Ҷамъбасти «20-рӯза»-и пахтачинӣ

№ 01.11.2023

223- уми октябри соли 2023 дар «Майдони ситораҳо»-и шаҳри Хуҷанд маросими ҷамъбасти «20-рӯзаи дуюм»-и маъракаи ҷамъоварии ҳосили «тиллои сафед» баргузор шуд, ки дар он ноҳияи Спитамен ғолиб дониста шуд. Дар ноҳия то имрӯз 9733,5 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 66,4 фисади дурнаморо ташкил медиҳад. Ҷойи дуюмро пахтакорони ноҳияи Ашт соҳиб шуданд.

Байни механизаторон-ронандагони мошинҳои пахтачин бошад, Мирмаҳмад Сафаров аз хоҷагии деҳқонии «Меъроҷ»-и деҳоти ба номи Ҷомии ноҳияи Зафаробод, ки дар мавсим беш аз 60 тонна дурри гаронбаҳо ҷамъоварӣ кардаст, ғолиб ва «Механизатори беҳтарин» дониста шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ғолибони «20 рӯзаи дуюм»- ро табрик карда ба ноҳияи Спитамен- 17 ҳазор сомонӣ, Ашт-8,5 ҳазор, Ҷамоати деҳоти «Масчоҳ»-и ноҳияи Масчоҳ- 4,5 ҳазор сомонӣ туҳфаҳои ғолибиятро супориданд.

Дар вилояти Суғд 23- уми октябр 77 ҳазор тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 57 фисади дурнаморо ташкил медиҳад. Раҷаббой Аҳмадзода аз кишоварзон даъват ба амал овард, ки ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи марди деҳқон беталаф бояд ҷамъоварӣ карда шавад.

 Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Иномҷон РАБИЕВ