Ёздаҳуми июни соли 2021 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия нахустин ҷаласаи Шӯрои коршиносони Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ оид ба илм ва маориф, аз тариқи фосилавӣ, доир гардид, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Рӯзномаи ҷаласа масъалаҳо «Дар бораи самтҳои кори Шӯрои экспертӣ оид ба илм ва маориф дар Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», «Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи илм ва маориф» ва «Макон ва баргузории ҷаласаи дуюми Шӯрои коршиносони Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ оид ба илм ва маориф»-ро дар бар гирифт.
Қобили зикр аст, ки Шӯрои коршиносон мақоми машваратии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ мебошад, ки бо мақсади бо ҳам наздик намудани қонунгузории кишварҳои ИДМ дар соҳаи илм ва маориф таъсис ёфтааст.
Он олимон ва мутахассисони маъруфи соҳаи илм ва маорифро муттаҳид намудааст, ки намояндагони давлатҳои аъзои АБ ИДМ мебошанд. Раиси Шӯрои коршиносон ректори Донишгоҳи политехникии шаҳри Санкт-Петербург, узви Академияи илмҳои Россия, доктори илмҳои техникӣ, профессор Андрей Рудской мебошад.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, баррасии самтҳои кори Шӯрои коршиносон ва ироаи пешниҳодҳо оид ба ташаккули нақшаҳои дарозмуддати қонунгузории намунавӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи илм ва маориф мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳо қабул шуданд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ