Ҷайҳун. 123 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шуд

№ 07.06.2021

Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун соли ҷорӣ дар майдони 4 ҳазору 23 гектар пиёз кишт кардаанд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 300 гектар зиёд мебошад.

Тавре зимни суҳбат сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Пирназар Нуров иттилоъ дод, то охири моҳи май ҳосили зиёда аз 3 ҳазор гектари маҳсулот, ба миқдори 123 ҳазор тонна ҷамъоварӣ ва пешкаши харидорон шудааст. Аз маҳсулоти ҷамъоваришуда 15 ҳазор тоннаи он ба хориҷи мамлакат содирот гардид.

Тибқи нақша, соли равон кишоварзони  ноҳия бояд 160 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ намоянд, ки ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 400 — сентнерӣ баробар мебошад. Аксар кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун аз камарзиш будани ин навъи маҳсулот шикоят доранд. Нархи як килограмм пиёз то 20 дирам поён фаромадааст, ки деҳқонон ҳатто хароҷоташонро намепӯшонанд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»