Дар толори КВД КТН «Шарқи озод» нишасти матбуотӣ таҳти унвони «Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобохоҷаева, директори генералии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика Зафарҷон Азизов, намояндаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Павел Урсу, намояндагон аз Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ Лола Бобохоҷаева зикр намуд, ки ҳадаф аз гузаронидани чорабинии мазкур васеъ намудани сатҳи фарогирии эмгузаронӣ ба воситаи баланд бардоштани дониши аҳолӣ оид ба зарурати гузаронидани ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ ва ҳуқуқи ҳар як кӯдак нисбати муҳофизати ӯ аз бемориҳои сироятӣ мебошад. Бояд зикр кард, ки ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 то 27апрели соли ҷорӣ гузаронида мешавад.
Д. ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»