Ба мақсади амалӣ намудани «Стратегияи миллии мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми директори Агентӣ, роҳбари Ситоди кории ҷумҳуриявӣ, генерал-майор Вайсиддин Азаматов ҷаласаи якуми Ситоди амалиёти «Кӯкнор-2014» баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ оид ба гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2014», инчунин ҳамкории вазорату идораҳои дахлдор баррасӣ шуданд.
Нақшаи гузаронидани чорабинӣ оид ба амалиёти «Кӯкнор-2014» тасдиқ гардид. Ташкили ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади коркарди амалҳои якҷоя оид ба пешгирии самтҳои интиқол, истеҳсол ва фурӯши воситаҳои нашъадор, муайян намудани мавзеъҳои гузаронидани амалиёт, ошкор ва нобуд сохтани кишти бангдонаҳои худрӯй, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ аз самтҳои асосии баргузории ин чорабинӣ мебошанд. Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа иштирок намуданд.
Дар доираи амалиёти «Кӯкнор» гузаронидани амалиёти байналмилалии «Канал» дар назар аст. Барои гузаронидан, назорат ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ситодҳои корӣ ташкил гардидаанд.
Амалиёти «Кӯкнор» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола гузаронида мешавад. Имсол он 20 май оғоз гардида, 30 ноябр анҷом меёбад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»