Ҷаласаи кории Раиси шаҳри Душанбе

№111 (3412) 19.08.2015

Городская ума палата17 августи соли 2015 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корию ихтисосӣ доир гардид.

Дар ҷаласа дар радифи натиҷагирӣ аз ҳолати татбиқи барномаҳо, ба ифтихори 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ  то 1 сентябри соли равон ба маблағи беш аз 1 млрд. сомонӣ ба истифодадиҳии фондҳои асосӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои молиявии буҷетию субъектҳои соҳибкорӣ ва дар ин зимн таъсиси қариб 1700 ҷойи нави кори доимӣ ва омодасозии шаҳр ба Ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаи иҷрои рисолатҳои касбӣ аз ҷониби иттифоқҳои касабаро дар ҷодаи ҳимояи ҳуқуқи кормандон ва ташкили шароити иҷтимоии корӣ дар субъекти хоҷагидории шаҳр, сарфи назар аз шакл ва тобеияти идоравӣ, мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар иртибот ба ин аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ва иттифоқҳои касабаи соҳавӣ даъват ба миён овард, ки санҷиши шароити кории кормандонро бо ҷалби дигар ниҳодҳои масъул, қабл аз ҳама, аз корхонаҳои сернуфузи шаҳр оғоз намуда, дар ҳамкорӣ бо корфармоён баҳри ҳимояи ҳуқуқи коллективҳои меҳнатӣ тадбирҳои судманд андешанд.

Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаи аз ҷониби сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ мавриди санҷиш қарор додани ҳолати санитарию экологӣ, ба роҳ мондани назорати муттасил аз болои 1116 нуқтаи партовҷамъкунии шаҳраку маҳаллаҳо бо насби камераҳои мушоҳидавӣ аз соати 05 то 20, дар се бахши панҷсоата, роҳандозӣ намудани навбатдории кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо, масъулини сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, инчунин санҷиши вазъи беҳдошту истифодабарии дарёҳои марзгузари шаҳр, қабл аз ҳама фаъолияти корхонаҳои саноатии ба истеҳсоли қуму сангреза машғулбуда, баррасӣ гардида, аз тарафи раиси шаҳр ба масъулин супоришҳо дода шуданд.

Ҳамзамон бо дарназардошти фарорасии соли нави таҳсил масъалаҳои омодабошии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани масъулияти коллективҳои омӯзгорию кумитаҳои падару модарон дар роҳандозии таълиму тарбияи босифат, пеш аз ҳама, таҳти назорати интерактивии волидону комиссияҳои марбутаи Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои пойтахт қарор додани раванди таълим дар мактабҳо аз ҷониби раиси шаҳр ба риштаи таҳлил кашида, ба роҳбарони соҳа дастурҳои мушаххас дода шуд.

Инчунин дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев диққати роҳбарони ширкатҳои пудратии иншооти таъмиру азнавсозӣ ва сохтмони роҳҳои аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ амалишавандаро ба иҷрои босифати корҳои лоиҳавӣ ҷалб намуда, дастур дод, ки иншоотро дар муҳлатҳои лоиҳавӣ мавриди истифода қарор диҳанд.

Ш. САИДОВ