Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012 таҳти №1291 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» хотиррасон шуда, таъкид гардид, ки дар раванди пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо унсурҳои ҷинояткор вусъат бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти милитсия, бо аҳолӣ хеле муҳим мебошад.
Вобаста ба ин масъала бо чанде аз кормандони масъули Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат гардидем.
Сардори шуъбаи роҳбарии нозирони минтақавии милитсияи Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Гадоалӣ Абдуллоев гуфт, ки барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012 таҳти №1291 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» тадбирҳои зиёде амалӣ мешаванд. Мақсади ба тасвиб расидани фармони мазкур баланд бардоштани нақш ва иштироки нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ мебошад. Ҳамзамон фароҳам овардани шароити корӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, беҳтар намудани фаъолияти нозирони минтақавии милитсия ва робитаи доимии онҳо бо аҳолӣ дар фармони мазкур муайян шудааст.
Дар асоси ин фармон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шудаанд, ки барои муҳайё намудани шароити корӣ, бо нақлиёт ва дигар воситаҳои зарурӣ таъмин намудани нозирони минтақавии милитсия тадбирҳо андешанд. Бо фармоиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 2013 Низомномаи нозирони минтақавии милитсия ва Низомномаи намунавии шуъба, минтақаҳои хизматии милитсия ва нуқтаҳои такягоҳи тартиботи ҷамъиятии мақомоти корҳои дохилӣ қабул гардид. Нозирони минтақавии милитсия фаъолияти худро дар асоси фармони мазкур ва Низомнома ба роҳ мондаанд.
Андешидани чунин тадбирҳо ба беҳтар гаштани шароити кори нозирони минтақавии милитсия мусоидат намуд.
Муовини сардори шуъбаи мазкур подполковники милитсия Талабшо Маликов илова намуд, ки феълан дар ҷумҳурӣ 117 минтақаҳои хизматии милитсия ташкил ёфтааст, ки ба 115-тои он сардорони минтақавии милитсия таъин карда шудаанд. Барои нигоҳ доштан ва назорати тартиботи ҷамъиятӣ бештар аз як ҳазору сад нафар нозирони минтақавии милитсия иҷрои вазифа доранд.
Мувофиқи Низомномаи нозирони минтақавии милитсия ба ҳар нозири минтақавии милитсия аз 6 то 8 ҳазор нафар дар деҳот ва аз 3 то 5 ҳазор нафар дар шаҳрҳо вобаста карда шудааст. Яъне, ҳар нозири минтақавии милитсия бояд имкони назорати чунин теъдоди зиёди одамонро дошта бошад. Аммо шумораи мавҷудаи нозирони минтақавӣ айни ҳол ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй нест.
Дар хусуси ҳалли ин масъала сохторҳои давлатии марбута тадбирҳо меандешанд. Шароити кори нозирони минтақавии милитсия нисбати солҳои қаблӣ беҳтар аст. Ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ 701 ҳуҷра ва минтақаҳои хизматии милитсия ташкил ёфтааст.
Барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо сохтори корҳои дохилӣ, балки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ уҳдадоранд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 248 адад ҳуҷраҳои минтақавии хизматии милитсия, 326 адад аз ҳисоби мақомоти корҳои дохилӣ ва 38 адад бо маблағгузории ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ таъмир шудаанд. Дар ин давра инчунин аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корҳои дохилӣ онҳо бо автомашина, асп, компютер ва дигар воситаҳои зарурии хизматӣ таъмин гардиданд.
Алҳол 131 нафар нозирони минтақавии милитсия қитъаи замини наздиҳавлигӣ гирифтанд ва 390 нафар эҳтиёҷмандон дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ номнавис шудаанд.
Тавре аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, барои баланд бардоштани шароити иҷтимоии нозирони минтақавии милитсия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чораҳои зарурӣ меандешанд. Чунончӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои 150 нафар кормандони корҳои дохилӣ қитъаи замин барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ҷудо намуд.
Аз рӯйи ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ғолибон- сардори минтақаи маъмурии милитсияи №26, шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ- 2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе подполковники милитсия Муродмад Калонов (ҷойи якум ва маблағи понздаҳ ҳазор сомонӣ), сарнозири минтақаи маъмурии милитсияи №7, шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе майори милитсия Ҳокималӣ Маҳмудов (ҷойи дуюм ва маблағи дувоздаҳ ҳазор сомонӣ), сарнозири минтақаи маъмурии милитсияи №15, шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе лейтенанти калони милитсия Саидмуҳаммад Акобиров (ҷойи сеюм ва маблағи даҳ ҳазор сомонӣ) қадрдонӣ шуданд.
Ҳамаи ин ғамхорӣ баҳри баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия мебошад. Онҳо таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ошкору пешгирӣ намудани амалҳои ҷиноятиро вазифаи асосии худ медонанд. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи нозирони минтақавии милитсия 868 ҷиноят ошкор ва кушода шуд. Инчунин 61 нафари дар кофтуков қарордошта дастгир шуданд. Ҳамзамон аз ҷониби онҳо 27284 протоколи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода, ба андозаи 1 миллиону 141 ҳазору 655 сомонӣ ҷарима ба Буҷети давлатӣ ворид шуд.
Нозирони минтақавии милитсия дар байни аҳолӣ 23577 суҳбату вохӯриҳои судманд гузаронданд. Робита бо мардум аз самтҳои асосии фаъолияти онҳо дониста мешавад.
Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012 таҳти №1291 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» масъалаи ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани фаъолияти нозирони минтақавии милитсия пешбинӣ шудааст. Мутобиқи дурнамои мақомоти милитсия барои солҳои 2012- 2015 марҳила ба марҳила ин нишондодҳо амалӣ мегарданд. Дар асоси фармони мазкур нозирони минтақавии милитсия ҳар сол як маротиба аз фаъолияти худ дар назди вакилони халқ ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба аҳолии минтақаҳои хизматӣ ҳисобот медиҳанд.
Баланд бардоштани рутбаи хизматии сардори минтақавии милитсия, додани дигар имтиёзу имкониятҳо, беҳтар намудани шароити хизматии онҳо аз таваҷҷуҳи бештари Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро лозим аст, ки дар ин самт фаъолияти худро боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»