатҳои давлатҳои аъзои СҲШ-ро боз ҳам ба ҳамдигар наздиктар месозад, — гуфт ­Шукрона Раҷабова.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»