Ҳамгироии минтақавӣ ба ҳалли масъалаҳо мусоидат мекунад

№51 (3845) 26.04.2018

Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои бонуфуз ва аз ҷиҳати сарватҳои табиӣ бой мебошад. Дар ҷаҳони имрӯза, ки вазъи мураккабу тағйир­пазир дорад, дар ин минтақа низ масъалаҳои зиёди ҳалталаб пайдо шудаанд ва ҳалли онҳо андешидани чораҳои заруриро тақозо мекунад.

Дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, зимни суханронӣ дар мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки «Осиёи Марказӣ минтақаи дорои захираҳои васеи табиӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва неруи зиёди инсонӣ мебошад ва ин имкониятҳо бояд ба манфиати халқҳои тамоми минтақа самаранок ва оқилона истифода карда шаванд. Зиёда аз ин, афзоиши таҳдиду хатарҳои амниятӣ давлатҳои минтақаро водор месозад, ки бо истифода аз тамоми воситаҳои мавҷуда ва вокуниши фаврӣ бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва радикализми динӣ якҷоя муқовимат намоянд».

Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бисёр ­масъалаҳои бамиёномадаро дар доираи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳаллу фасл мекунанд. Дар баробари ин ду созмони минтақавӣ ­масъалаҳои мавҷуда зимни конфронсу семинарҳо ва ҳамоишҳои алоҳида мавриди таҳлил қарор дода мешаванд. Ин нукта дар суҳбати гирди миз, ки 25 апрели соли ҷорӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Дурнамои раванд­ҳои ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор шуд, баён гардид. Дар он намояндагони сафоратҳои як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони масоили байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

- Мавзӯи суҳбат, гумон мекунам, басо муҳиму боиси таваҷҷуҳ аст. — Зеро он ба масъалаҳое дахл дорад, ки дар минтақа пайдо шудаанд ва дарёфти роҳҳои ҳалли ҳар чӣ зудтари онҳо ба манфиат мебошад. Кӯшишҳои сарони давлатҳои минтақа маҳз ба рушди ҳамгироии минтақавӣ, ривоҷи муносибатҳои гуногунҷанба равона шудааст, — қайд кард зимни суханронӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар.

Дар ҷамъомад, ҳамчунин сафирони фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия — И. С. Лякин-Фролов, ҷумҳуриҳои Қазоқистон — Н. М. Сейтимов, Ӯзбекистон — Э. Р. Шоисматов, Туркманистон — Ч. Атаев ва олимону коршиносони масоили байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

 Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»