Қалъаи Хуҷанд навсозӣ мешавад

№41 (4781) 03.04.2024

khujand-krepostСоли панҷум аст дар иншооти таърихӣ-фарҳангии Қалъаи Хуҷанд барқарорсозӣ идома дорад. Он бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъмиру навсозӣ гашта, барои анҷоми кор меъморон ва ҳунармандони забардасти вилоят ва олимону бостоншиносон ҷалб шудаанд.

Қалъа дорои таърихи беш аз 2500-сола дошта, аз куҳандиж, шаҳристон ва работ иборат буда, масоҳати он беш аз 6 гектар аст. Дар ин мавзеъ, ҳамзамон, бостоншиносон корҳои ҳафриётӣ гузаронида, солҳои 2019-2021 наздики ҳазор нигораи гуногуни таърихӣ кашф шуд.

- Бозсозӣ бо назардошти моҳияти таърихии қалъа анҷом дода мешавад. Дар асоси лоиҳа деворҳои куҳандиз пурра эҳё мегарданд. Ҳоло бунёди бинои маъмурӣ, намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, ҳаммом, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон идома дорад, — гуфт зимни суҳбат сардори идораи сохтмони асосии вилояти Суғд Мақсудҷон Муродов.

Бино ба иттилои масъулин, дар дохили бинои осорхона бунёди панҷ толори намоишӣ ва дар таҳхонаи он толор барои баргузории конфронс, мулоқоту вохӯриҳо, ҳуҷраҳои корӣ, устохонаҳои рассомӣ дар назар аст.

Дар қисмати шимолу шарқии қалъа то кунун маҳаллаи Хуҷанди қадима навсозӣ шудааст, ки мавзеи хонаву ҳавлиҳои табақаи коргар, тоҷиру ҳунарманд ва дигар қишри ҷомеаи мадании шаҳр маҳсуб меёбад.

Масъулин нақша доранд, ки ин маконро ба мавзеи инъикосгари таъриху маданияти тоҷик ва сайёҳӣ табдил диҳанд.

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»