Таърихи занбӯриасалпарварӣ ба давраҳои қадим рафта мерасад. Бостоншиносон нақши занбӯри асалро аз девори ғори Бекруп, ки таърихи бештар аз дувоздаҳҳазорсола дорад, дарёфт кардаанд. Инчунин, аз нақшҳо ва навиштаҷоти рӯисангии Мисри қадим, Юнону Ҳиндустон чунин бармеояд, ки зиёда аз чор ҳазор сол пеш одамон ба занбӯриасалпарварӣ шуғл доштаанд. Мисриёни қадим хосияти зиддибактериявӣ доштани асалро ошкор намуда, ҷасади фиръавнҳои худро дар қатори дигар моддаҳо бо омехтагии асал мӯмиёӣ мекардаанд.
Аз таърих маълум аст, ки ҷасади лашкаркаши маъруфи асри қадим Искандари Мақдуниро бо асал мӯмиёӣ карда, ба ватанаш фиристодаанд. Дар мамолики иқлимаш гарм одамон барои вайрон нашудан тухмии зироатҳои камёфтро дар дохили зарфҳои асалдошта нигоҳ медоштаанд.
Асосгузори илми тиб Суқрот (Гиппократ, солҳои 460-370 пеш аз милод) дар усули табобати худ асалро васеъ истифода мебурд ва гуфта буд: «Агар асал саҳарӣ ба қадри лозима истеъмол карда шавад, инсон аз ҳар гуна беморӣ эмин мемонад, умри дароз мебинад».
Олими машҳури Юнон, асосгузори илми ҳандаса (геометрия) Балиғурс (Пифагор), ки соли 497 пеш аз милод вафот кардааст, сабаби умри дароз дидан ва ҷисман боқувват будани худро аз муттасил истеъмол кардани асал медонистааст.
Императори Рум Юлий Сезар дар ҷашни 100 — солагии зодрӯзи сенатор Пол Румелия иштирок карда, сабаби дарозумрии ӯро пурсон шудааст.
- Сабаби дарозумрии ман дар истеъмоли доимии асал аст, — ҷавоб додааст Пол Румелия.
Табобати беморон бо асал, махсусан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ роиҷ будааст. Асосгузори илми тиб Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино дар «Ал-Қонун» тайёр намудани 50 намуди дорувориро, ки дар таркибашон асал мавҷуд аст, шарҳ додааст.
Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар як ҳадисашон мефармоянд: «Барои шумо ду шифо мавҷуд аст: яке Қуръон ва дигаре асал».
Дар ҳадисҳои Имом Бухорӣ, Муслим, Абӯ Мутаваккил аз Абӯ Саид ал-Ҳиҷрӣ омадааст, ки боре ба назди пайғамбар (с) шахсе омад ва гуфт: «Бародари ман аз дарди меъда шикоят дорад». Пайғамбар (с) гуфтаанд: «Бародаратро асал хӯрон». Он шахс рафт ва пас аз чанде баргашта гуфт: «Асал хӯрондам, лекин фоида накард». Пайғамбар (с) ин маротиба ҳам хӯрондани асалро маслиҳат доданд. Ҳамин тариқ, ин қазия се маротиба такрор ёфт ва оқибат пайғамбар (с) гуфтанд: «Худованд ҳақ аст, аммо меъдаи бародари ту фиреб медиҳад».
Дар ин ҳадис ҳикмате ниҳон аст. Мақсади такроран таъкид намудани истеъмоли асал аз ҷониби пайғамбар (с) ин қабули меъёри муайяни асал, ки ба табобат мусоидат менамояд, мебошад. Чунки миқдори ками он фоида намеорад ва миқдори зиёди он зараровар аст. Ҳадиси «Худованд ҳақ аст, аммо меъдаи бародари ту фиреб медиҳад» ба дуруст будани воситаи табобат ва вайрон гаштани амали меъда ё дар он мавҷуд будани миқдори зиёди моддаҳои зараровар ишора менамояд.
Дар ҳадиси дигар пайғамбари акрам (с) тартибу низоми дини мубини исломро тавсиф намуда, рафтору кирдори умматони худро ба занбӯри асал нисбат медиҳанд: «Муъмин монанди занбӯри асал аст: Ҳама чизаш некуст, ҳамон гуна, ки ҳама чизи занбӯри асал пок ва нек аст».
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»