Имсол кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун дар 2596 гектар кишти пиёз гузарониданд ва бояд 90 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ намоянд. Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун Нуралӣ Валиев гуфт, ки то ин вақт аз 2010 гектар дар маҷмӯъ беш аз 70 ҳазор тонна пиёзи хушсифат ҷамъоварӣ шуд, ки ба ҳар як гектар 350 сентнерӣ рост меояд.
То ин замон ба хориҷа 3 ҳазор тонна пиёз содирот шуда, мувофиқи дурнамо ин нишондиҳанда бояд ба 19 ҳазор тонна расонида шавад.
Нуралӣ Валиев изҳори нигаронӣ аз он кард, ки бо вуҷуди арзон будани нархи пиёз харидорон каманд. Мувофиқи иттилои ӯ, пиёз аз деҳқон бо нархи 35-40 дирам харидорӣ шуда истодааст.
- Соли гузашта арзиши як килограмм пиёз 1 сомонию 60 дирамро ташкил медод. Аз набудани талабот дар саҳро зиёда аз 20 ҳазор тонна пиёз бе харидор мондааст, — изҳор намуд Нуралӣ Валиев.
Сулаймон Султонов, «Садои мардум»