Дар шаҳру навоҳии кишвар ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдкорӣ бомаром идома дошта, иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Дар ноҳияи Айнӣ низ эъмори иншооти ҷашнӣ ҷараён дорад.
Тавре аз бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия иттилоъ гирифтем, бунёд ва навсозии 499 иншоот дар назар буда, то ба ҳол беш аз 403 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти боқимонда идома дошта, мутасаддиён вазифадор гардидаанд, ки онҳоро бо риояи унсурҳои миллии шаҳрсозӣ бунёд намоянд. Бо мақсади ҷалби сокинон ба варзиш ва оммавӣ намудани он дар ноҳия ҳашт толори варзишӣ, 13 майдончаи варзишӣ бо харҷи ду миллиону нуҳсаду шонздаҳ ҳазору дусад сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин, дар мавзеи Дашти Айнии деҳоти ба номи Айнӣ варзишгоҳ барои шашсад ҷойи нишаст бунёд гардида истодааст. Сохтмони иншооти зикргардида соли 2018 оғоз ва соли ҷорӣ дар Рӯзи ваҳдати миллӣ ба истифода дода шуданд.
Барои рушди соҳаҳои маориф ва фарҳанг нуҳ муассисаи томактабӣ, 24 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 14 китобхона, 25 клуб ва қасри фарҳангӣ бунёд ва навсозӣ гардиданд. Бинои мактаби замонавӣ барои 640 хонанда дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Зеробод, мактаб-интернат ва хобгоҳи замонавӣ барои 300 хонанда дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22-и деҳаи Анзоб то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Соҳибкор Шарофқул Ҳасанов тасмим гирифтааст, ки дар деҳаи Хушекат бо харҷи зиёда аз 2,5 миллион сомонӣ фермаи парандапарварӣ (барои парвариши 20 ҳазор сар паранда) бунёд намояд.
Дар деҳаи Айнии деҳоти ба номи Айнӣ сохтмони фермаи ширию молӣ идома дорад, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Музаффар Қозиев бо харҷи зиёда аз 2,5 миллион сомонӣ бунёд мегардад. Он барои парвариши 200 сар моли калон пешбинӣ шудааст.
Дар робита ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 — «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ якчанд иншоот барои қабули сайёҳон бунёд гардиданд. Аз ҷумла, 10 меҳмонхона барои қабули сайёҳон дар мавзеъҳои «Искандаркӯл», «Кӯли Аловуддин» — и деҳоти «Фондарё» ва «Қалъаи Томин»-и деҳоти Айнӣ ба меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат расонида истодаанд.
Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ мақсаднок ба роҳ монда шуда, дар 57 шаҳраку деҳа хати оби нӯшокӣ кашида шуд. Бо дарназардошти далелҳои овардашуда метавон гуфт, ки сокинони ноҳияи Айнӣ ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол хоҳанд гирифт.
Рӯзибойи УМАР,
«Садои мардум»