Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз пайдоиши олам то ба ҳол ҷанги хонумонсӯзеро ба монанди Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) надидааст. Бар асари он тақрибан 40 кишвар харобу валангор гардида, зиёда аз 70 миллион (аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ беш аз 27 миллион) нафар ҳалок шудаанд.
Дар қатори намояндагони дигар миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ қариб 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон низ дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карданд. Онҳо, аз ҷумла дар озод кардани шаҳри Ленинград, ки 900 рӯз дар муҳосира монда буд, фаъол буданд. Барои далерию шуҷоатмандӣ дар ин муҳорибаҳо ҷанговароне чун Ҳабиб Юсуфӣ, бародарон Зайниддину Баҳриддин ва Шуҳрат Осимӣ бо ордену медалҳо сарфароз гардидаанд.
Он солҳо шаш нафар аз деҳаи Дишехи ноҳияи Балҷувон - Раҷабов Абдулло, Раҷабов Юсуф, Шукуров Ҳасан, Неъматов Иноят, Неъматов Қаноат ва Мири Шариф низ ба ҳимояи Ватан бархостанд. Гоҳ зери барфу борон, гоҳ миёни обу оташ, нимсеру нимгурусна сина сипар карда, Ватанро ҳимоя намуданд.
Онҳо, ки маҳорати ҷангиро дар шаҳри Смоленск омӯхта, аз тайёрии ҳарбӣ гузашта буданд, ба фронти Беларус (таҳти фармондеҳии маршал Жуков) фиристода шуданд.
Охирҳои моҳи декабри соли 1943. Барфи лаклакӣ он шабу рӯз беист мебориду ҷанг идома дошт. Армияи Шӯравӣ мавқеъҳои дар муҳосирамондаро рахна намуда, ба таркиши снаряду бомба ва оташи танкҳои душман нигоҳ накарда, ҳуҷумро идома медод. Дар яке аз задухӯрдҳо Абдулло Раҷабов бо ҳамяроқонаш Юсуф Раҷабов, Ҳасан Шукуров ва бародарон Неъматовҳо ба хандақи фашистон зада даромада, бо силоҳу ҷанги тан ба тан немисҳоро нобуд карданд. Ин мардони майдон зимни озод намудани шаҳрҳои Украина, Полша, Руминия ва Чехословакия низ корнамоии бемисл нишон доданд.
Абдулло Раҷабов дар яке аз муҳорибаҳо барои озод кардани Киев (моҳи феврали соли 1944) сахт маҷрӯҳ шуда, ду рӯз дар хандақ беҳуш хобид. Бегоҳӣ командири рота мувофиқи рӯйхат сарбозонро ҳозиру ғоиб кард ва маълум шуд, ки Абдулло Раҷабов дар миёнашон нест. Ба номи падари Абдулло хати сиёҳ ирсол гардид.
Падараш бо гирифтани хат як гӯсфанди калонро садақа кард. Сокинони деҳа пурсиданд, ки садақа барои кӣ аст? Баъди дуову фотиҳа аз ҷайбаш хати сиёҳи писарашро бароварда, ба ҳамдеҳаҳо гуфт, ки писараш беному нишон шудааст. Аҳли деҳа, хурду калон ба гиря даромаданд. Баъди се рӯз хати дигар омад, ки дар он хабар дода мешуд: Абдулло Раҷабов зинда, вале сахт маҷрӯҳ шудааст.
Ӯ баъди табобат ба Ватан баргашт.
Абдулло Раҷабов пеш аз ба ҷанг рафтан дар деҳа муаллим буд. Баъди бозгашт боз ба омӯзгорӣ рӯ оварда, дар ноҳияи Октябр, баъд дар ноҳияи Вахш, директори мактаб таъин шуд. Соли 1984 ба нафақа баромад. Соли 1971 барои хизматҳояш дар соҳаи маориф ба унвони «Аълочии маориф», соли 1988 бо ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи якум ва соли 1987 барои шуҷоат бо медали Жуков қадрдонӣ гардид.
… Вақте ки Абдулло Раҷабов дар беморхона шифо меёфт, ҳамдеҳагони ҳамяроқаш барои озод кардани Чехословакия сафарбар шуда, ҷароҳати вазнин бардошта, ба ҳалокат расиданд. Баъди ҷустуҷӯ аз бойгонии ҳарбии ИҶШС ҷавоб омад, ки Ҳасан Шукуров ва Юсуф Раҷабов аз дарвозаи қабристони калони Чехословакия 400 метр ба тарафи ҷануб ба хок супурда шудаанд.
Мири Шариф дар деҳаи Дишех муаллим буд. Он деҳаро колхози «Октябри Сурх» меномиданд. Мири Шариф дертар депутати Совети Олии ИҶШС интихоб ва мудири маорифи ноҳияи Балҷувон таъин шуд. Бо оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҷанг рафта, беному нишон гардидааст. Бародарон Иноят ва Қаноат Неъматовҳо низ аз ҳамин деҳа ба ҷанг рафтанд. Пас аз ҷанг Қаноат Неъматов ба Ватан баргашт. Пеши бараш пур аз ордену медал буд. Баъди муҳоҷир кардани мардуми деҳаи Дишех ба ноҳияи Фархор кӯчида омад ва то рӯзи вафот вазифаи котиби ташкилоти ҳизбии колхози «40-солагии Октябр»-и ноҳияи Фархорро ба зимма дошт. Фарзандонашон ҳоло дар он ҷо зиндагӣ ва кор мекунанд.
Иноят Неъматов бе ному нишон монд. Модараш — холаи Гулизор дар ғами ҷигаргӯшааш рӯзе набуд, ки оби чашм нарезад. Садои гиряаш ба осмон мерасид, хурду калони деҳаи Дишех ҳамроҳ бо ӯ мегиристанд.
Сарбози дигари дишехӣ — Карим Шарипов соли 1947 ба аскарӣ рафта, соли 1951 ба деҳа баргашт. Ин ҷавони хушқаду қомат, замоне ки бо ҳамхизматон вайронаҳои баъди ҷанг аз фашистон «меросмонда»-ро барқарор мекарданд, 22 сол дошт.
Карим Шарипов чандин сол дар вазифаҳои котиби Шӯрои «Саталмуш», мудири шуъбаи Кумитаи ҳизбии ноҳияи Балҷувон кор кард. Дар ноҳияҳои Муъминобод ва Данғара мудири шуъбаи омор буд.
Ӯ барои меҳнати шоён бо унвони фахрии «Иқтисодчии хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон», ордени Нишони фахрӣ ва ифтихорномаҳо аз Раёсати омори СССР, Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардонда шудааст. Солҳои охири ҳаёташ ба сифати раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Данғара фаъолият менамуд.
Номи неку корномаи онҳое, ки зикр намудем, барои насли имрӯз дарси зиндагӣ ва намунаи хизмати содиқона барои халқу Ватан аст. Хотираи неки ин мардони наҷиб ва ҷанговарони ҷасур дар қалбҳо абадан боқӣ хоҳад монд. Тавре шоир фармудааст:
Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест,
Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад.
Маҳмадраҳим РАҶАБОВ,
раиси Шӯрои собиқадорони ҷанговарони интернатсионалисти ноҳияи Вахш