Алишер Мирзонабот: «35 – солагии истиқлолияти давлатиро бодастовардҳои арзанда истиқбол мегирем»

№114 (4534) 12.09.2022

FB_IMG_1662964060720Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар зарфи 31 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешравиҳои зиёд ноил гардида, дар ин раванд бунёдкориву созандагӣ бомаром ҷараён доранд. Дар робита бо нақши арзандаи соҳибистиқлолӣ дар рушди вилоят ва дигар паҳлуҳои он бо раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ суҳбат доштем.

- Муҳтарам раис, тавре маълум аст, имсол ба ҷашни бузурги умумимиллӣ — Истиқлолияти давлатӣ 31 сол пур мешавад ва албатта ин ормони чандинасраи миллати мо буд, ки як давлати комили миллӣ дошта бошем. Перомуни пешравии вилоят дар замони соҳибистиқлолӣ чӣ назар доред?

- Албатта, ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ рӯйдоди хеле муҳими таърихӣ ва тақдирсоз барои миллати азияткашидаи тоҷик буда, он ормони чандинасраи мардум аст. Ҳоло ба хотири гиромидошти ин санаи тақдирсоз барои мардуми шарифи тоҷик дар тамоми гӯшаю канори мамлакат, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо шукӯҳу шаҳомати хос тантанаҳо идома доранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун меъмори давлати навини тоҷикон эътироф гардидааст, истиқлолиятро барои халқ ҳадяи бебаҳои таърих номида, устувору пойдор нигоҳ доштани онро масъулияти таърихии наслҳои имрӯза арзёбӣ намудааст. Имрӯз Тоҷикистонро аксар давлатҳои дунё ба расмият шинохта, бо бештари давлатҳои дунё муносибати дипломатӣ дорад.

Ба туфайли Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи амалигардонии чор ҳадафи стратегӣ Тоҷикистони азизамон тавонист, ки дар муддати кӯтоҳ босуръат рушд намояду аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёбад ва истиқлолияти энергетикиро ба даст ораду таъмини амнияти озуқавориро ҳифз намояд. Дар заминаи бунёди иншооти саноатӣ ва ба кор андохтани зарфиятҳои мавҷуда саноатикунонии кишвар зина ба зина амалӣ шуда истодааст. Соҳаҳои маориф, тандуруcтӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, варзиш ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба дастовардҳои бесобиқа ноил гаштанд. Кифоя аст, ки аз сохтмони чанд иншооти муҳиму бузург, яъне Неругоҳи барқи обии «Роғун», шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма, нақбҳои «Истиқлол», «Хатлон» ва «Шаҳристон» ёдовар шавем.

Мардуми сарбаланди Бадахшон ин ҷашни муқаддаси миллиро имсол дар фазои озоду ором бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтанд. Раванди созандагиҳо дар ҳама гӯшаву канори вилоят бомаром идома доранд.

Ҳоло дар миқёси вилоят аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, бинои таълимии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи профессор Моёншо Назаршоев, бинои 12-ошёнаи хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳри Хоруғ, ду блоки биноҳои истиқоматӣ ва бинои Беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Роштқалъа, майдони варзишӣ барои 4000 ҷои нишаст дар ноҳияи Ишкошим, бинои кӯдакистон барои 200 нафар ва бинои комплекси хизмати маишӣ дар ноҳияи Ванҷ идома ёфта, аксарашон имсол ва боқимонда соли оянда ба истифода дода мешаванд. Инчунин, аз ҷониби дирексия бунёди биноҳои нави беморхонаи марказии вилоятӣ, корпуси дуюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8, биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 4 ва 6 дар шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шуда, дар шаҳр имсол 2 километр роҳ чароғон ва 6 километри дигар мумфарш карда мешавад.

Дар маркази ноҳияи Роштқалъа лоиҳакашии сохтмони бинои Қасри фарҳанг аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Инчунин, ниҳоди мазкур бунёди варзишгоҳ дар маркази ноҳияи Рӯшонро соли 2023 идома дода, сохтмони бинои хонаҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ дар ноҳияи Шуғнон ва Боғи фарҳангиву фароғатӣ дар ноҳияи Ванҷро аз ибтидои соли оянда оғоз менамояд. Дар ноҳияи Дарвоз аз ин ҳисоб сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва толори варзишӣ дар деҳоти «Сағирдашт» мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чун як ҷузъи ҷудонашавандаи кишвар дар зарфи 31 сол албатта, дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ куллан тағйири симо кард. Дар ин маврид чӣ гуфтанӣ доред?

- Пешвои миллат ҳанӯз соли 1995 дар назди фаъолони вилоят иброз доштанд, ки «Ман аминам, ки шумо Бадахшонро ба яке аз муҳимтарин марказҳои тиҷорат ва саёҳати байналхалқии Тоҷикистон табдил медиҳед ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тайёр аст, барои ба ин мақсад ноил гардидан кумаки зарурии худро расонад».

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар Роҳбари давлат беш аз 50 маротиба аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан карда, дар заминаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии Бадахшон барномаҳои комил ва аз нигоҳи таърихӣ тақдирсоз қабул гардиданд. Дар заминаи нахустсафари Ҷаноби Олӣ Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи ба эътидол овардани вазъи иқтисодию сиёсии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ба тасвиб расид. Соли 1995 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ба тасвиб расид, ки дар раванди ислоҳоти кулли соҳаҳои ҳаётан муҳими вилоят нақши хоса гузошт. Баъдан, соли 2006 бо супоришу дастурҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани шароити иҷтимоию иқтисодии аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рушди соҳибкории хурду миёна ва бахши хусусӣ, беҳтар намудани шароит барои фаъолияти сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015» таҳия ва қабул гардид. Боиси қайд аст, ки дар даҳ соли амалисозии барномаи мазкур нишондиҳандаҳои асосии ба нақша гирифташуда таъмин гардиданд. Соли 2007 бо мақсади суръатбахшии ҷараёни бунёдкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми вилоят бо фармоиши Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон «Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон дар тӯли солҳои 2007 — 2010» қабул гардид, ки дар доираи он таи чор сол наздик ба 50 иншооти ниҳоят муҳими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 110 млн. сомонӣ ба истифода дода шуданд. Соли 2015 бо мусоидати Ҳукумати мамлакат барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016-2020» қабул гардиданд. Бо амалӣ шудани аксар бандҳои барномаҳо иншооти гуногун дар соҳаҳои роҳу энергетика, маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба истифода дода, заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуданд. Танҳо давоми солҳои 2016 – 2020 дар вилоят барои амалишавии 75 лоиҳа 1 миллиарду 127,9 млн. сомонӣ хароҷот гардидааст. Новобаста ба мушкилоти алоҳида дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар дар вилоят як қатор иншооти муҳими энергетикӣ, аз ҷумла НБО «Сипонҷ», «Техарв», «Андарбак», навбати аввали НБО «Помир-1», зеристгоҳҳои нисбатан пуриқтидор дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон дар масофаи қариб 60 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 35 кВт сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар ин солҳо ба хотири ободии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи рӯзгори мардум, аз ҷумла вилоятамон Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳар сол хароҷоти маблағҳои буҷетиро зиёд намуда, барои ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоӣ чораҳои амалӣ меандешад. Илова бар ин, бо ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ дар вилоят даҳҳо лоиҳаҳои хурду бузург амалӣ гардида, масъалаҳои муҳими рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии он ҳаллу фасл гардида истодаанд. Дар ин давра барои рушди соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмони иншооту роҳҳо ва дастгирии буҷети вилоят аз ҳама манбаи маблағгузорӣ қариб 3,1 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, дигар сарчашмаҳои маблағгузории давлатӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, бунёди роҳҳои мошингард, нигаҳдории онҳо ва рушди деҳот, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва барқарорсозии шабакаҳои ирригатсионӣ, аз худ намудани заминҳои нав ва идоракунии захираҳои об, аз ҷумла  таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ чораҳои мушаххас роҳандозӣ шуданд.

- Дастовардҳои муҳими 31 соли соҳибистиқлолӣ дар вилоят кадомҳоянд ва барои ҳифзи онҳо чӣ бояд кард?

- Он нукта ба шарҳ ниёз надорад, ки дар шароити хеле сангини иқтисодии ҷумҳуриамон, сохтмони  шоҳроҳи байналмилалии Мурғоб-Кулма-Қароқурум дар муддати кӯтоҳ анҷом пазируфт. Аз дили шахҳои сенздаҳкилометраи Девдара роҳи мошингузар сохта шуда, робитаи мустақими вилоят аз тариқи роҳи Кӯлоб-Дарвоз бо пойтахти мамлакат дар ҳама фаслҳои сол таъмин гардид. Таҷдиди ин шоҳроҳ идома дорад. Аз пойтахти Ватанамон шаҳри Душанбе то маркази ноҳияи Дарвоз ин шоҳроҳ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда шуда, аз маркази Дарвоз то сарҳади ноҳияи Рӯшон навсозии роҳ бо маблағгузории қариб 2,5 миллиард сомонӣ оғоз ва лоиҳакашии навсозии роҳ аз Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон дар масофаи зиёда аз 200 километр шурӯъ гардид. Он рӯз дур нест, ки таҷдиди роҳ то марзи Хитой  амалӣ гардад. Барои мо боиси ифтихор аст, ки шоҳрои Абрешим, ки аз вилоятамон мегузарад, аз рӯи баҳогузории коршиносони сатҳи байналмилалӣ дар қатори даҳ мавзеи беҳтарини сайёҳӣ  ҷо дода шуд.

Вазъи номусоиди таъмини барқ дар вилоят дар оғози истиқлолият барои ҳама маълум аст ва он чиз ҳам барои ҳамагон хуб аён аст, ки бе рушди соҳаи энергетика дар бобати пешрафти соҳаҳои дигар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ сухан рондан маънӣ надорад. Бинобар ин, дар навбати аввал бо дастгирӣ ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ Ҳукумати мамлакат соли 1994 аввалин агрегати НБО «Помир -1» ва баъдан як силсила неругоҳҳои хурд ба истеҳсоли барқ шурӯъ намуданд. Ин тадбирҳо имконият доданд, ки системаи барқии Помир барқарор гардида, сохтмони НБО «Помир -1» ба  итмом  расонида шавад. Бо таъсиси Ширкати «Помир энерҷӣ»  дар қаламрави вилоят иқтидорҳои нави энергетикӣ бунёд ва дараҷаи таъминоти барқ дар вилоят нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар хеле беҳтар гардид. Ҳоло дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори беш аз 10 мегават давом дорад. Айни замон ноҳияҳои поёнии вилоят ба шабакаи ягонаи барқтаъминкунии умумиҷумҳуриявӣ пайваст гардидаанд. Ин имконият фароҳам меорад, ки сифати таъминоти аҳолӣ ва хоҷагии халқ бо неруи барқ боз ҳам беҳтар гардида, барои рушди саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварда шавад.

Тибқи «Барномаи рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ВМКБ дар давраи то соли 2025» дар амал татбиқ намудани корҳо оид ба тармиму таҷдиди корхонаҳои амалкунандаи саноатӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, саноати сабук ва маҳаллӣ, масолеҳи сохтмонӣ пешбинӣ гардидаанд. Корхонаҳои  коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли шиша, металлургияи ранга ва дигар соҳаҳои саноат таъсис  меёбанд.

Равнақи тиҷорат ҳоло яке аз роҳҳои беҳбудии некуаҳволии мардуми диёр мебошад ва кушодашавии роҳҳо ва рушди энергетика  ба равнақи тиҷорату савдо, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, маданию маишӣ мусоидат менамояд.

Ба шарофати истиқлолият, ваҳдат, сулҳу оромӣ воситаҳои нави коммуникатсионӣ, чун интернет, алоқаи мобилӣ, алоқаи кайҳонӣ, шабакаҳои нави алоқаи байналмилалӣ на танҳо барои муошират ва мубодилаи афкор хеле осон, балки чун воситаҳои нави иттилоотӣ мавриди истифодаи мардуми кӯҳистон қарор гирифтанд. Пахши барномаҳои телевизиони тоҷик, ки замоне онро барои серхарҷии молиявӣ номумкин эълон карда буданд, ҳал гардид. Алҳол минтақаҳои дурдасти мамлакат аз тамошои барномаҳои телевизионии кишвар бархӯрдоранд.

Ҳамаи ин далелҳо шаҳодати онанд, ки Бадахшон аз бунбасти иттилоотӣ комилан раҳоӣ ёфта, барои тамоми ҷаҳониён муаррифӣ гардидааст ва бо ҳама нуқтаи дунё робитаи мустақими иттилоотӣ дорад.

Бояд зикр кард, ки раванди корҳои ободонию созандагӣ чун дигар минтақаҳои кишвар дар вилоятамон дар даҳсолаи дуюми соҳибистиқлолии кишвар, баъди таъмин гардидани сулҳу субот дар ҷомеа оғоз гардид. Дар ин давра дар вилоят аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо назардошти лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ татбиқ гардиданд, бештар  аз ҳазор иншооти хурду бузург бо маблағгузории беш аз 4,8 млрд. сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Фақат барои рушди шаҳри Хоруғ дар панҷ соли оянда дар асоси барномаҳои қабулшуда, аз ҳама сарчашмаи маблағгузорӣ беш аз як миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Барои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг аз сарчашмаҳои гуногун, хоса аз буҷети давлат, маблағҳои калон равона карда мешаванд. Агар соли 1995 барои муассисаҳои таълимии вилоят аз буҷети давлатӣ 73 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад, имсол барои рушди ин соҳа фақат аз буҷети давлатӣ беш аз 160,6 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки дар муқоиса ба соли 1995 қариб 800 маротиба зиёд мебошад.

Дар муассисаҳои табобатии вилоят низ вазъ сол ба сол беҳбудӣ меёбад. Буҷети соҳаи тандурустии вилоят  аз  40 ҳазор сомонии солҳои  аввали  истиқлолият дар соли 2022 қариб ба 91,9 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба соли 1991-ум 700 маротиба зиёдтар мебошад. Айни замон дар вилоят  сохтмони таваллудхонаи  вилоятӣ, табобатхонаи бемориҳои сил, дар деҳот бошад, бунёди 20 бунгоҳи тиббӣ ва дигар иншоотҳои соҳаи тандурустӣ идома доранд. Дар раванди амалӣ гардондани супоришҳои Роҳбари давлат, ки ҳар сол дар паёмашон бо мақоми олии қонунгузори мамлакат баён мегарданд, музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷетӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи иҷтимоӣ, ҳар сол 20-30 фоиз зиёд мегардад.

Татбиқи амалии ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самараи Истиқлолияти давлатии кишвар мебошад, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯз ба яке аз гӯшаҳои зебоманзар мубаддал гардида истодааст.

- Барои таҷлили сазовори 35-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ кадом нақшаи чорабиниҳоро роҳандозӣ намудед?

- Бо мақсади созовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ қарори раиси вилоят бо нақшаи – чорабиниҳо  ба тасвиб расида, сохтмони 876 иншооти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд зикр кард, ки ҳоло Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгирӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, бунёди иншооти ҳаҷман калони саноатию хизматрасонӣ дар вилоят ба нақша гирифта шудааст.

Чанде пеш бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузорӣ «Помиринвест — 2022» баргузор гардид ва дар доираи он 30 санади ҳамкорӣ ба имзо расида, наздик ба 1 миллиард сомонӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии ВМКБ ҷалб карда шуд. Корҳои татбиқи лоиҳаҳои дар форум тасдиқгардида бомаром идома дошта, амалӣ гардидани онҳо ба рушди бемайлони вилоят такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Дар самти таъмир ва ободонии гирду атрофи идораву муассисаҳо, инчунин кӯчаву хиёбонҳо ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе ҳашар эълон гардида, ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар он фаъолона иштирок менамоянд. Инчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят дар ҳамбастагӣ бо кормандони идораву муассисаҳо ва сокинон ба тариқи ҳашар корҳои ободонию созандагӣ, бахусус таъмиру навсозии майдончаҳои варзишӣ, гулгашт намудани шаҳру ноҳияҳоро ба роҳ монда, кор дар ин самт идома дорад. Дар маҷмӯъ, дар ҳама соҳа, аз ҷумла, роҳсозӣ, энергетика, саноати кӯҳӣ, соҳибкорӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва хоҷагии қишлоқ таҳаввулоти бунёдӣ ба амал хоҳад омад. Барои истироҳату фароғати сокинон дар ҳама шаҳру ноҳияҳо объектҳои марбута таъсис ва бунёд мегарданд. Дар ин ҷода ҳама кӯшишу ғайратро ба харҷ дода, ин ҷашни муқаддаси миллиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол хоҳем гирифт.

Мусоҳиб Машҳур ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»