Қалъаи Муғ. Наврӯзгоҳе, ки се маротиба хароб ва аз нав эъмор шуд

№39 (3833) 29.03.2018

Лоиха ва тачдидБаҳор ба шаҳри Истаравшан, ки дар доманаи кӯҳҳо ҷойгир аст, 15 — 20 рӯз дертар, баробари омад — омади Наврӯзи хуҷастафол, фаро мерасад ва он ба 15 — 20 март рост меояд.

Баҳорро, хусусан кӯдакон, бо муштоқӣ мунтазир мешаванд. Зеро дар аввали баҳор гули бойчечак чеҳра меафрӯзад, ки онро «гули наврӯзӣ» мехонанд.

Баробари аз зери барф сар баровардани гул онро ҳамчун пайки Наврӯз ва паёмовари баҳор бо ҳавас гирифта, хона ба хона мегардонанд ва баробар суруд мехонанд:

Бойчечак аз дур омад,

Аз почакаш хун омад…

Бойчечак — бойчечак.

Аксар вақт як нафар байт мехонад. Масалан:

Бойчечако уварӣ,

Майдони бовом ҷуварӣ…

Дигарон бо як овоз ба нақарот ҳамроҳ мешаванд:

Бойчечак-бойчечак…

Садои бачаҳоро шунида, соҳибони хона ба берун мебароянд. Хоса, пиразанҳо бойчечакро бӯй мекашанд ва ба чашмон молида чунин мегӯянд:

- Шукр, ки чашмонам муждаи баҳорро боз мебинанд. Сад бор шукр, ки ба соли нав ва ба баҳори нав расидем. Эй гули ҳама гулҳо, вазнинии моро гиру сабукиҳоятро деҳ. Моро ба соли нави дигар расон!

Гулгардонии «бойчечак» аз суннатҳои хеле қадимаи Наврӯзи Истаравшан буда, таърихи бисёрҳазорсола дорад. Хурсандибахш аст, ки ин анъана имрӯз ҳам дар байни халқ пойбарҷост.

Дар Истаравшан, бино ба иттилои муаррих Аҳрор Мухторов, дар гузашта ду наврӯзгоҳ мавҷуд буд, ки дар ду тарафи шаҳр бо номи Тал ва Муғ қарор доштанд. Дар маҳалҳои мазкур бостоншиносон зимни ҳафриёти анҷомёфта осори оини зардуштӣ, аз ҷумла оташкадаеро кашф намудаанд, ки ба давраи Ашкониёну Сосониён мансубанд.

Як маросими дигари аз қадим боқимондаи Наврӯзи Аҷам «Ҷуфтбаророн» ном дошта, ҳар сол, тақрибан 10 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, ҷашн гирифта мешавад.

Барои гузаронидани он деҳқонон пешакӣ тайёрӣ мебинанд. Тухмиву олоти кишоварзӣ ва ҷуфти говро омода сохта, саҳарии барвақт куҳансолтарин сокини деҳа тухми умедро ба замин мепошад. Ҳамин тавр, кишти баҳорӣ оғоз мешавад, мардум ба шудгор кардани замину шинонидани ниҳол оғоз мекунанд.

Суманак як ҷузъи «ҳафт син» — и наврӯзӣ буда, дар Истаравшан бо номи «сумалак» машҳур аст. Онро баъзан ба маънии «сӣ малак», яъне «сӣ фаришта» низ шарҳ медиҳанд. Аз қадимулайём ин навъи таоми наврӯзии хушлаззатро занон омода мекунанд.

Дар зери дег оташи муътадил афрӯхта, ба дег равған мемоланд. Ба дохили дег 7 дона сангча ва 7 адад чормағз (қаблан шуста тоза карда шудаанд) андохта, сипас як қисми маҳсулоти омодашудаи суманакро ҳамроҳ мекунанд. Корҳои минбаъда дастҷамъона иҷро мешавад. Занон бо навбат ба дег кафча мезананд.

Дар баъзе деҳоти Истаравшан ба ғайр аз орду шираи гандум ба суманак қиёми набот низ ҳамроҳ мекунанд. Дар ин ҳолат суманак ширин шуда, муддати дароз таъму мазаи худро нигоҳ медорад.

Бештари ҷашнҳое, ки дар ­гузашта (ва имрӯз низ) дар шаҳри бос­тонии Истаравшан баргузор мегардиданд, дар Теппаи Тал ва Қалъаи Муғ сурат мегирифтанд.

Шаҳри Истаравшан аз қадимулайём ҳамчун маҳалли косибону ҳунармандон ном бароварда буд. Аз ин рӯ, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллию мардумӣ маҳсулоти косибию ҳунармандӣ дар наврӯзгоҳ ба намоиш ва фурӯш бароварда мешуданд. Растаҳои мӯзаву маҳсидӯзон, олкорон (рангфурӯшон), сандуқсозон, читфурӯшон, гулдону деги мис ва дигар асбобу анҷоми рӯзгор аз ҳамон ҷумлаанд. Ба ҷуз ин, дар қисмати ҷанубии нав­рӯзгоҳ дорбозон ҳунар нишон медоданд.

Қисмати шарқии Теппаи Тал як нишебии табиии бузурге монанди «амфитеатр» дошт, ки онро «маҳалли гӯштингирон» менономиданд. Паҳлавонони номӣ ҳар сол дар он аз гӯшаю канори Осиёи Миёна ҷамъ меомаданд.

Дар Қалъаи Муғ, ки асрҳои миёна аз 9 то 12 ҳазор одам иқомат доштаанд, Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мекарданд.

Қалъа дар тӯли умри беш аз 2500 — сола 3 маротиба хароб гардида, барқарор шудааст. Мегӯянд, ки бори охир, солҳои 30-юми садаи гузашта, он бо «имои бурути» як зимомдори бефарҳанги шаҳр ба хок яксон карда шуд.

Хушбахтона, бо шарофати ҷашни 2500 — солагии Истаравшан ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарвозаи он аз нав бунёд шуд. Ҳоло бо дастгирию раҳнамоиҳои Пешвои миллат ва ҷидду ҷаҳди раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода наврӯзгоҳи Истаравшан — Қалъаи Муғ бо шукӯҳу шаҳомати қадимӣ барқарор шуда истодааст.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

«Садои мардум»