Ғаллазорро аз оташ ҳифз намоем

№74 (3220) 08.07.2014

пшен

Ҳарчанд кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои он мунтазам тариқи воситаҳои ахбори омма оид ба пешгирӣ намудани сӯхтор дар иншооти давлатӣ, манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва хоҷагиҳои деҳқониву хусусӣ баромад менамоянд, вале масъулин амрномаҳои аз тарафи нозирони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор супоридашударо иҷро накарда, барои аз офат наҷот додани боигарии халқ беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд.

Натиҷаи чунин хунукназарӣ буд, ки дар соли 2013 бар асари сӯхтор беш аз 92190 гектар чарогоҳу ғаллазор сӯхта, нобуд гардид. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии рух додани сӯхтор ин оташбозии кӯдакон дар назди майдонҳои кишт, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар муҳаррикҳои комбайнҳову тракторҳо ва дигар техникаи ёрирасон, набудани шарорахомӯшкунакҳо дар техникаи ҳосилғундор ва аз муоинаи техникӣ нагузаронидани онҳо мебошад.

Дар рафти гузаронидани санҷишҳо ба ҳамаи роҳбарону шахсони масъул 385 амрнома баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супорида шуда, нисбати вайронкунандагони қоидаҳо 181 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 15220 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд.

Ҳамчунин фаъолияти 17 корхонаю иншоот муваққатан боздошта, 384 қитъаи барқӣ ва 28 печҳои гармидиҳанда, ки дар ҳолати оташангез қарор доштанд, безарар гардонида, доир ба ҷамъоварӣ, захираи зироатҳои ғалладона ва хӯроки дурушти чорво бо аҳолӣ 568 маротиба суҳбатҳо гузаронида шуд.

Соли 2009 дар Ҷамоати деҳоти «Навобод»-и шаҳри Турсунзода сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷаи он 120 тонна гандум сӯхта, нобуд гардид. Дар натиҷаи сӯхтори дигаре, ки 2 июли соли 2009 бо сабаби фориғболӣ дар Ҷамоати деҳоти «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ба вуқӯъ пайваст,  45 гектар ғаллазор сӯхта, нобуд шуд.

Соли 2010 низ, сарфи назар аз корҳои профилактикии гузаронидашуда, зиёда аз 120 тонна ғалла дар натиҷаи риоя нагардидани одитарин қоидаҳои бехатарӣ ба коми оташ рафт.

Аз ин лиҳоз, дар мавсими дарав ва захираи хӯроки дурушти чорво аз роҳбарони корхонаву сарварони хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ва кооперативҳои истеҳсолӣ хоҳишмандем ба қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор риоя намоянд.

Пеш аз оғози ғунучини ҳосили ғаллаю хӯроки дурушти чорво воситаҳои техникиро дақиқкорона аз санҷиш гузаронида, қисмҳои нуқсондорашро фавран иваз намоянд. Дар ҷойҳои нигоҳдории хӯроки чорво ва ғалладона маводи зудоташгирандаро нагузоранд. Барои роҳ надодан ба сӯхтор ва талафи ғалладонаю хӯроки чорво аз тавсияву дастуруламалҳои Сарраёсати  Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ пайваста истифода баранд.

Сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, вазифадоранд, ки ҳар як автомашина, трактор, комбайн ва дигар техникаи хоҷагиро, ки барои ҷамъоварии ҳосил сафарбар карда шудааст, бо шарорахомӯшкунакҳо ва олотҳои аввалиндараҷаи зиддисӯхтор таъмин намоянд. Ғайр аз ин, тоза кардани муҳаррикҳои комбайн, трактор, автомашинаҳо омили муҳими пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор мебошанд.

Мирулло ШАРИФОВ, сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-майори хизмати дохилӣ