Ҷаласаи васеи кории Раиси шаҳри Душанбе

№144-145 (3445-3446) 29.10.2015

26 октябри соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дарназардошти таҳлили муроҷиатҳои сокинон ба телефонҳои навбатдории шабонарӯзӣ аз вазъи таъминоти шаҳр бо неруи барқ изҳори нигаронӣ намуда, зикр кард, ки омодагиҳои Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» — зерсохтори ШСХК «Барқи Тоҷик» ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола эътимоднок нестанд ва ногузир аст, ки ҷамъияти мазкур дар ин самт чораҳои муассиртар андешад.

Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои таҳлилу воқеияти рақамҳои оморӣ оид ба натиҷаи нишондодҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр, вазъи  иҷрои нишондодҳои буҷети шаҳр, ҷамъоварии андозҳои иҷтимоии буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, мақсаднок сафарбарсозии маблағҳо дар ташкилоту идораҳои коммуналӣ, роҳандозии инвентаризатсияи умумӣ ва пурсамар истифодабарии моликияти коммуналӣ, шароити корӣ ва ҳимояи ҳуқуқи кормандон дар субъектҳои хоҷагидории шаҳрию ноҳиявӣ мавриди таваҷҷуҳи махсуси Раиси шаҳр қарор гирифтанд.  Вобаста ба ин масъулини шаҳр ва роҳбарони сарраёсатҳои омору молия, раёсатҳои андоз, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, Идораи фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки ҳар кадоме дар доираи салоҳият ва масъулияти хизматӣ фаъолияташонро баҳри амалисозии барномаҳои иҷтимоии давлатӣ, ки ба хотири таъмини шароити зиндагии арзандаи сокинон равона шудаанд, пурзӯр намоянд.

Ҳамчунин Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи ҳозиринро ба тарбияву ҷалби мутахассисони ҷавон ба хизмати давлатӣ дар сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ, дастгирии ҳатмии истеҳсолкунандагони ватанӣ зимни хариди молу таҷҳизот барои эҳтиёҷоти ташкилоту идораҳои буҷетӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, назорат ва ҳамаҷониба мусоидат намудан ба  фаъолияти муназзами корхонаҳои нави  саноатии дар асоси барномаҳои шаҳрӣ дар соли равон таъсисёфта ҷалб карда, дастур дод, ки ҳар моҳ аз натиҷаи фаъолияти анҷомдода дар ин самт ба Раиси шаҳр иттилоъ диҳанд.

Бо дахли масоили хизматрасониҳо, қабл аз ҳама роҷеъ ба беҳбудбахшии сатҳ ва сифати мусофиркашонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, таъминоти аҳолӣ ва дигар муштариён бо оби нӯшокӣ, барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ ва насби камераҳои мушоҳидавию риояи реҷаи навбатдориҳо дар нуқтаҳои партовҷамъкунӣ, равшаннамоии кӯчаҳо, чароғонию ороиши мавзӯии шаҳр, шинонидану нигоҳдошти гулу буттаҳои мавсимӣ дар кӯчаю хиёбонҳо ва боғу чаманистонҳои шаҳр, ғановати бозори истеъмолӣ ва захираи анвои маҳсулот дар бозорҳои коммуналӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев  ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дод, ки  дар муҳлати ду ҳафта дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳа ҷиҳати амалисозӣ консепсияи нави чаманистонсозии шаҳр таҳия ва пешниҳод карда шавад.

Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои омодагии ҳамҷонибаи шаҳр ва субъектҳои хоҷагидорию сокинон ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорӯ, қабули ҳайати бонуфузи бародаршаҳри Душанбе аз шаҳри Урумчии Ноҳияи Мухтори Синзиян — Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой дар рӯзҳои наздик ва татбиқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ ба истиқболу таҷлили сазовори Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардиданд.

Зимни баррасии  омодагиҳо ба ҷашни 25-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласа гуфт, ки ҷиҳати мукаммалсозии барнома ва дарёфти таклифу пешниҳодоти наву замонавии сокинон назарсанҷии мушаххас  гузаронида шавад.

Ш. САИДОВ