- Таъмини амнияти озуқаворӣ ҳадафи стратегӣ буда, дар ин самт дар ноҳияи Рашт тадбирҳои зиёд андешида мешавад, — иброз дошт муовини раиси ноҳия Саидбег Идибегзода.
Дар ноҳия 4649 гектар замини корам мавҷуд буда, аз он 3339 гектар обӣ мебошад. Дар асоси нақшаи дурнамое, ки Вазорати кишоварзӣ тасдиқ кардааст, имсол бояд дар 3123 гектар, аз ҷумла 932 гектар ғалладонагии баҳорӣ, 417 гектар зироати равғандеҳ, 1500 гектар картошка, 250 гектар сабзавот ва 24 гектар зироати хӯроки чорво, кишт шавад.
Лозим ба ёдоварист, ки кишоварзони ноҳияи Рашт дар 769 гектар кишти тирамоҳии ғалладонагиҳоро гузарониданд, ки аз нақша 2 гектар зиёд мебошад. Баҳори соли ҷорӣ дар 636 гектар ғалладонагӣ, беш аз 300 гектар картошка, 192 гектар зироати техникӣ, 24 гектар зироати хӯроки чорво гузаронида, 17,52 гектар боғи нав бунёд гардид.
- Меҳнаткашон дар баробари растанипарварӣ ба соҳаи чорводорӣ низ машғуланд. То 1-уми апрели соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия саршумори чорвои калон 101 ҳазору 636 сарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5347 сар зиёд мебошад.
Саршумори моли майда 253 ҳазору 877 сар буда, дар қиёс ба соли гузашта 5081 сар зиёд мебошад, — гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ҳамчунин, хоҷагиҳои ноҳия дар ихтиёри худ 2002 сар асп, 124 ҳазору 195 сар мурғ ва 22 ҳазору 831 оилаи занбӯри асал доранд.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли гӯшт 327,1 тонна (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31 тонна зиёд), шир 3332 тонна (дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 198 тонна зиёд), тухми мурғ 917 ҳазор дона (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,9 ҳазор дона зиёд) мебошад.
Дар идомаи суҳбат зикр шуд, ки дар ноҳия аксар хоҷагиҳои деҳқонӣ имкони ташкил кардани фермаҳои хурди чорворо доранд. Дар ин замина имкон аст, ки саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшту шир зиёд гардад.
- Мушкилоти асосии соҳаи чорводорӣ набудани нуқтаи замонавии коркарди гӯшту шир мебошад, — гуфт муовини раиси ноҳия.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»