Айнӣ. Қутоспарварӣ бештар рушд хоҳад кард, агар…

№8 (4428) 08.01.2022

20211027_092255Қутоспарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ва камхарҷи чорводорӣ буда, дар минтақаҳои баландкӯҳ манбаи истеҳсоли маҳсулоти гӯшт ва пӯсти аз ҷиҳати экологӣ тоза ба шумор меравад. Дар минтақаҳои баландкӯҳи ноҳияи Айнӣ аз соли 2008 парвариши қутос ба роҳ монда шудааст.

Сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Мансур Носиров иброз дошт, ки ҷиҳати иҷрои «Барномаи рушди қутоспарварӣ дар хоҷагиҳои ноҳия», барои самаранок пеш бурдани корҳои илмиву селексионӣ олимони соҳаи қутос­парварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон якҷо бо мутахассисону роҳбарияти Раёсати кишоварзии ноҳияи Айнӣ аз имконияту шароит самаранок истифода мебаранд.

- Қутосҳо ба ҳавои камоксиген мутобиқ буда, дар шароити аз сатҳи баҳр 1800 — 2000 метр баланд зиста метавонанд. Аз ин лиҳоз, иқлими сарду хунук ва камалафи чарогоҳҳои баландкӯҳи водии Зарафшон ба талаботи физиологӣ ва биологии қутосҳо мувофиқ мебошанд. Тараққӣ додани соҳаи қутоспарварӣ имкон фароҳам меорад, ки аз чарогоҳҳои табиии баландкӯҳ гӯшти арзону парҳезиро истеҳсол намоем. Дар ноҳия ба нигоҳубин ва парвариши ин навъи чорво 12 хоҷагӣ машғуланд. Аз ин миён хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Аслиддинов ва «Россия» пойгоҳи илмию тадқиқотии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикстон мансуб мешаванд, — зикр кард М. Носиров. Таҷрибаи чандинсола нишон дод, ки қутосҳо дорои вижагиҳо ва ба шароити баландкӯҳ мутобиқ буда, ба истеъмоли алафи замин қаноат мекунанд. Ин ва дигар бартарият зоҳир намудани таваҷҷуҳи бештар ба қутоспарвариро ҳамчун соҳаи мусоидаткунанда барои ба даст овардани маҳсулоти арзон тақозо менамояд.

Бо қарори мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди олимони Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷиҳати офаридани зоти нави қутосҳои «Зарафшон» тасдиқ ёфт, ки яке аз дастовардҳои олимони соҳа дар давраи соҳибистиқлолӣ мебошад. Қутосҳои «Зарафшон» аз ҷиҳати афзоиш тобоварӣ ва қобилияти ба иқлим мутобиқшавӣ аз ҳамтаборони помирии худ бартарӣ доранд.

Бояд гуфт, ки дар ҳама шакл­и хоҷагидории ноҳияи Айнӣ айни ҳол 1075 сар қутос парвариш мешавад, ки 738 сар ба хоҷагиҳои деҳқонӣ мансуб буда, 337 сари онро қутосҳои аҳолӣ ташкил медиҳанд. Аз таҳлилҳои оморӣ бармеояд, ки дар 13 соли охир теъдоди қутосҳо дар ноҳия аз 485 сар ба 1075 сар расидааст.

- Монеаи асосии рушди соҳа нарасидани чарогоҳҳост. Бинобар миқдори зиёди моли майда байни истифодабарандагони чарогоҳ баъзе нофаҳмӣ ба миён меояд. Яке аз роҳҳои ба рушди соҳа мусоидаткунанда озод намудани хоҷагиҳои қутоспарварӣ аз андози чарогоҳ ва аз ҳисоби захираҳои давлатӣ, иловатан ҷудо намудани чарогоҳ мебошад. Агар мушкилоти зикршуда ҳал гардад, қутоспарварӣ дар ноҳияи Айнӣ бештар рушд хоҳад кард, — илова кард номбурда.

Рӯзибойи УМАР,

«Садои мардум»