Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 31 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим ва об» ҷамъомади илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, мудири бахши Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидулло Қувватзода, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ориф Амирзода, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо иштирок ва баромад намуданд.
Раиси вилоят зикр намуд, ки ҳадафи асосӣ аз баргузор намудани ҷамъомад, ин дар заминаи иқдомҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи зиёда аз ду даҳсола дар сатҳи ҷаҳон вобаста ба иқлим ва об пешниҳод, қабул ва амалӣ гашта истодаанд, тавсеаю густариш додани фаъолияти фаҳмондадиҳӣ, ташвиқотӣ ва татбиқи сиёсати давлат дар робита бо ин масоили глобалӣ мебошад.
- Захираҳои барқарорнашавандаи нафтию газӣ давлатҳои абарқудратро ба он водор намудааст, ки бо мақсади дарёфти манбаъҳои нави энергетикӣ, сиёсати экспансивиро ба роҳ монанд, — изҳор намуд раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот.
Маҳз ин ва дигар омилҳои хатарзои тағйири иқлим, инчунин, масъалаҳои марбут ба маъмурият, идоракунӣ, тақсимоти оқилонаю одилона ва ҳифзи яке аз унсурҳои асосии мавҷудияти ҳаёт — обро ба инобат гирифта, дар заминаи хиради азалӣ, нозукбинӣ ва дурандешии олимона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол дар радифи ҳалли мушкилоти сиёсию иқтисодии солҳои 90-уми асри гузашта ба масъалаҳои ҳифзи табиат, муносибати мутавозуну одилона ба неъматҳои табиӣ ва ҳалли ҳарчӣ зудтару натиҷабори масъалаҳои марбут ба об низ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Ба қавли Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агар масъалаи маъмурияти оқилонаи об, аз ҷумла дарёҳои фаромарзӣ, дар минтақа фавран ҳал нагардад, он метавонад ба нофаҳмию низоъҳои байнидавлатӣ анҷомад.
Таъкид шуд, ки таҳти роҳбарӣ, роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳҳои корӣ вобаста ба масоили дахлдор фаъолона ба кор шурӯъ намуда, ҷанбаҳои ҳуқуқии масъалаҳои экологӣ, аз он ҷумла марбут ба обро, таҳия ва комил гардонида, дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала афзалият дода шуд.
Ҳукумати мамлакат наздик ба даҳ сол афкори элитаи сиёсӣ ва молиявии сатҳи ҷаҳониро барои қабули санадҳои муҳим барои андешидани чораҳои муассиру таъхирнопазир вобаста ба ҳалли мушкилоти иқлим ва об омода намуда чандин музокирот, вохӯрӣ, конфронсу нишастҳои байналмилалиро мавриди корбурд қарор доданд.
Дар идомаи ҷамъомад мудири бахши Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидулло Қувватзода дар мавзӯи «Дипломатияи об, таърихи пайдоиш ва раванди рушди он», раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам оид ба «Иқдоми сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — омили ваҳдату ҳамбастагии башарият», директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ориф Амирзода роҷеъ ба «Нақши Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба обу иқлим», Абдуллоҳи Раҳнамо оид ба «Моҳият ва аҳамияти миллӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва байналмилалии ташаббусҳои Пешвои миллат дар масъалаи обу иқлим» ва ходими калони шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Аловуддин Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Қурбоншоев оид ба «Ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои об» маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.
Дар ҷамъбаст собиқадорони меҳнат ва дигар иштирокчиёни чорабинӣ перомуни маърӯзаҳои ироашуда ва ибтикороти созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва ҳифзи об фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»