Пешниҳод

Агар Кӯлоб бо Музаффаробод бародаршаҳр шавад…

№16 (4599) 25.01.2023

caption (1)Дар доираи сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон 14-уми декаб­ри соли 2022 як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Исломобод, ба имзо расид.

Ҳамин тавр, Исломобод 21- умин бародаршаҳри Душанбе гардид. Боиси хушнудист, ки дар арафаи бародаршаҳр эълон шудани пойтахтҳои Тоҷикистону Покистон миёни ҳар ду шаҳр парвози ҳавопаймоҳо ба роҳ монда шуд. Хатсайрро сокинони ҳар ду кишвари дӯст дер боз интизор буданд, зеро то ин дам сокинони Тоҷикистону Покистон барои ба кишвари ҳамдигар рафтан тавассути шаҳрҳои Истанбулу Дубай сафар  мекарданд, ки 24 соат сарф мешуд. Акнун парвоз ба як самт ҳамагӣ якуним соатро дар бар мегирад.

Бартарии хатсайри мазкур боз дар он аст, ки сокинони ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ метавонанд тавассути ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» бо масири  наздику арзон ба пойтахти Покистон раванд.

Хатсайри мазкурро бояд барои рушди сайёҳии кишвар истифода барем, зеро дар шаҳри Кӯлоб оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мавҷуд аст, ки аксари покистониён ӯро пиру  муршиди хеш мешуморанд.

Мутафаккири  шинохта Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар «Ҷовиднома» ном асараш дар хусуси таъсири Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба Кашмир ва мардуми он чунин фармудааст:

Сайидуссодот солори Аҷам,

Дасти ӯ меъмори тақдири  умам…

Муршиди он кишвари минуназир,

Миру дарвешу салотинро мушир…

Офарид он мард Эрони сағир,

Бо ҳунарҳои ғарибу дилпазир.

Ихлоси кашмириён ба Шоҳи Ҳамадон то ҳаддест, ки баъди тавофи Хонаи Каъбаю Масҷиди  Набавӣ ва Байтулмуқаддас зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро барои худ шараф меҳисобанд. Ман чандин покистониёнро дидам, ки бо фахр дар бораи зиёрати мақбараи Шоҳи Ҳамадон нақл карданд.

Олими покистонӣ доктор Ҳусайни Тасбеҳӣ бо тахаллуси «Раҳо» дар васфи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ қасидае бо номи «Ҳамадонинома» навиштааст, ки чунин оғоз мешавад:

Эй Алӣ, эй сайиди кашмириён,

Сайидуссодоти покистониён.

Эй амири кишвари ирфону ишқ,

Гулшани покӣ ту аз эрониён.

Корвони ошиқон гашта равон,

Сӯйи Кашмир омаданд аз Хуталон.

Шоир сифатҳои Шоҳи Ҳамадониро васф карда, чун аксар  покистониён аз Худо хос­тааст, ки зиёрати марқади Мир Сайид Алии Ҳамадониро дар Хуталон (Кӯлоб) барояш насиб гардонад:

Эй Худои поку беанбози мо,

Кун насибам то бубинам Хуталон.

Ходими он даргаҳи воло шавам,

Раҳматаш бар сар бигирам соябон…

Мардуми Кашмиру Покистон ҳама,

Дил супурда дар раҳат пиру ҷавон…

Оташи ваҳдат зи ту рахшон шуда,

Ҳам ба Покистону Эрону ҷаҳон.

Аз ин рӯ, масъулони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳии шаҳрҳои Душанбею Кӯлобро зарур аст, ки дар бораи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, шаҳри Кӯлоб ва атрофи он ба забонҳои англисӣ, урду ва форсӣ маълумоти ҷолиб нашр кунанд. Ба ин восита теъдоди ихлосмандони зиёрати марқади Шоҳи Ҳамадон бештар хоҳад шуд.

Беҳтар мебуд, ки шаҳри Кӯлоб бо шаҳри Музаффаробод, ки ҳамагӣ 80 километр аз Исломобод дур аст, бародаршаҳр шавад.  Ин иқдом боиси бештар муаррифӣ шудани ин  шаҳри бостонӣ дар Покистон хоҳад гашт.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»