Дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи якҷояи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони вилояти Суғд баргузор гардид,ки дар он мавзӯи «Риояти назорати иҷрои қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди экстремизм,терроризм ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Дар кори ҷаласа раиси Шӯрои ҳамоҳансозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд — прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Назарзода Шариф Раҳмон, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд Тоҷиддин Шовалиев, муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва раиси Суди вилоят Анвар Иброҳимзода атрофи ин мавзӯъ ибрози назар намуданд.
Зимни муҳокимаи мавзӯъ намояндагони сохторҳои давлатӣ, ходимони дин, ҷавонон ва адибон терроризму экстремизмро якдилона маҳкум карда, аҳли ҷомеаро ба муборизаи беамон бар зидди ин вабои аср даъват намуданд.
Таъкид шуд, ки дини мубини Ислом ба ҳеҷ ҳизбу ҳаракат ниёз надорад ва дар ҷавҳари худ на қатлу ғорат, балки танҳо меҳрубонию шафқатро таблиғ мекунад.
Барои иштирокчиёни ҷаласа филми мустанад бо номи «Хиёнат» манзур шуд, ки доир ба ҳадафҳои нопоки ифротгароён ва гумроҳшавии ҷавонони кишвар таҳия шудааст.
Аъзои Шӯро инчунин пешниҳоди прокурори вилоятро оид ба қабули Барномаи вилоятии муқовимат бо терроризму экстремизм дастгирӣ намуданд.
А. САЛИМЗОДА, «Садои мардум»