«Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад»
Садриддин Айнӣ
Шонздаҳуми июли соли 2015. Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритуз намуди идона гирифта, толори он пур аз мардуми фарҳангдӯст буд. Дӯстдорони сухану фарҳанг ба хотири таҷлили нашри нуҳҳазорумин шумораи рӯзномаи дӯстдоштаи худ — «Субҳи Шаҳритуз» ҷамъ омаданд.
Дар ибтидо паёми шодбошии раиси ноҳия ба ин муносибат ба самъи ҳозирин расонида шуд. Дар он аз ҷумла чунин сатрҳо дарҷ гардида буданд: «Рӯзномаи «Субҳи Шаҳритуз» таърихи омӯзандаю пурифтихор дорад. Хишти аввали матбааю идораи рӯзнома аз ҷониби ҷавонмарди ватандӯст Додарҷон Маҳмадҷонов 13 марти соли 1932 гузошта шудааст. Ӯ моҳи феврали соли 1932 ҳуруфоти арабиасоси форсӣ – тоҷикию дигар таҷҳизоти техникаи чопиро аз Душанбе то шаҳри Термизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тариқи қатора ва аз он ҷо ба маркази ноҳия ба воситаи шутур ва ароба оварда, насб намуд. Дере нагузашта шумораи нахустин дастраси хонандагон гардид».
Ҳайати эҷодии рӯзномаи «Субҳи Шаҳритуз» собит сохтанд, ки онҳо ҳамеша ҳамқадаму ҳамнафаси халқанд. Маҳз ба воситаи қалами буррою андешаи созанда онҳо навгонию комёбиҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти хоҷагии халқи ноҳияро ба таври назаррас муаррифӣ, камбудию нуқсонҳои ҷойдоштаро зери тозиёнаи танқид гирифта, тавассути матлабҳои пурмуҳтаво ва мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ислоҳи камбудиҳо ноил мегарданд.
Агар гӯем, ки рӯзномаи «Субҳи Шаҳритуз» вазифаи воситаи ахбори минтақавиро низ замоне дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро намудааст, хато нахоҳем кард. Ин масъулият замоне ба дӯши коллективи эҷодии рӯзнома вогузор буд, ки ноҳияҳои имрӯзаи Қубодиён ва Носири Хусрав дар як ноҳия бо номи Шаҳритуз муттаҳид буданд. Баъди ҷудо шудан чанд муддат нашрияи чопӣ надоштанд ва бори ин масъулиятро рӯзномаи «Субҳи Шаҳритуз» мекашид. Илова бар ин, рӯзномаи мазкур барои бисёр эҷодкорону рӯзноманигорони ҷавон мактаби омӯзишу сайқали маҳорату истеъдод буда, имрӯз даҳҳо нафари онҳо ҳамчун адиби соҳибҳунар ва публисисти тавоно ба халқу Ватан содиқона хизмат мекунанд. Замоне буд, ки «Субҳи Шаҳритуз» ҳафтае 3 — 4 маротиба бо теъдоди аз 5 то 12 ҳазор нусха ба нашр мерасид.
Сармуҳаррири имрӯзаи «Субҳи Шаҳритуз», рӯзноманигори соҳибистеъдоду соҳибтаҷриба Азизи Фаттоҳ ҳангоми суҳбат чунин иброз намуд: — Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва раиси ноҳия Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз барои ҳайати эҷодии рӯзнома шароити хуби эҷодиро муҳайё кардаанд. Ба рӯзномаи «Субҳи Шаҳритуз» ва қаламкашони он кумаку дастгирии хешро дареғ намедоранд. Имрӯз он ҳафтае як маротиба бо теъдоди 1500 нусха пешкаши хонандагон мегардад.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»