Алишер Мирзонабот: «93 нафар ба Хазинаи сарватҳои давлатӣ тилло супориданд»

№ 03.03.2023

332699790 (1)Соли 2022 нақшаи даромади буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 107,7 фоиз иҷро гардид.

Алишер Мирзонабот, раиси вилоят иттилоъ дод, ки дар ин давра ба буҷет 11,6 млн. сомонӣ зиёд ворид шуд.

Дар давоми як сол аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети вилоят 213,8 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо шуд, ки 100 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Қисми хароҷоти буҷети вилоят дар соли 2022  98,4 фоиз иҷро гардид.

Ба ҳолати моҳи январи соли 2023 дар вилоят 82 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонӣ дар ин давра 164,4 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53,8 фоиз кам мебошад.

Ҷиҳати таъмини минбаъдаи хоҷагии халқи вилоят бо энергияи сабз дар соли 2022 корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 63,8 млн. сомонӣ анҷом дода шуда, зеристгоҳи 110 кВт ва хати интиқоли барқи 110 кВт Хоруғ — Себзор бунёд гардид.

Дар ин давра дар вилоят таҷдиди роҳи Шкев –Қалъаи Хумб ва сохтмони 17 пул анҷом ёфта, сохтмони роҳи Қалъаихумб – Ванҷ бо маблағи 2,2 млрд. сомонӣ оғоз гардид.

Айни замон дар 15 қитъаи шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Кулма бо истифодаи 167 адад техникаҳои роҳсозӣ ва ҷалби 215 нафар кормандони маҳаллӣ ҷараён доранд.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 757,3 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2021 1, 4 фоиз зиёд гардидааст. Соли 2022 маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 757,3 миллион сомонӣ расонида шуда, дар қиёс соли 2021 1,4 фоиз зиёд гардидааст.

- Қутоспарварӣ, яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ маҳсуб ёфта, дар давоми сол саршумори он ба 24 ҳазору 124 сар расонида шуд, ки дар муқоиса ҳамин давраи соли 2021 2,8 фоиз, ё худ 653 сар зиёд мебошад.

Барои тавсеаи соҳаи моҳидорӣ, аз вилояти Суғд 45 ҳазор моҳича барои хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят оварда соли 2023 дар ҳар як ноҳия хоҷагии моҳипарварӣ ба нақша гирифта шудааст.

- Дар ин давра ба бунёди гармхонаҳо ҳам  таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, 3,6 га гармхонаҳои нав бунёд гардиданд. Ин нишондод нисбати соли гузашта 5,8 баробар зиёд буда, имконият медиҳад, то дар ояндаи наздик талаботи шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят бо сабзавоти тару тоза таъмин гардад, — иброз намуд Алишер Мирзонабот.

Ба гуфти раиси ВМКБ, соли ҷорӣ дар асоси қарори Ҳукумати кишвар «Дар бораи қоидаҳои иҷозат ба шахсони воқеъӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхурда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ» 93 сокини вилоят ба Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи кишвар ба маблағи зиёда аз 2 миллион 200 ҳазор сомонӣ тиллои пошхурда супориданд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»