Пӯшида нест, ки имрӯз буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба сатҳи зиндагии сокинони сайёра таъсири манфии худро расонидааст. Ҳар оила кӯшиш мекунад, ки сарфаю сариштакорӣ намуда, зиндагиашро пеш барад. Ман аз соли 1983 то соли 2002 дар яке аз қисмҳои низомӣ ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор карда, ба нафақа баромадам. Аз сабаби бедарак шудани шавҳарам бо писари ягонаам – Умед танҳо монда, дар хобгоҳи кӯчаи Ҷомии пойтахт зиндагӣ мекунам.
Умед донишҷӯйи соли дуюми Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе мебошад. Барои мани нафақахӯр пурра супурдани маблағи шартномаи таҳсили писарам душвор аст. Бо мақсади супурдани 50 фоизи шартнома ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ муроҷиат намудам. Чанд моҳ гузашт, вале ҷавобе нагирифтам.
Ба хотири гирифтани маълумотномаи камбизоатӣ ба Муассисаи хоҷагии коммуналии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат кардам. Дар он ҷо ба ман гуфтанд, ки «нафақаатон 400 сомонӣ аст, шумо ба гурӯҳи камбизоатон дохил намешавед». Хуллас, ба ман маълумотномаи камбизоатӣ надоданд, то ки ба ҷойи таҳсили писарам пешниҳод кунам.
Магар барои нафақахӯр хӯрондану пӯшонидани оила ва пардохти ҳаққи таҳсил осон аст? Аксар ашёи хонаро, ки аз даврони шӯравӣ монда буд, бо нархи ночиз дар бозори кӯҳнафурӯшӣ фурӯхтем. Дигар чизе надорем, ки ба бозор барорем. Наход идоранишинони Муассисаи хоҷагии коммуналии ноҳияи Сино ҳоли маро дидаву дониста, маълумотнома надиҳанд? Магар шахсе, ки 400 сомонӣ нафақа мегирад, сарватманд маҳсуб меёбад?
Заррагул Мамадризоева , сокини кӯчаи Ҷомӣ 50, шаҳри Душанбе