Аз бунёди Артиши миллӣ то қиссаи марги як афсари шуҷоъ
«Агар шаҳид шавам, манаҳи маро бо Парчам мебандӣ, агар ту шаҳид шудӣ, ман ин корро мекунам». Ин паймонро Шуҳрат Наҷмиддинов зимни як муноқишаи марзӣ бо ҳамхизмати худ мебандад. Ӯ ин ҳангом дар ҷайбаш Парчам дошт ва ин парчам нишони муҳаббат ба Ватан буд, ки то вопасин лаҳзаҳои умр бо худ нигоҳ дошт. Шуҳрат дар ин муноқиша ба шаҳодат расид ва ҳамхизматаш ба паймони бастаашон содиқ монд.
Зиҳӣ миллате, ки чунин афсарони баору номус дорад.
Ин қиссаи ҷавонмардона дар роҳи ҳимояи Ватан ҷон супурдани як афсари Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мо онро ҳаргиз фаромӯш нахоҳем кард. Воқеан, Артиши миллии мо, ки аз таъсис ёфтани он 32 сол сипарӣ мегардад, то имрӯз садҳо ҷавононеро ба камол расонд, ки ҳар кадом барои ҳимояи ин Ватан чун Шуҳрат ҷони худро дареғ намедоранд. Инро метавон бузургтарин дастоварди Артиши миллӣ номид.
Албатта, ин аввалин артиши тоҷикон нест. Аз авроқи зарди таърих, ки дар худ садҳо далели муътамад маҳфуз дорад, хуб медонем тоҷикон аз халқҳои қадимтарини Осиёи Миёна ба шумор мераванд ва дар тӯли таърих империяҳои бузург, артиши пуриқтидор доштанд, ки барои ҳифзи марзу буми ниёгони хеш бо тавонотарин истилогарони замони худ дастбагиребон шудаю то вопасин нафас мубориза бурдаанд. Мардум қаҳрамонони худро дӯст дошта, номи некашонро дар шеъру қиссаю достонҳо абадан зинда нигоҳ доштаанд.
Рустам — номовартарин қаҳрамон аз «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ волотарин намоди мардонагию далерию фидокорӣ мебошад, ки мо то имрӯз ба ифтихораш ҷигарбандонамонро Рустам ном мегузорем. Мехоҳем чун ӯ ҳимоятгари марзи меҳан бошанд, дар роҳи хизмат ба Ватан бузургтарин манфиати шахсиро сарфи назар ва кӯчактарин манфиати давлату миллатро ҳифз намоянд.
Аз Спитамен, Катан, Деваштич, Муқаннаъ, Шерак, Ғурак, Бобак, Восеъ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум… дар ҷилд-ҷилд китобҳое, ки муаррихон навиштаю интишор намудаанд, ҳамчун ҳимоятгарони аслии Ватан, шаҳидони роҳи озодӣ ёд мешавад. Воқеан, ҳар кору пайкори ин мардони фотеҳ сабақ аст. Сабақи ҳаёт, мубориза, ҷавонмардӣ, шуҷоат, эҳтироми ниёгон ва ватандӯстӣ…
Артише, ки имрӯз сипари боэътимоди мо буда, бо шарофати он ҳеҷ кас ҳадди убури сарҳади ҷумҳуриамонро надорад, артише, ки ҳоло устуворона озодии шаҳрвандон ва амнияти кишварро пурра таъмин менамояд, ҳамагӣ сию ду сол муқаддам таъсис ёфтааст, ки созандааш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Зарурати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ба миён омад. Ҳамагон хуб медонем, балки аз ёди мову хотираи таърих ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳад шуд, ки мардуми тоҷик дар ин марҳилаи давлатдорӣ чӣ рӯзҳоеро аз сар мегузаронданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, буҳрони сиёсию иқтисодӣ кишвари тозаистиқлоли моро домангир буд. Тоҷиконе, ки дар тӯли таърих ҳамеша қӯшун доштанд, ки аз манфиатҳои миллию сиёсию давлатиашон ҳимоя мекард, дар ҳамин марҳилаи ҳассос бе артиш монданд. Ҳимояи сохти нави давлатдорӣ, бартараф намудани қувваҳои зид ва аз парешонӣ эмин доштани тоҷикон таъсис додани Артиши миллиро тақозо мекард.
Ҳамон гунае, ки дар таърих қӯшуни тоҷикон ҳамеша манфиатҳои миллиро ҳимоя намуда, зидди истисморгарони давр мубориза мебурд, Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо роҳбарии Сарфармондеҳи Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои фаъолият муқобили душманони давлату миллат амал кард ва дар барқарор намудани сулҳи сартосарӣ, сулҳе, ки бо шарофати он имрӯз Тоҷикистон дар саросари дунё маълуму машҳур мебошад, нақши муниру мондагор гузошт.
Артише, ки ҳини таъсиси он на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддию техникӣ ва на мутахассису кадрҳои касбӣ, бо дастгирии Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина ташаккул ёфт. Барои фаъолияти босамари ин ниҳод, омода кардани мутахассисони касбӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам шуд. Қисму воҳидҳои ҳарбӣ ташкил ва дар онҳо заминаҳои моддию техникӣ муҳайё гардид.
Имсол 32-солагии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Мо ба Артиши миллии худ, ки садҳо ҷавонони баору номусу далерро ба ҳам овардааст, ифтихор дорем. Ҳамаи онҳоеро, ки ба савганди худ содиқ монда, чун ворисони Шерак, Спитамен, Ғурраку Муқаннаъ… барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ ва суботу оромии ҷомеа сина сипар менамоянд, эҳтиром мекунем. То вопасин нафас шамъи хотираи онҳоеро, ки дар роҳи ҳифзи Ватан ҷон супурдаанд, фурӯзон нигоҳ медорем.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»