Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии ҳосили сабзӣ бо маром идома дошта, кишоварзон ҳосилнокиро нисбат ба соли гузашта хубтар арзёбӣ мекунанд.
Тибқи иттилои сардори бахши кишоварзии ноҳия Диловаршо Собирзода, соли ҷорӣ дар майдони 3200 гектар кишти сабзӣ ба роҳ монда шуда, аллакай зиёда аз 1000 гектари он ҷамъоварӣ гардид. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар то 300 – 350 — сентнерӣ расонида шуда, маъракаи ҷамъоварии ҳосил то моҳи январи соли равон идома хоҳад кард.
Аз майдони умумии заминҳои киштшуда 2900 гектар ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 370 гектар ба аҳолӣ рост меояд. Барои ғунучини сабзӣ зиёда аз 1000 нафар сокинони маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб шуда, бо маоши хуб таъмин мебошанд.
Парвариши сабзӣ дар кишти такрорӣ ба роҳ монда шуда, сад фоизи дурнамои кишти такрории ин маҳсулотро дар бар мегирад. Ба ғайр аз сабзӣ зимни кишти такрорӣ дар майдони 3400 гектар пиёзи барвақтӣ, 1230 гектар гандум ва 250 гектар хӯроки чорво парвариш ёфта истодааст, ки нашъунамои онҳо хуб мебошад.
Дар маҷмӯъ, дар ноҳия дар майдони 13 ҳазору 60 гектар кишти такрории зироатҳои гуногун ба роҳ монда шудааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»