Агар хомӯш биншинам, гуноҳ аст

№136-137(4719-4720) 15.11.2023

Истифоданашуда (6)Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ фармудаанд:

 

Чу коре бе фузули ман барояд,

Маро дар вай сухан гуфтан нашояд.

В-агар бинам, ки нобинову чоҳ аст,

Агар хомӯш биншинам, гуноҳ аст.

Чун ба воқеа ва фоҷиаҳои олам назар меафканам, шукрона мекунам, ки дар сарзамини тоҷикон сулҳу оромӣ ҳукмфармост. Шукрона мекунам, Худованд барои миллати заҷрдидаи мо Сарвари давлатеро насиб гардонд, ки тамоми мушкилотро ба дӯши хеш гирифта, танҳо барои таъмини зиндагии шоистаи миллати хеш заҳмат мекашад. Ҷавонмарде, ки ҳастиашро вақфи хизмати мардум намудааст.

Мою шумо ба пуштманзари зиндагии хеш бояд ҳар шаб аз оинаи дил назар афканем, бурдубохти миллатро дар тарозуи ақл баркашем ва сар ба рӯи даст бигзорему андешем, ки барои ҳифзи ин ҳама дастовардҳо бояд чӣ корҳоеро ба анҷом расонем.

Вожаи Ватан барои инсон ҳамрадифи вожаи Модар азизу муқаддас бояд бошад. Ватан низ модар аст, ки баъди ба дунё омадани тифл ӯро ба оғӯш мегирад ва агар модар як ё ду сол ба инсон шир диҳад, Ватан то охири умр ӯро мехӯронаду мепӯшонад.

Шоири маъруф Рустами Ваҳҳоб дар як шеъраш гуфтааст:

На сар гуфтам, на по гуфтам,

на ҷон гуфтам, на тан гуфтам,

Ватан гуфтам, Ватан гуфтам,

Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.

Ҳазорон бор «мо» гуфтам,

касе ҳамдил нашуд аммо,

Ҷаҳоне зидди ман шӯрид,

агар як бор «ман» гуфтам.

Агар ба маънии ин байтҳо сарсарӣ назар афканем, гумон мекунем, нафаре аз рӯзгори хеш қисса мекунад, вале чун ба пуштманзари он нигарем, мебинем, ки дар байти дувум сухан аз забони мамлакати ҷавону соҳибистиқлоли мо меравад. Маҳз Тоҷикистони азиз ҳамеша «мо» буд, яъне ҳеҷ гоҳ худро аз мардуми олам ҷудо накард ва акнун, ки аз номи мардуми кишвар «ман» мегӯяд, душманони миллати тоҷик ба ғазаб меоянд. Онҳо хоҳиш надоранд, ки Тоҷикистон як давлати озод ва мустақил бошад. Ҳамин аст, ки аз «ман»-и мо ҳарос доранд ва талош мекунанд, ки озодии онро маҳв кунанд.

Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки мардуми ватандӯст ҳар куҷо буданд, танҳо бо ёди Ватан буданд. Шунидам, ки ҳангоми ҷонсупорӣ шоҳидон охирин ҳарфҳое, ки аз забони шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ шунидаанд, чунин будааст: «Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб». Ҳол он ки шаҳри Табрез Ватани дувуми шоир буду фарзандон, шогирдон ва дӯстонаш дар он шаҳр иқомат мекарданд.

Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик вақти ҳиҷрат аз Ватан як каф хок бардошт ва номае навишт, ки онро айнан пешкаш менамоем:

«Эй он ки мурдаи ман ба дастат меафтад, агар некхоҳи одамон ва ватандӯст бошӣ, маро бо ин як каф хок гӯрон, ки ин ёдгории Ватани азизи ман аст!»

Мо бояд аз Ватан даъвое надошта бошем. Ҳамин кофист, ки ин Ватани бузург вуҷуд дорад. Яъне, соҳибватан ҳастем. Магар аз ин дида бахти бузург ҳаст?

Дар боло гуфтем, ки шукронаи Пешвои миллатро мекунем. Ба хотири равшантар гардидани мақсад аз шукргузорӣ мехос­там андешаҳоямро ин ҷо иброз намоям.

Мо бояд хуб дарк кунем, ки ин зиндагии пур аз саодат ва ин кишвари орому осуда барои мо осон муяссар нашудааст. Заҳмату ҷонфидоиҳои мардест, ки ба хотири Ватан ва миллат на шаб хуфта ­асту на рӯз ором гирифтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд чунин шароити хубро фароҳам оранд. Сулҳу оромиро дар мамлакат пойдор гардонида, дӯстию бародариро байни сокинони мамлакат мустаҳкам намояд. Ба қадри заҳматҳои ӯ расидан вазифаи тамоми мардуми Тоҷикистон аст.

Зиндагиномаи Президенти мамлакат, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи мактаби беҳтарин барои онҳоест, ки мехоҳанд ба халқу Ватан хизмате карда бошанд. Ин Абармард аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ба як кишваре, ки маҳз, дар асоси пешниҳодҳои оқилонаи вай сохта шудааст, нишон дода тавонистанд, ки инсони соҳибдил ба кадом корҳо қодир аст. Ибтидо миллати пора-пораро ба ҳам оварданд. Бунёди дӯс­тии мардумро поя гузоштанд. Вайронаро чаманистон карданду хористонро гулис­тон. Арӯсони бебахтро падар шуду ятимони бекасро соҳиб. Пирони мафлукро даст гирифта, маъюбони дилшикастаро ба зиндагӣ дилгарм намуданд. Ҳар бор, ки аз пешонаи ятиме падарвор мебӯсанд, он тифл бепарастории худро фаромӯш менамояд. Шаҳрҳои бузург бунёд намуданд. Роҳҳое сохтанд, ки пайвандгари дилҳо шуд. Билохира, баъди кашидани ин ҳама ранҷ, дар қалби он одамоне, ки ин хоку об ва ин диёри биҳиштосоро дӯст медоранд, ба қадри заҳматҳо, ба қадри шабзиндадории ӯ мерасанд, нангу ор доранд, қасрҳо сохтанд. Яъне, макони вай дигар дар рӯйи замин нест, балки дар қалби поки инсони поксиришт аст. Ҳеҷ беватане, мунофиқе, ҳасуду кинаваре наметавонад ӯро аз ин макон берун кунад, номашро аз лавҳи хотири наслҳои ҳазорсолаи баъдӣ бизудояд. Тоҷикистонро ӯ машҳури олам гардонид.

Ба қавли шоири бузурги асри XIX Тош­хоҷаи Асирии Хуҷандӣ:

 

Одамият чист? Худро дур

аз шарр доштан,

Хайрхоҳи халқ будан,

нафъи безар доштан.

Солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистон, баъд аз соҳибистиқлолӣ ба фоҷиаи бузург гирифтор шуд. Маҳз, дар чунин шароити душвор, хушбахтона, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омаданд. Агар номбурда ғами мардумро намехӯрданд, агар барои якпорчагии Тоҷикистон талош намекарданд, бешубҳа, он бесарусомониҳо то дер давом мекарданд. Ин ҷавонмарди шариф коре карданд, ки имрӯз ҷаҳониён аз мактаби сулҳофариниаш, мактаби созандагию ободкориаш дарси ибрат мегиранд.

Бунёди НБО «Роғун» агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, ҳанӯз солҳои ҳаштодуми асри ХХ тарҳрезӣ шуда буд ва ҳамон солҳо қисме аз корҳо ба анҷом расонида шуданд. Мутаассифона, боду борон ва обхезиҳо он корҳои анҷомдодаро хароб карда буд. Касе бовар надошт, ки дигар давлатмардони кишвар барои бунёди ин сохтмони бузурги аср машғул мешаванд. Замони соҳибистиқлолии кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк карданд, ки бе бунёди ин коргоҳи бузурги барқӣ Тоҷикистон наметавонад аз бунбасти мушкилот раҳоӣ ёбад ва пеши худ мақсад гузошт, ки бояд неругоҳ сохта шавад. Баробари баёни матлаб сафи душманони мардуми Тоҷикистон афзуд. Аз дохилу хориҷи кишвар садоҳо баланд шуданд. Баъзеҳо бо тамасхӯр сухан гуфтанд ва бун­ёди НБО «Роғун»-ро ҷуз сароб надонистанд. Мубориза байни хайру шарр оғоз шуд. Қувваҳо нобаробар буданд, аммо муҳаб­бат ба Ватан ва садоқат ба миллат ба Пешвои миллат зӯру тавон дод. Дар муқобили он қувваҳои муқтадир тавонистанд бо ақлу заковат ва матонату ҷасорат ба орзуи чандинсолаи тоҷикон ҷомаи амал пӯшонид. Ҳамин номусу ҷавонмардӣ, садоқат ба халқу Ватан буд, ки хайр ба шарр ғолиб омад. Баъд аз сиву шаш сол Вахш маҷрояшро дигар кард…

Аз он шукрона ва ифтихор мекунам, ки қатори зиёиёни кишвар дар ин чорабинии муҳим ширкат доштам. Он лаҳза, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон паси чанбари булдозер нишаст, дар чашмони ҳозирин ашки шодиро дидам. Лаҳзае, ки булдозер бо як маром сангу хокро ба дарё тела медод, садои аҳсант аз ҳар ҷониб баланд мешуд. Онҳо бовар карданд, ки Сарвари давлат барои таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон ба иҷрои ҳар кори душвор омодаанд. Бо ин рафторашон исбот карданд, ки метавонем якҷо тамоми мушкилотро аз байн барем ва кишварамонро ба гулистони ҳақиқӣ табдил диҳем. Сарвари давлат дар он соат сабақи ватандорӣ ва нангу номусро мегуфт.

Ҷои таассуф аст, ки насли калонсол дар суҳбатҳо ба ҷавонон ҳақиқати ҳолро намефаҳмонанд. Дар бораи ормонҳои ҳазорсолаи ниёкон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бештар намегӯянд. Ҳамин аст, ки бархе аз ҷавонони ноогоҳ дар ғурбат зуд ба доми фиреби душманони миллати тоҷик ва душманони башар меафтанд ва на танҳо ба ҷони ҷавони худ ҷабр мекунанд, балки барои хешу ақрабо бадбахтию бадномӣ меоранд.

Шумо хуб медонед, ки низоми давлат ба инсоф ва адолати шахси аввал иртиботи қавӣ дорад. Агар сарвар одилу боинсоф бошад, ҷомеа рӯ ба рушд меорад. Мою шумо шоҳиди одилию боинсофии Пешвои миллат ҳастем.

Мақсад аз мисолҳои оварда он аст, ки бояд дар дили ҳар як нафари соҳибнанг ишқи Ватан — Модар ҷой дошта бошад ва кӯшад, ки дар роҳи ҳимояи Ватан як лаҳза ҳам дар ғафлат намонад. Ватанро дӯст дораду барои шукуфоии он талош варзад. Мо насли калонсол дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон фориғболӣ накунем. Онҳоро дар мактаби маънавии Пешвои миллат обутоб диҳем. Чун Тоҷикистони азиз имрӯз рӯ ба рушду нумӯст, вазифаи мост, ки пайи ободӣ ва ҳифзи марзу буми худ саъй кунем. Дуо кунем, ки Пешвои миллат сиҳату саломат ва неруманд бошад ва чун чароғи ҳидоят роҳи моро барои ояндаи дурахшон мунаввар гардонад.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»