Ҷамъбасти озмуни «Омӯзгори сол» дар вилояти Суғд

№162 (3463) 28.11.2015

Даври ҷамъбастии озмуни «Омӯзгори сол» бо ширкати шаш нафар ғолибони даври аввали вилоятӣ — Хусрав Усмонов — омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №90-и шаҳри Панҷакент, Нилуфар Ахмедҷонова — омӯзгори гимназияи №1-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, Зебо Аминова, — омӯзгори литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Муяссар Қориева — омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Заррина Баротова — омӯзгори литсейи №1-и шаҳри Конибодом ва Парвиз Дониёров — омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Зафаробод  дар муассисаи таълимии бачагони болаёқати деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гардид.  Иштирокдорон аз рӯи ду шарт — саволу ҷавоб ва муаррифии таҷрибаи кории худ байни ҳам рақобат намуданд. Омӯзгори фанни математикаи литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Зебо Аминова, ки дар бахши саволу ҷавоб ва муаррифии таҷрибаи кории худ хеле фаъол буд, бо гирифтани 15,39 хол аз ҷониби ҳайати ҳакамон ғолиби мутлақ дониста шуд. Мақоми дуюмро омӯзгори фанни забон ва адабиёт Муяссар Қориева аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиб шуд, ду ҷойи сеюмро омӯзгорон аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Зафаробод бо ҳам диданд.

Дар фарҷоми озмун муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматов ба ҳамаи 18 нафар ширкаткунандагони озмун миннатдорӣ карда гуфт, ки рӯзҳои наздик бо иштироки сардори Раёсати маорифи вилоят маросими қадрдонии иштирокдорон доир мегардад.

Мудири шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии  Раёсати маорифи вилоят Дилбар Исмоилова баробари зикри дониши баланди иштирокчиён аз камогоҳии омӯзгорон аз барномаҳои давлатӣ ва каммаҳоратии онҳо дар бахши кор бо компютер изҳори ташвиш кард.

Ёдовар мешавем, ки озмуни «Омӯзгори сол» тайи чор рӯз идома ёфт ва аз 18 нафар ширкаткунанда танҳо шаш нафар ба даври ҷамъбастӣ роҳхат гирифтанд. Акнун шарафи дастаи вилояти Суғдро дар озмуни «Омӯзгори сол»-и ҷумҳуриявӣ ғолиби озмуни  «Омӯзгори сол»-и вилоят, муаллифи чандин китобҳои дарсӣ Зебо Аминова ҳимоя хоҳад кард.

 

Абдувосит САЛИМЗОДА,

«Садои мардум»