Дар ҷаласаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон фаъолияти хоҷагии халқ дар семоҳаи аввали соли 2017 баррасӣ гардид.
Муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов дар ин робита гуфт, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ иҷрои нақшаи андоз 101 фоиз таъмин ва ба буҷет 207,9 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 2,3 миллион сомонӣ зиёд аст. Ҳисоби миёнаи музди меҳнат дар вилоят ба 830 сомонӣ расид.
- Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 фоизро ташкил дод. Кишоварзон афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро таъмин карда бошанд ҳам, онҳоро зарур аст, ки аз имкониятҳои мавҷуда ва техника самаранок истифода баранд, зеро таъмини амнияти озуқавории кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад ва Хатлон, ки аз ҷумлаи вилоятҳои асосии кишоварзии мамлакат мебошад, дар ин самт бояд саҳми бориз дошта бошад, — афзуд муовини раиси вилоят.
Соҳаи саноат низ рушд ёфта, афзоиши маҳсулоти нонӣ 13 фоиз, равғани растанӣ 38, семент — 36, истеҳсоли битум 14,5 фоизро ташкил дод. Истеҳсоли консерва ду ва хишт нуҳ баробар зиёд гардид.
Раҷабалӣ Раҷабов фаъолияти соҳаҳои нақлиёт, роҳ, алоқа, маориф, тандурустӣ ва варзишро муфассал таҳлил намуда, аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ низ бунёду таъмири роҳҳо ба сомон расонида шудаанд. — Вале дар маҷмӯъ кор дар ин самт беҳбудӣ мехоҳад, — гуфт ӯ.
Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода таваҷҷуҳи масъулинро ба ҳаллу фасли камбудиҳои ҷойдошта ҷалб карда, барои ислоҳи онҳо супоришҳои мушаххас дод.
Гулмаҳмадзода аз шомилшавии бархе аз ҷавонон — сокинони вилоят ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ изҳори нигаронӣ намуда гуфт: — Мо, насли калонсол, муваззаф ҳастем, ки насли имрӯзаи кишварро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоем.
Роҳбари вилоят, ҳамчунин барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои Соли ҷавонон ва 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Сулаймон Султонов,
«Садои мардум»