Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат солҳои охир саҳмгузории занон дар пешрафти диёр бештар гардид.
Ба гуфти мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Нисо Азизова, ҳоло дар ноҳия шумораи занон ба 62 ҳазору 353 нафар расидааст, ки 32 ҳазору 734 нафарашон қувваи қобили меҳнат мебошанд. Аз ҷумла, онҳо дар соҳаҳои тандурустӣ 430 нафар, маориф-333, фарҳанг-60, соҳибкории хурду миёна-62, бонкӣ 13 нафар фаъолият менамоянд. 191 нафар бону дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла, муовини раиси ноҳия, 5 муовини раиси ҷамоат, 13 директори муассисаи таълимӣ, 9 муовини директори муассисаи таълимӣ, мудири бахши бойгонӣ, 2 мудири боғчаи бачагона ва 68 нафар ба сифати роҳбари хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд. Дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 9 зан ҳуқуқу манфиатҳои интихобкунандагонро ҳимоя мекунанд.
Хушбахтона, сафи донишҷӯдухтарон низ хеле афзуд. Ҳоло 362 нафар дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, 382 нафар дар Коллеҷи тиббӣ, 143 нафар дар Коллеҷи омӯзгорӣ, 24 нафар дар Литсейи касбӣ техникии ноҳия ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар донишгоҳҳои олии кишвар тибқи Квотаи президентӣ 159 нафар таҳсил доранд.
Дар баробари муваффақиятҳо дар ин самт баъзе камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Фаъол набудани шӯроҳои занон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо яке аз онҳо маҳсуб мешавад. Масъулин дар ин самт бояд тадбирҳои саривақтӣ андешанд. Бегуфтугӯ, агар шӯроҳои занон дар маҳалҳо фаъол шаванд, бонувон дар пешрафти ҷомеа саҳми бештар хоҳанд гузошт.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»