24- уми апрели соли 2023 дар меҳмонхонаи «Сирена» нишасти матбуотӣ дар робита ба «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» баргузор гардид. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Амирзода иброз намуд, ки аз 24 то 30 апрели соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» гузаронида мешавад.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ доир гардид. Ҳадафи «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» он аст, ки кӯдаконе, ки дар давраи пандемия дар канор монда буданд, ба ваксина фаро гирифта шаванд. Ҳамасола Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Бюрои минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро ҷонибдорӣ намуда, дар «Ҳафтаи аврупои иммунизатсия» чорабиниҳои тарғиботиро тавсеа бахшида, роҳҳои самараноки ваксинатсияро, дар амал ҷорӣ менамояд.
Дар нишасти мазкур сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис, сардори Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский ва директори генералии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» Ф. Саидзода оид ба баргузории ҳафтаи иммунизатсия ва манфиати он суханронӣ намуда, минҷумла зикр карданд, ки ваксинаҳо бар зидди бемориҳои сурхча, гулафшон, гулӯзиндонак, кабудсулфа ва фалаҷ гузаронида мешавад.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»