Ҳамкориҳо натиҷаи назаррас ба бор меоранд

№147 (3784) 12.12.2017

Брифинг Узбекистон+--++Ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва раванди ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин кишвар 7-уми декабри соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг баргузор гардид.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар дар бораи рушди муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя сухан ронда, аз барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду ҷумҳурӣ ирсол шудааст, иқтибос овард: «Ӯзбекистони дӯст аз аввалинҳо шуда, робитаҳои дипломатиашро бо Тоҷикистон дар давраи мураккабу печидаи ташаккул ёфтани кишвари мо ба ҳайси давлати соҳибихтиёр ба роҳ монд. Мо муносибатҳои имрӯзаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории миёни кишварҳо ва мардумонамонро арзишманд медонем».

Брифинг Узбекистон---++---++--++--++++Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳқосим Шоисломов иброз дошт, ки Конс­титутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 8 декабри соли 1992 қабул шуд ва ҳамон рӯз «Қонун дар бораи эълон намудани Рӯзи қабули Конститутсия ҳамчун иди умумимиллӣ» ба имзо расид. Ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон афв эълон гардид.

Шоҳқосим Шоисломов ба ҳозирин дар бораи дигаргуниҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари ҳамсоя дар як соли охир маълумот дода гуфт, ки имрӯз Ӯзбекистон на танҳо ба кишварҳои ИДМ ва хориҷи наздик, балки ба Аргентинаю Бразилия низ маҳсулот содир менамояд.

Шоҳқосим Шоисломов аз рушди робитаҳои фарҳангӣ ва иқтисодии Тоҷикис­тону Ӯзбекистон изҳори қаноатмандӣ карда, баргузории рӯзҳои фарҳангӣ ва намоиши маҳсулотро дар ҳар ду кишвар иқдоми нек хонд. ӯ дар хусуси торафт зиёд шудани мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе — Тошканд изҳори андеша намуда, сабаби онро дар арзоншавии чипта донист. — Агар дар оғози ифтитоҳи хатсайр арзиши чипта ба як тараф қариб 150 долларро ташкил дода бошад, ҳоло ин рақам ба 75 доллар расидааст. Ҳанӯз аксари раводидгирифтагон аз Тоҷикистон бо роҳи заминӣ ба Ӯзбекистон мераванд. Умед аст, ки оянда шаҳрвандони ба Бокуву Ашқобод ва кишварҳои арабӣ сафаркунанда низ аз масири Душанбе — Тошканд истифода мебаранд, — гуфт ӯ.

Шоҳқосим Шоисломов аз ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, обу энергетика, фарҳангу туризм, роҳу нақлиёт сухан ронда, изҳори умед кард, ки дар оянда натиҷаҳои назаррас ба бор хоҳанд овард.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»