Солҳо моро аз айёми даҳшатбори замони ҷанг дур месозанд. Атрофи набардҳои хунину шаҳидони ҷанги хонумонсӯзи солҳои 1941 — 1945 хотираҳо, нақлу ривоятҳо хеле зиёданд. Аз даҳҳо ҳазор иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ акнун дар саросари Тоҷикистони азизамон ҳамагӣ 800 нафар боқӣ мондаанду халос. Мо, насли замони шӯравӣ, одат кардаем, ки ҳар сол рӯзи 9 май дар суҳбати эшон бошем. Афсӯс, ки акнун суҳбат бо онҳо хеле кам моро насиб мегардад. Ҳарбу зарбҳо, ашки ҳасрати модарони чашминтизор ва кашидани бори вазнини занон дарақибгоҳ ба афсонае табдил ёфтааст барои имрӯзиён. Мо, кӯдакони замони баъдиҷангиро низ насиб афтода, ки гарде аз суфраи он рӯзгори вазнин бичашем…
Деҳаи Ҷонварсӯзи ноҳияи Файзобод солҳои аввали ҷанг ҳам чандон хурд набуд. Дар наздикии роҳи калон ҷойгир шудаву мардумаш дастурхондор буданд, ҳар роҳгузари шабмонда ҳатман шаби худро дар ин деҳа рӯз мекард. Аҳли савод низ буданд мардуми ин деҳ. Мирзо Муҳаммад Таққӣ, ки дар вазифаҳои масъули ҷумҳурии навташкил фаъолият мекард, фарзанди ҳамин деҳа аст. Ӯ хушхаттарин шахси водии Ҳисор ба ҳисоб мерафт ва соҳиби инъом — соати тиллоии шоҳи Афғонистон низ гардидааст. Олими шинохта Абдулғанӣ Мирзоев яке аз шогирдони ин марди бузург мебошад. Мирзоабдуқодир Шарифов, ки корманди ҳизбӣ буду босмачиён ӯро солҳои бистуми асри гузашта дар деҳаи Намадмолон ваҳшиёна ба қатл расониданд, зодаи Ҷонварсӯз буд. Мирзосаид Шарифов дар суди ноҳия кор мекард ва Солеҳ Сафаров раиси Ҷамоати деҳоти Файзобод буд.
Шаҳбозҳои ҷонварсӯз
Соли 1941 бо оғози ҷанг даҳҳо шаҳбозҳои деҳа ихтиёриву бо даъвати комиссариати ҳарбӣ ба хизмати аскарӣ рафтанд. Кӯтали Фотеҳахон то ҳанӯз ёд дорад маъракаи рафтани онҳоро. Маҳз аз ҳамин ҷо Даҳмарда Раҳимов, Самад Солеҳов, Маҳмадӣ Бобиев, Абдулло Бобишоев, Достак Ҳамидов, Салим Раҳимов, Қурбон Ятимов, Муродалӣ Расулов, Файзулло Зубайдов, Гурез Каримов, Шоҳмаҳмад Пиров, Абдуқаҳҳор Абдуллоев, Ғафур Баротов, Хайриддин Розиқов, Сайфулло Исҳоқов, Назаралӣ Алиев, Қаландар Абдуллоев, бародарон Ашӯру Нурулло Латиповҳо, Маҳмадқул Комилов, Бурӣ Ҷунайдов, Нарзулло Файзуллоев, Табар Раҳматов, Муҳиддин Иноятов, Хол Содиқов, Қурбон Шарифов, Теша Муъминов, Нуриддин Зуҳуров, Наим Азимовро мардуми деҳа дастфишон ба ҷанг гусел карда буданд. Корнамоии ҳамаи онҳо бо ордену медалҳои ҷангӣ қадр шудааст. Қаҳрамонии аксари онҳоро дар саҳифаҳои нашрияи ноҳиявӣ ҳам ба риштаи тасвир кашида будем. Баъди анҷоми ҷанг, ин шаҳбозон тоқа — тоқа ба Ҷонварсӯз баргаштанд. Ҷанг чашми онҳоро кушода буд: оламу одам, неку бадро дидаву мекӯшиданд ба қадри осмони соф, пораи нон бирасанд.
Аксари ин ҷавонмардон бо худ осори ҷангро низ оварданд. Нарзулло Файзуллоев аз як даст маҳрум шудаву Самад Солеҳов ва Хол Содиқов бо пойи маҷрӯҳ баргаштанд. Баъзеи дигарашон то лаҳзаҳои охирини ҳаёт дар бадан пораҳои тиру снарядҳоро гардонданд. Пас аз ҷанг онҳо баҳри ободию пешрафти Тоҷикистон дар корзори меҳнат низ қаҳрамонӣ нишон доданд. Номи Теша Муъминов, Нуриддин Зуҳуров, Маҳмадӣ Бобиев, Абдуқаҳҳор Абдуллоев ва Қаландар Абдуллоев ҳамчун пешсафони соҳаи маорифи ноҳия зикр мешаванд. Умр гузарон аст, афсӯс, ки дар соли Ҷашни 70 — солагии Ғалаба нафаре аз онҳо миёни мо нест…
Аз ҷанги Гирмон барнагашт…
Ёд дорам, ки болотар аз хонаи мо холаи Ҳусноро зиндагӣ мекард. Кампираки нурониву кушодачеҳра буд. Аз сари субҳ то нишасти офтоб зери дарахти тути дами дарвозааш рӯ сӯи роҳи калон менишаст. Баъзан мо, бачаҳои аз дили ӯ бехабар, кампирро ақлбохта пиндошта, бо табассуми истеҳзо сӯяш чашм мепартофтем. Гоҳҳо кампир аз «ёфтаву тофтааш» ба шириниҳо мо — бачаҳои шалворпӯшро зиёфат медод. «- Хӯреду дар ҳаққи шаҳбачаҳои ман дуо кунед, додаром, ки соқу саломат омаданд, ана тӯйи калон метумтон», — бо чашмҳои пурнам садоямон мекард ӯ. Чун оҳиста- оҳиста калон шудем, аз сӯзиши қалби ӯву охирин умедҳояш огоҳӣ ёфтем.
Нақл мекарданд, ки Ҳусноро тамоми шаб корҳои хонаро анҷом додаву бо дамидани субҳ роҳи шаҳбачаҳои ормонӣ — додаронаш Ашӯру Нуруллоро, ки дар ҷанги Гирмон шаҳид шуда будаанд, мепоид. Ба хати сиёҳи онҳо бовар надошт. Чандин даҳсола аз ҳар аскари навомада хабари додаронашро ҷӯё мешуд. Афсӯс, бо умеду интизориҳо аз дунё рафт.
Дар Ҷонварсӯз шаҳидони ҷанг кам нестанд. Ба ёди Хайриддин Розиқов, Достак Ҳамидов, Сайфулло Исоқов, Назаралӣ Алиев, Маҳмадқул Комилов, Бӯрӣ Ҷунайдуллоев наздиконашон ашки ғам мегиристанд. Онҳо дур аз Ватан ғарибхок шуданд, ба хотири имрӯзи фирӯзи мо. Тимсоли ҷавонмардони бонангу ор, ватандӯст буданд ин шаҳидон, ки арзандаи ҳама гуна қадрдониҳоянд….
Ақибгоҳ ҳам ҷанг буд
Хати ҷабҳа ҳазорон километр дур аз Тоҷикистон буд, аммо ақибгоҳ ҳам майдони ҷангро мемонд. Занони мардсифати Ҷонварсӯз чун панҷаи як ангушт шабу рӯз пайи кумаки фронт ба кори колхоз банд буданд. Соати фориғ надоштанд. Шиори ҳамаи онҳояк буд: «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба». Атрофи раиси колхоз Комил Убайдов муттаҳид шуда, шудгору кишт, дараву ба хирман кашонидани ҳосил, нигоҳубини гову мол ҳама ба дӯши онҳо буд. Аммо касе шикоят намекард. Мардони боқимондаи деҳа Бобишо Саъдуллоев, Шариф Гадо, Гул Баротов, Насриддин Қурбоновро, бинобар дар вазифаҳои давлатӣ кор карданашон, ба ҷабҳа набурданд. Онҳо ҳафтаҳо ба хона намеомаданд, пайи кор мегаштанд. Вазифаи пурмасъули муҳаррири газета, баъдтар раиси комиҷроияи ноҳияро Бобишо Саъдуллоев ба уҳда дошт. Гадо Шарифро соли 1941 бо гурӯҳи корӣ дар устуворкунии хатҳои мудофиа ба сифати роҳбари сиёсӣ ва тарғиботгар фиристода буданд. Пас аз ғалаба дар фронтҳои самти Москва ва Сталинград ӯро боз ба ақибгоҳ фиристоданд. Ду маротиба дар ин солҳои мудҳиш Гадо Шариф хӯрокаву пӯшокаи ҷамъовардаи мардуми ақибгоҳро ба хати пеши фронт бурд. Баъдтар ӯ бо Гул Баротов ва Насриддин Қурбонов дар газетаи ноҳиявӣ фаъолият мекард.
Ёд дорам: соли 1955 ҳама ба ҷашни 10-солагии Ғалаба омодагӣ мегирифт. Арафаи ин ид шабҳо аксар занони деҳа зери равшании чароғ дар хонаи бемардинаи мо ҷамъ меомаданд. Гирди дастурхони хоксорона ҳар яки онҳо аз лаҳзаҳои душвори ақибгоҳи ҷанг саҳифаи хотира дошт, ки бо ашку ҳасрат ва баъзан бо ҳазл қиссае аз он рӯзҳои душворро мекард.
Барои мо, писару духтарчаҳои 8 — 10 — сола шунидани ин қиссаҳо бисёр ҳам хотирмон буд.
Холаи Сочигул, ки кампири қозӣ ҳам мегуфтандаш, говдӯши номӣ буд. Ҳикоят мекард, ки «ба хотири пешрафти кор баъзан ду- се шаб хобро фаромӯш мекардем. Субҳу шом баъди дӯшидани говҳо рост ба саҳро ба гандумдараву шабдарав мерафтем. Бо испор замин шудгор мекардам. Худо ба мо қувва мебахшид».
Нағзигулу Ҷумъагул, Зумрат, Ҳусноро, Ҳурмат, Холбӣ, Сайбӣ, Мамлакат, Бираҷаб, Марҷон, Моҳбегим, Хосамоҳ низ дар дараву чигинакашӣ, хирманкӯбӣ, ҳатто аз мардон пеш гузаштанашонро ёд меоварданд. Боғҳои сабзонидаи занони солҳои ҷанг, ки то солҳои наздик 120 гектар буд, дастурхони мардумро пур мекард. Дар хотираҳои онҳо дард, аламу ранҷ ниҳон буд. Ёду ғами шаҳбозҳои ҷанг як сӯ ва матонату қувваи ҷавонмардӣ барои Рӯзи Ғалаба, ба хотири наҷоти фарзандон аз гуруснагию сардӣ сӯи дигар онҳоро ёр гашта буд. Оҳ мекашиданд, аммо оҳашон сабук набуд, маъниҳои зиёд дошт. Ба қавле, занони Ҷонварсӯз дар набардҳо ширкат доштанд ва бо сари баланд аз он гузаштанд….
Чанд сатре барои андеша
Ҳоло аз анҷоми он ҷанги хонумонсӯз ҳафтод сол сипарӣ шуд. Ягон-ягон мондаанд иштирокчиёни ҷанг. Аз он холаҳои ҷафокашидаи айёми кӯдакии ман ҳам қариб касе намонду пирӣ ҳам маро домангир шуда. Хотираҳои даврони ҷангу «майдаё» — гӯиҳои бобои Пиру Сафар ва дигар корнамоиҳои ақибгоҳи сангини он айём ҳам ба саҳифаҳои таърих кӯч бастанд. Пас аз даҳсолаҳо ҳамаи он корнамоиҳо чун афсонаи буду набуди замони ҷанг дар китоби хотираҳои ояндаҳо боқӣ хоҳад монд.
Тилло СОҲИБНАЗАР, Аълочии матбуот, маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Файзобод