Ҳама пешравиҳо аз баракати ваҳдати миллист

№88 (3389) 27.06.2015

Мусоҳиба бо раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ

Мирзошохрух Асрори-Ба андешаи Шумо, Ваҳдати миллӣ то кадом андоза ба раванди давлатдории навини тоҷикон таъсир расонид?

- Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланд ва мутамаддини тоҷик ба як мактаби эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфта, барои ҳамешагӣ вориди рӯзгори мо шуд ва пояҳои давлатдорию давлатсозиамонро боз ҳам таҳким бахшид. Дар он рӯзҳои тақдирсоз мо дарк намудем, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ ва шиддат ёфтани муқовимати мусаллаҳона метавонад боиси барҳам хӯрдани давлати тоҷикон, пароканда  шудани миллати тоҷик ва ҳатто аз байн рафтани он гардад.

Табиист, ки дар рӯзҳои сахту мудҳиш таҷрибаи талхи давлатдории Сомониён пеши назар меомад. Аз таърих медонем, ки дар натиҷаи фитнаву дасисаҳо, вусъат ёфтани мухолифату задухӯрдҳо миёни фарзандони як миллат давлати муқтадири тоҷикон ба шикаст мувоҷеҳ шуд.

Бинобар ин, пеш гирифтани роҳи сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дар он рӯзҳо чандон осон набуд. Роҳбарияти тозаинтихоби мамлакат дар раъси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифони сиёсии мусаллаҳро ба сулҳ ва музокирот даъват намуда буд. Мусаллам аст, ки маҳз бо талошҳои Сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ба ҳам омад ва ин дастовард боиси он гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кишварамонро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона эътироф намояд.

Бар асари низоъҳои дохилӣ иқтисоди мамлакат ба андозаи беш аз 10 миллиард доллари ИМА зарар дид, ки барқарор намудани он вақти тӯлонӣ ва заҳмату талошҳои зиёдеро тақозо намуд. Хушбахтона, имрӯз бо эътимоду боварӣ гуфта метавонем, ки Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш дорад. Сатҳи камбизоатӣ бамаротиб коҳиш ёфта, айни замон 30 фоизро ташкил медиҳад. Равнақи иқтисоди моро тайи чанд соли охир созмонҳои молиявии ҷаҳон ба мушоҳида гирифта, воқеияти онро эътироф мекунанд.

Ҳамаи ин пешрафтҳоро мо аз баракати Ваҳдати миллӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонем.

-Сулҳи байни тоҷикон таҷрибаи камназир дар ҷаҳон эътироф шудааст. Метавон сулҳофарии тоҷиконро ба хиради азалиашон рабт дод?

-Албатта. Тавре маълум аст, дар марҳилаи кунунӣ авзои сиёсии ҷаҳон ҳар лаҳза тағйир меёбад, хусусан нуқтаҳои даргир, ки дар онҳо зиддиятҳои гуногун, пеш аз ҳама, низоъҳо ва бархӯрдҳои сиёсиву шаҳрвандӣ шиддат мегиранд, оламро дар ҳолати нооромӣ нигоҳ медоранд. Ин воқеият таҷрибаи сулҳи моро боз ҳам арзишманд мегардонад. Истифодаи ин таҷриба барои ҳалли низоъҳои дохилӣ мусоидати фаъол  ва самарабахш хоҳад намуд. Аз ин рӯ, эътирофи амиқи таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва истифодаи он аҳамияти хоси илмиву назариявӣ ва амалӣ дорад.

Дар ҳамин замина, миллати тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат, яке аз миллатҳои куҳанбунёду фарҳангии дунё, мутамаддину хирадпеша ва  сулҳхоҳу ботаҳаммул мебошад. Дар марҳилаҳои таърихӣ ва тақдирсоз метавонад, ки бо ҳам муросову мадоро намояд ва ҷангу низои дохилиро бартараф созад.

-Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон созмони ҷамъиятие мебошад, ки ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои гуногунро муттаҳид намудааст. Барои таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи ваҳдати миллӣ ин ҳаракат чӣ корҳоро анҷом додааст?

-Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ягона ташкилоти ҷамъиятие мебошад, ки баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон  бо ташаббуси бевоситаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳастӣ намуд. Дар сафҳои он имрӯз беш аз ду миллион аъзо, қариб чор ҳазор созмони ибтидоӣ ва беш аз 3,5 ҳазор шахсиятҳои соҳибэътибор шомил ҳастанд.

Тамоми нақшаву чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Шӯрои кӯҳансолони он, ки бо дастури Ҷаноби Олӣ дар миёни мардум амалӣ мегарданд, маҳз ба паҳлуҳои тарбияи инсони мукаммали ҷомеасоз, бунёдкор ва садоқатманд равона гардидаанд. Хусусан, дар мавриди фаҳмонидани нуктаҳои барномаҳову консепсияҳои ҳукуматӣ, нақшаҳои рушди дарозмуҳлат, дастурҳои дурнамову ҷорӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқию маърифатии мардум, бахусус таблиғи дастовардҳои солҳои истиқлолият, нақши шоиста мегузоранд.

Ба ин масъалаи муҳим эътибори ҷиддӣ дода, сафи аъзояшро афзун мегардонад ва ҳар чӣ бештар аҳзоби  сиёсиву созмонҳои  ҳукуматӣ ва  ғайриҳукуматӣ, иттиҳодияҳои эҷодиву касбӣ ва умуман, аҳли меҳнат ва зиёиёни мамлакатро атрофи худ муттаҳид сохта, неруи ақлонӣ ва донишу малакаи онҳоро баҳри ривоҷу равнақ ва шукуфоии кишвар равона месозад. Ҳамзамон талош меварзад, ки нақшаҳои Раиси Шӯрои марказии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба таъмини сулҳу ваҳдат ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ дар амал татбиқ намояд.

Ҷаноби Олӣ ҳамчун Раиси Шӯрои марказии ин ташкилот ба фаъолияти он ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Мо бо дастури Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бо мардум маҳфилу суҳбатҳо анҷом медиҳем. Мавзӯи асосии ин вохӯриҳо ба масъалаҳои таҳким бахшидану арҷ гузоштани сулҳу субот, якпорчагии мамлакат, устувории суботи ҷомеа, ҳамбастагии байни халқҳо ва қавму миллатҳо, таблиғи дастовардҳои ҷумҳурӣ ва ғайра мебошанд.

Дар ҳамин замина, Сарвари мамлакат шӯроҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро вазифадор кардаанд, ки дар инкишофи бемайлони илму маориф, ғанӣ гардонидани олами ботинии шаҳрвандон, ташаккули мафкураи сиёсӣ, рушди устувори илмҳои соҳавӣ, тарбияи мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва умуман, тарбияи инсони солиму созанда, меҳандӯст ва ҳаматарафа инкишофёфта, ки дар маҷмӯъ, инсони комил арзёбӣ мегардад, нақши арзандаи худро гузоранд.

Ба таъкиди Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ваҳдати миллӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон арзиши муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодату бедории миллат мебошад. Озодӣ, истиқлолият, сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва созандагию бунёдкорӣ маҳз аз шарофати Ваҳдати миллӣ насиби мо гардидааст. Бинобар ин, вазифаи ҷонии ҳар кадом шахси соҳибмаърифат аз он иборат мебошад, ки чун гавҳараки чашм Ватанамон — Тоҷикистонро ҳифзу ҳимоят намояд ва онро азизу муқаддас дорад».

Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»