Чанде пеш ҳайати расмии Ҳукумати Тоҷикистон, СММ ва дигар тавсиягарони байналмилалӣ дар як ҷаласа, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардид, дар шаҳри Душанбе ҷамъ омаданд. Ҷаласаи мазкур баҳри муайян сохтани самтҳои афзалиятноки фаъолият бо мақсади устувор кардани мавқеи Тоҷикистон барои иҷрои уҳдадорие, ки ҳангоми аъзошавӣ ба Аҳдномаи Манъи Минаҳои Зиддипиёдагард ё Аҳдномаи Оттава имзо намуда буд, бахшида шуд. Ҳангоми ҳамроҳшавӣ дар соли 1999 Тоҷикистон уҳдадор шуда буд, ки ҳамаи минаҳои заминиро то соли 2010 таҳти назорати қонунии худ нобуд месозад, аммо аз сабаби заҳролудшавии васеи минаҳои заминӣ Тоҷикистон дархостро барои давом додани муҳлати амалиётҳои поксозии мина ба муддати даҳ сол то 1 апрели соли 2020 пешниҳод намуд.
– Дар Тоҷикистон 187 минтақаи минадор дар сарҳади Тоҷикистон-Афғонистон ва 13,5 км2 қисмати марказӣ аз минаҳои заминӣ зарардида ба ҳисоб гирифта шудааст, ки бояд масоили зарурӣ ба назар гирифта шавад, — ибрози ақида намуд мудири шуъбаи кафолатҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуров. — Мо ба Иттиҳоди Аврупо барои ташкили чунин ҷаласа изҳори миннатдорӣ баён менамоем. Муайян намудани қадамҳои оянда барои Тоҷикистон муҳим буда, барои бартарафгардонии оқибатҳои зараровар ташаббус ва ба нақшаи миллии безарарсозии минаҳо ворид сохтани тағйирот зарур аст.
- Ҷаласаи мазкур барои дастгирии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳое, ки ҷиҳати безараргардонии минаҳои заҳролудшуда иҷро шуда буданд, бо фаъолиятҳои минбаъда, таҳияи нақшаи фарогир баҳри иҷрои уҳдадориҳои худ то муҳлати охирин равона карда мешавад. Агар ҳамаи шарикон якҷоя ҳамкориро ба роҳ монанд, дар он сурат корро метавон пештар аз муҳлати муқарраршудаи 1 апрели соли 2020 ба итмом расонид, — ибрози ақида намуд мутахассиси Амалиёти Зидди Минаҳо оид ба Шуъбаи Дастгирии Татбиқнамоии Аҳдномаи Оттава Хуан Карлос Руан.
Ҷаласа дар робита бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ба Тоҷикистон дар коҳиш додани оқибатҳои зараровари иҷтимоӣ ва иқтисодии минаҳои заминӣ ва муҳимоти нотаркида, ки ба соҳаи иқтисодиёт ва тандурустӣ зарароваранд, кӯмак мерасонад, ташкил карда шуд.
- Манотиқи аз минаҳо тозашуда дастрасиро ба заминҳои кишт баланд бардошта, сатҳи камбизоатиро дар байни аҳолии дурдаст паст мегардонад,- гуфт намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев. — Бо ин мақсад, Барномаи рушди СММ барои вусъат додани кӯшишҳои милликунонии Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо дар кишвар кӯмак мерасонад.
Александр Зуев зикр намуд, ки ин амал дар розигӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи феврали соли равон тасдиқ гардида буд. Барномаи рушди СММ якҷоя бо шарикони асосӣ ва дигар ҳамкорон барои милликунонии ояндаи Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо дастгирии техникӣ, ҳуқуқӣ ва молиявӣ мерасонад.
М. Аъзам, «Садои мардум»