Ҷамъоварии «Тиллои сафед» бо усули ҳашар

№ 20.11.2024

пахта саидХоҷагидорони ноҳияи Шаҳринав бо азму талоши зиёд мекӯшанд, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид ҳосили дар саҳро рӯёндаашонро беталаф ғунучин намоянд.  

Ҳайати кормандони Дастгоҳи раиси ноҳияи Шаҳринав, ташкилоту корхонаҳои ҳудуди ноҳия, аъзо ва ҷонибдорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав инчунин, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва фарҳанг бо мақсади ҷамъоварии ҳосили пахта ба хоҷагиҳои пахтапарвари ноҳия кӯмак расониданд.

Раиси ноҳия Абдуқодир Вализода дар ҳашари дастаҷамъона ба киштзорҳои пахтаи хоҷагиҳои “Наврӯз” ва “Ангури Шаҳринав” омада, иқдомоти ташкилоту корхонаҳоро, ки баҳри ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосили пахта кумак мерасонанд, дастгирӣ намуда, миннатдориашро баён намуд.

Сайидо Назаров,

«Садои мардум»