Алҳол 338 иштирокчии ҶБВ барҳаётанд ва ҷавонтарини онҳо 94-сола аст

№56 - 57 (3850-3851) 08.05.2018

Галаба1111111Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ натиҷаи ҷоннисориҳои халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла тоҷикону тоҷикис­тониён, мебошад. Аз ин рӯ, ҳеҷ давлат ва ё шахси алоҳидае ҳақ надорад бо бузург нишон додани худ саҳми дигаронро дар таъмини он сарфи назар намояд. Зеро маҳз дӯстии халқҳо ва аз як гиребон сар баровардани онҳо зидди аду ҷаҳониёнро ба ғалаба шарафёб гардонд. Аз кишвари мо зиёда аз 300 ҳазор нафар дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намудаанд, ки 92 ҳазори онҳо барнагаштаанд. Мувофиқи маълумот 54 шаҳрванди Тоҷикистон бинобар нишон додани корнамоии беназири ҷангӣ ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 15 нафар бо се ордени «Шараф»  мушарраф гардидаанд. Қобили зикр аст, ки бинобар ноҷуриҳои давр хизмати даҳҳо нафари дигар аз Тоҷикистон, ки бояд бо унвони олии қаҳрамонӣ қадр карда мешуданд, сарфи назар гардида ва ё ҳуҷҷатгузорӣ нашудааст, ки дар ин бора солҳои охир дар матбуоти даврӣ матлаби  зиёд нашр мешавад. Дар баробари ин, он замон аҳолии кишвар дар ақибгоҳ тамоми кӯшишу заҳматро барои таъмини фронт бо хӯрокаву пӯшока равон намуд. Дар давраи ҷанг меҳнаткашони ҷумҳурӣ  ба Фонди мудофиа зиёда аз як миллиард сӯм ва 40 ҳазор пуд ғалла ворид намуданд. Аз ҳисоби маблағҳои ҷамънамудаи ҳамватанон колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон», «Эскадрилияи тайёраҳои ҳарбии Тоҷикистони Шӯравӣ» ташкил намуда, ба ҷабҳа фиристода шуд. Ҳамчунин, тоҷикистониён ба майдони набард 151 вагон хӯрокворӣ, 532 ҳазор  адад сарулибос, 123,8  ҳазор пӯсти гӯсфанд, 93,4 ҳазор килограмм пашм, зиёда аз 25 ҳазор метр матоъ фирис­тоданд. Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон истеҳсоли аслиҳа, тир, либоси ҳарбӣ, матои парашютро ба роҳ монданд. Ба фронт аз ақибгоҳ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳазорҳо тонна гӯшт,  меваи тару хушк ва ғайра фиристода шуд. Ғайр аз ин, кишвари мо ҳазорон нафар беморону маҷрӯҳони минтақаи ҷангро қабул намуда, ба табобат фаро гирифт.

Дар он солҳо, бинобар ба ҷанг сафарбар шудани мардҳо, аксари коргаронро занон ташкил медоданд. Масалан, агар соли 1941-ум 50 дарсади коргаронро занҳо ташкил медоданд, соли 1945 ин рақам ба 70 дарсад баробар шуд. 70-80 дарсади коргарон ҷавонон буданд. Қобили зикр аст, ки дар баробари мардҳо занҳои тоҷик низ дар муҳорибаҳо бевосита иштирок намуда, қаҳрамонӣ нишон додаанд.

Аз ин ҷост, ки дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон муносибат ба собиқадорони ҷангу меҳнат, ки маҳз хизмати содиқонаи онҳо ба зиндагии озоду осудаи имрӯзиён замина гузоштааст,  самимиву оқилона аст. Ҳар сол дар арафаи иду ҷашнҳо масъулини идораву корхонаҳои давлатӣ  иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуда, онҳоро бо  мукофоту туҳфаҳо қадрдонӣ мекунанд.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмат Қудратов гуфт, ки имсол ба муносибати 73 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳисоби Президенти кишвар ба ҳар як иштирокчии ҷанг 4 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо низ муваззаф гардидаанд, ки илова ба кумаки Роҳбари давлат маблағ ҷудо намоянд. Аз ин ҷост, ки барои ҳар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании сокини шаҳри Душанбе аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1500 сомонӣ ва аз ҳисоби чор ноҳияи пойтахт 1000 сомонии дигар маблағ ҷудо шудааст, ки дар маҷмӯъ 6500 сомониро ташкил медиҳад.

- Ин маблағ, — гуфт Раҳмат Қудратов, — дар маҷмӯъ ба захираи яксолаи маҳсулоти хӯрок­вории иштирокчии ҷанг мерасад.

Бино ба маълумоти пешниҳоднамудаи ӯ, айни замон дар кишвар 338  нафар иштирокчии ҷанг ҳаёт ба сар мебаранд, ки ҷавонтарини онҳо 94 — сола мебошад. Аз нафарони ба унвонҳои баланд сазоворшуда танҳо як нафар- Абдуназар Фармонқулов дар қайди ҳаёт аст, ки бо се ордени «Шараф» мушарраф гардидааст ва айни ҳол дар шаҳри Истаравшан зиндагӣ мекунад. Аз занҳо ду иштирокчии ҷанг боқӣ мондаанд.

Қудратов мегӯяд, ки ҳангоми иштирок дар пленумҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии байналмилалии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки соле як маротиба дар шаҳри Москва баргузор мегардад, намояндагони дигар давлатҳоро доир ба кумакҳои роҳбарияти Тоҷикистон шинос менамояд. Бино ба гуфти ӯ, иштирокчиёни пленум ба Президенти кишвар ҷиҳати зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор додани собиқадорони ҷанг изҳори сипос менамоянд.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки заҳмату хизмати ҳеҷ нафар дар назди халқу Ватан фаромӯш намешавад. Агар нафаре умрашро бо хизмати содиқона сипарӣ намояд, ҳатман подоши онро хоҳад гирифт. Зиндагӣ ва корнамоии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои ҷавонон дарси ибрат аст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»